фарҳанг
КИТОБҲОИ ДАРСӢ: БУҲРОНИ ҲУВИЯТ ВА Ё МУШКИЛОТИ ҶАҲОНБИНӢ?
(Чанд андеша дар бораи китобҳои дарсӣ)
Тағйирот дар барномаҳои таълимӣ, таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вусъати тоза касб кардааст. Мутобиқи талаботи имрӯза ва фазои омӯзишии кишвар таълифи китобҳои дарсӣ ва маводи илмӣ-методӣ раванди ҳувиятсозӣ ва давлатдории миллиро таҳкиму тақвият мебахшад. Зимнан, шароити феълии сиёсӣ ва фазои давлатсозӣ аз мураттибони китобҳои дарсӣ масъулияти бештарро тақозо менамояд.
Мураттибон ва таҳиякунандагони китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои гуманитарӣ, ки дар шаклгирии шахсият ва ҳувияти миллии насли наврасу ҷавон нақши асосӣ доранд, маъмулан аз ҷумлаи нафароне интихоб мегарданд, ки аз дидгоҳи миллӣ, мавқеъгирии илмӣ ва ҷаҳонбинии фалсафӣ бархӯрдор мебошанд. Аммо, мутаассифона, муҳтавои баъзе китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, на танҳо ба масири мантиқи илмӣ ва давлатдории миллӣ ҷавобгӯ нест, балки бар руҳияи миллӣ ва таҳкими раванди мафкурасозӣ садамаи ҷиддӣ ворид месозад. Аксарияти мураттибону муаллифони китобҳои дарсии фанҳои забону адабиёти тоҷик, аз як тараф, аз рӯйи принсипи «аз сар соқит кардан» амал намуда бошанд, аз тарафи дигар, мавқеи миллӣ ва ҷаҳоншиносии илмӣ-фалсафӣ надоранд.
Аз ин ҷост, ки муаллифону мураттибон ҳангоми таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ, ба ҷойи такя кардан ба илму фалсафа ва методологияи илмӣ, ба меъёрҳои хурофотӣ, ки аз сарчашмаҳои динӣ сарчашма гирифтаанд, муроҷиат мекунанд. Ин навъ китобҳои дарсӣ раванди мафкурасозии миллӣ ва ҷаҳоншиносии илмиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сусту заиф месозанд ва боиси афзоиш ёфтани хурофотпарастӣ, таассуби динию мазҳабӣ дар муҳитҳои мактабӣ мегарданд.
Мутаассифона, баъзе институтҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои таълимӣ ва табақаҳои мадании мо дар шароити имрӯза дар банди хурофоти динӣ ва мазҳабӣ гирифторанд ва агар ин ҷараён тавассути китобҳои дарсӣ, ки моҳияти ғайримиллӣ доранд, тақвият ёбад, дигар умеде ба ояндаи неку дурахшони насли наврасу ҷавони кишвар боқӣ намемонад. Зеро наврасону ҷавонон ба воситаи омӯзиши китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забону адабиёт, завқи бадеӣ – эстетикии худро боло бардошта, ба таври тадриҷӣ биниши миллӣ ва ҷаҳонбинии фалсафӣ касб менамоянд. Бо пазириши чунин ҷаҳонбинӣ ва завқи баланди бадеӣ – эстетикӣ, ки ба чӣ гунагии мавзуъ ва муҳтавои китобҳои дарсӣ вобастагӣ дорад, насли наврасу ҷавони тоҷик дидгоҳи мустақили миллӣ пайдо мекунад ва дар рушди кишвар ва таҳкими пояҳои давлати миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз китобҳои дарсӣ бояд тарзи дурусти масъалагузорӣ, пешниҳоди матлабҳои баҳсӣ, баррасии масъалаҳои сирф миллӣ, рӯ овардан ба арзишҳои миллию дунявӣ ва зимнан, хулосабарории мантиқиро биомӯзанд, на ин ки дар ботлоқи хурофоту ҷаҳолати асримиёнагӣ боқӣ бимонанд. Ин аст, ки ба самти таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ бетафовут ва саҳлангорӣ набояд кард ва ҳар нафари салоҳият ва ҷасорати илмӣ надоштаро ба ин раванд набояд роҳ дод. Оқибати ин навъ фориғболӣ, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ, махсусан китобҳои дарсии адабиёти тоҷик, ба мушоҳида мерасад, дар даҳ – понздаҳ соли охир боиси беҳувиятии аксарияти насли ҷавони кишвар гардид.
Аммо баъзе масъулони мақомоти марбутаи давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои зертобеи он – Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Академияи таҳсилот ба масъалаи тартиби таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ва ба меъёрҳои илмӣ, шароити ҳувиятсозии миллӣ ва низоми давлатдории дунявӣ мувофиқ гардондани он чандон таваҷҷуҳ накарда, вазъи таълимӣ – омӯзишӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва мадании кишварро печидаю мураккаб сохта истодаанд. Новобаста ба он ки дар сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳлил, омӯзиш ва санҷиши муҳтавои китобҳои дарсии нашршаванда 4 ниҳод бо шумораи умумии 347 корманд (4 узви пайвастаи Академияи таҳсилот, 70 доктор ва 96 номзади илм) фаъолият дорад, вазъи ба талаботи мафкураи миллӣ ва давлатдории дунявӣ мувофиқ сохтани китобҳои дарсӣ ва маводи омӯзишию методӣ ногувор ва нигаронкунанда аст. Аз ин ҷост, ки ниҳодҳои мазкур дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ зоҳир намуда, ҳолати мазкур сабабгори ворид шудани унсурҳои хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ ба китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ гардидааст.
Маълум аст, ки Пажӯҳишгоҳи рушди маориф бо 69 корманд дар асоси Низомномаи № 2 аз 3 феврали соли 2020 фаъолият дошта, мутобиқи банди 27 Низомнома ба чопи китобҳои дарсӣ тавсия медиҳад. Аз ин ҷо, саволи матраҳ пеш меояд, ки оё китобҳои бо нуқсону камбудиҳо нашршуда, дар натиҷаи бемасъулиятии кормандони мутасаддии ҳамин Пажӯҳишгоҳ рӯйи нашр наомадаанд?
Муассисаи дигари масъул дар самти таълифи китобҳои дарсӣ Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад, ки аз 36 корманд иборат аст. Мутобиқи Оинномаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон № 2910 аз 31.07.2018, ин муассисаи илмӣ – педагогӣ дар самти назорати нашри китобҳо ва таҳлили мазмуну мундариҷаи онҳо масъул ва вазифадор мебошад. Илова бар ин, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 43 корманд, дар асоси талаботи Низомномаи № 1/21 аз 28 январи соли 2017 бояд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ ёрии амалӣ ва методӣ расонад.
Масъалаи мутобиқ будани муҳтавои китобҳои дарсӣ ба барномаи таълимӣ вазифаи ҳамин Марказ ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, дар самти таҳлили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ ва пешниҳоди онҳо ба Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст. Шурои мазкур аз 27 гурӯҳи ҳамоҳангсоз иборат буда, бо шумули 199 аъзо фаъолият менамояд. Тибқи банди 1 Низомномаи №2/15 аз 29 январи соли 2014, Шуро вазифадор аст, ки китобҳои дарсиро такмил ва баррасӣ намуда, вобаста ба мутобиқати онҳо ба барномаи таълимӣ ва сиёсати давлатӣ хулосаи ниҳоӣ пешниҳод кунад. Хамчунин, ҳайати Мушовараи Вазорат, гурӯҳҳои ҳамоҳангсозии Шурои миллии таҳсилот иборат аз 139 корманди дорои дараҷаи илмӣ, мутобиқ будани китобҳоро асоснок менамояд. Ҳамзамон, 59 аъзои Шуро худ муаллифони китобҳои дарсӣ буда, дар додани хулосаҳои мусбат ба асарҳои хеш манфиатдоранд.
Аз бепарвоии саросарӣ ва бемасъулиятии ниҳодҳои марбутаи низоми маориф истифода бурда, баъзе муаллифони китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ ҳар чи дилашон мехоҳад, дар китоби дарсӣ ҷой мекунанд ва зеҳни хонандаро бо музахрафоти рӯзмарраи хурофотӣ пур менамоянд.
Бо ин ҳама имконият ва вусъати фаъолият мақомот, сохтор ва ниҳодҳои соҳавии дахлдор вазифа ва масъулияти худро дуруст иҷро накарда, боиси таҳкими раванди хурофотгароӣ ва бегонапарастии ҷомеаи мактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ гардидаанд. Ҳанӯз, дар солҳои 2020-2021 бо ҷалби коршиносону мутахассисон 39 номгӯи китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ, ки муҳтавои онҳо ба арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлатӣ ва ҷаҳонбинии илмию дунявӣ мувофиқат накарда, дар зеҳни хонандагон мафкураи якҷонибаи хурофотиро тарғиб менамуданд, дар 3 марҳила мавриди омӯзиш ва ташхис қарор гирифта буданд. Баъди ташхису пешниҳодоти гурӯҳҳои ташхисӣ вазъ беҳбуд меёбад ё баръакс, бадтар мешавад, суолест ҳанӯз беҷавоб.
Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми солҳои 2000-2022 дар таълифи китобҳои дарсии фанни адабиёти тоҷик ончунон тарғиботи хурофотӣ ва зидди мафкураи миллӣ бурда шудааст, ки аксари муаллифони китобҳо, бар асари надоштани ҷаҳонбинии илмӣ, ҳатто пайхас накардаанд, ки фарзандони миллатро ба чоҳи бетаги ҷаҳолату хурофоти асримиёнагӣ кашидаанд. Аз ҷумла, дар доираи китобҳои дарсии фанни адабиёти тоҷик падидаҳои номатлубе, мисли худкамбинӣ, яъсу ноумедӣ, мафкураи аҷнабӣ ва таълимоти хурофотии асримиёнагӣ таблиғу ташвиқ мешаванд ва, ба ин восита, роҳи нодонӣ, хушбоварӣ, тақдирпарастӣ, бегонашавӣ, хушкандешӣ ва таассубу ҷаҳолати мазҳабӣ миёни наврасону ҷавонони кишвар, ки қувваи ояндасози миллату давлат ба ҳисоб мераванд, ҳамвор мегардад. Барои намуна ва исботи қазоватҳои хеш ба муҳтавои як китоби дарсии фанни адабиёти тоҷик мухтасаран ишора мекунем.
Китоби дарсии фанни “Адабиёти тоҷик” (нигаред ба: Сатторзода Абдунабӣ. Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. - Душанбе: Маориф, 2022. -320 саҳифа), ки муаллифаш адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода ба шумор меравад, аз ҷиҳати мафкуравӣ, манофеи миллӣ ва низоми давлатдории дунявӣ камбудию норасоиҳои зиёде дорад. Аз ҷумла, дар саҳифаи 63, зимни шарҳи шеъри Рӯдакӣ адабиётшинос ҷумлаҳоеро истифода кардааст, ки ба хонандагон таъсири манфӣ ва зарарнок мерасонанд ва дар онҳо эҳсоси афсурдагию дунёбезориро тақвият медиҳанд. Ба ҷумлаҳои зери муаллиф таваҷҷуҳ мекунем: «Рӯдакӣ дар ҷойи дигаре ҷаҳонро ба нағил, ки имрӯз «оғил»-аш мегӯем, монанд карда, одамонро ба гӯсфандон ташбеҳ додааст ва бо ҳамин содагии тасвиру баён ба гузаранда будани умр ва миранда будани инсон ишора намудааст, ки дар зоти худ нотакрор аст»:
Гӯспандему ҷаҳон ҳаст ба кирдори нағил,
Чун гаҳи хоб бувад, сӯйи нағил бояд шуд!
Ё ин ки А. Сатторзода зимни баррасии мавзуи зиндагинома ва мероси аҳли тасаввуф, аз Боботоҳири Урён ёдовар шуда, дар саҳифаи 148 то 154 намунаи шеърҳои ин шоирро овардааст, ки мазмуни ноумедию шикоятро дошта, насли наврасу ҷавонро ба пессимизм (дунёбезорию ноумедӣ) ва нигилизм (ҳеҷангорӣ) раҳнамун месозанд. Ҳол он ки мо дар масири мафкурасозии миллӣ ва сохтмони давлатдории дунявӣ ҳаракат карда истодаем. Бо ин навъ андешаҳои ақибмонда руҳи насли наврасу ҷавон шикаста мешавад ва яъсу ноумедӣ дар зеҳни онҳо ҷо мегирад.
Ба матн ва шеъри дар саҳифаи 152 овардашуда, ки хонандаи мактабро ба сӯйи тақдирпарастию фатализм раҳнамун месозад, диққат медиҳем: «Боботоҳири Урён мисли ҳамаи адибони пешина ҳоли бади худ ва зиндагиро аз дасти фалак (замона) медонад, бинобар ин, рӯ ба он меорад ва аз он пурсон мешавад, ки чаро нисбат ба ӯ раҳме надорад, оҳу фиғонашро намешунавад, бори гаронашро сабуктар намекунад:
Фалак, дар қасди озорам чароӣ?
Гулам гар нестӣ, хорам чароӣ?
Ту, ки боре зи дӯшам барнадорӣ,
Миёни бор сарборам чароӣ?».
А. Сатторзода ҳангоми шарҳу тафсири замон ва муҳтавои мероси бузургон ба ҷойи дидгоҳи илмӣ аз мавқеи маъмулии динӣ – мазҳабӣ кор мегирад ва хонандаро ба роҳи ғалату иштибоҳ мебарад. Ба ин маънӣ, дар саҳифаҳои 191 то 193 муаллиф ба таблиғи мафкураи мазҳабӣ машғул шуда, мазмуни ашъори Носири Хусравро ба таври ғайриилмӣ шарҳ дода, ҷумлаҳоеро овардааст, ки хонандаро сӯи ғалату иштибоҳ мебаранд. Дар ҷумлаҳои зер А. Сатторзода дидгоҳ ва мавқеъгирии сирф динӣ гирифта, равиши илмиро аслан канор гузоштааст. Ба ҷумла ва қазоватҳои муаллиф таваҷҷуҳ кунед ва худ қазоват намоед: «Ин мунозираи Носири Хусрав бо Худо (манзумаи «Мунозира бо Худо»-и шоир дар назар аст) чӣ маънӣ дорад? Магар мутафаккир ҳақиқати зоти Худоро инкор намудааст? Бояд гуфт, ки Носири Хусрав ба Худои ягона ва рисолати Ҳазрати Муҳаммад, пайғамбари барҳақи ислом имон дошт, ҳеч шаке наовардааст, чи ҷойи он ки онҳоро инкор намояд. Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки вай аз пешвоён ва марҷаъҳои аввали мазҳаби исмоилия мебошад...».
Муаллиф (А. Сатторзода), ки солҳои сол ба воситаи гурӯҳи таблиғотии худ дар матбуоти даврии мустақил, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ даъвоҳои бебаркаш мефурӯшад, ҷасорати илмӣ ва биниши фалсафӣ надорад қоил шавад, ки манзумаи «Мунозира бо Худо»-и Носири Хусрав аз ҷумлаи шоҳкорҳои беназири адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор рафта, ҷасорати фикрию фалсафии мутафаккирро нишон медиҳад. Ҷуръат намекунад онро дуруст шарҳу тафсир намояд ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мустақиландеширо ҳамчун аслу асоси тафаккури илмию мантиқӣ биомӯзонад.
Бадтар аз ин китоб, китоби дигари дарсии «Адабиёти тоҷик» (нигаред ба: Миров Т., Давлатов С., Тӯйчиева Ф. Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. -Душанбе: Маориф, 2019. -336 саҳифа) мебошад, ки аз ибтидо то интиҳо пур аз хурофоту таассуби динию мазҳабӣ буда, қобили баррасӣ нест. Аммо муаллифони китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» Т. Миров, С. Давлатов, Ф. Тӯйчиева дар доираҳои илмию фаннии тоҷик чандон маъруф нестанд, вале ба адабиётшиноси варзида А. Сатторзода, ки худро симои истисноии адабиёти миллӣ ва илми ватанӣ вонамуд мекунад, кӣ ҳаққу ҳуқуқ додааст, ки бо таҳлилу баррасиҳои фардии бо илму дониши илмӣ таноқуздоштааш зеҳни хонандаи тоҷикро заҳролуд созад ва раванди тарбияи миллӣ ва тафаккури дунявиро зери суол барад?!
Воқеан, насли миёнсол ва солманди ҷомеаи тоҷик симои воқеии ин олими адабиётшиносро хуб мешиносанд. Абдунабӣ Сатторзода аз ҷумлаи ҳамсангарону ҳампаймонони ба ном мухолифин (Иттиҳоди неруҳои оппозитсионӣ, ки сабабгори асосии сар задани ҷанги бародаркушӣ ва бадбахтиву мусибати миллат шуда буд) ба ҳисоб рафта, на танҳо то имрӯз аз дидгоҳ ва мавқеъгириҳои пешинаи худ даст накашидааст, балки ҳамчун асири якумраи ғояҳои ҷоҳилонаи асримиёнагии наҳзатӣ, барои миллат, бар асоси андешаҳои хурофотӣ ва зиддимиллӣ боз китоби дарсӣ ҳам менависад. Гӯё муаллифони сазовори дигаре надорем ё ин миллат ба дараҷае заифу нотавон шудааст, ки сарнавишти насли наврасу ҷавонро дидаю дониста ба дасти афроди хурофотӣ месупорад, то онҳоро аз мизи дарсии мактаби дунявӣ пойбанди ғояҳои хурофотию мағзхӯри ҷоҳилона гардонад.
Чаро то имрӯз дастандаркорони Вазорати маориф ва илми кишвар ва раҳбарияти Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Академияи таҳсилот ва дигар муассисаҳои соҳавӣ аз хидмати харобкоронаи чунин нафарон, ки камтарин таваҷҷуҳе ба ояндаи миллату давлати тоҷик надоранд ва баръакс, дар муассисаи давлатии пажӯҳишӣ фаъолият карда, зидди манфиатҳои миллию давлатӣ амал мекунанд, истифода мебаранд?
Албатта, низоми маорифи кишвар ва сатҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудани он ба ҳама маълум аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки сарнавишт ва қисмати хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ва олии кишварро ба нафароне супорем, ки рӯирост зидди бедории фикрӣ ва рушди зеҳнии хонандаи тоҷик амал мекунанд. Бинобар ин, набояд ба ин нафарон, ки умрро бо нифоқангезию ҷудоиандозӣ сипарӣ карда, ҳатто дар замони пирӣ ҳам аз ҳадафу афкори ғаразноку хурофотии худ даст накашидаанд, бовар кард ва онҳоро дар таълифу таҳияи китоби дарсӣ ба сифати муаллиф мутасаддӣ ва масъул намуд.
Зимнан, А. Сатторзода, ки чанд соли охир баъзе масъулони матбуоти даврии мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ ба сифати «марди бисёрфан» таърифу ситоишҳои зиёде кардаанд, дар ҳеҷ давр коре ба манфиати миллат анҷом надода, ҳамеша бо фурсатпойӣ дар фикри мансаб будааст. Акнун тасаввур кунед, ки ин гуна шахс, ки тору пудаш аз авомфиребӣ (популизм) сиришта шудааст, муаллифи китоби дарсӣ буда, мактаббачагони моро ба адабиёти миллӣ мешиносонад ва завқи бадеӣ – эстетикии онҳоро боло мебарад. Ӯ мавқеи худро нисбат ба ҳампаймонони дирӯзаю имрӯзии худ, ки Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ мубтало карда, боиси марги бештар аз 150 ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ гардидаанд, тағйир надодааст. Яъне, ин шахси ба қавли ҳамзабонони мо «хеле зиранг», то имрӯз дар ҳамон мавқеи зиддимиллии худ қарор дорад ва афкори ғаразнокашро дар китоби дарсӣ нозукона, гаҳе пардапӯшу гоҳ рӯирост тарғиб мекунад. Акнун тасаввур кунед, сарнавишти хонандаи тоҷик ба дасти чунин шахсон, ки ҳанӯз ҳам дар мақоми муаллифи китобҳои дарсӣ ва мавқеи зиддидавлатӣ қарор доранд, афтодааст, аммо масъулони соҳавӣ парвое надоранд.
Пеш аз ҳама, ба воситаи барнома ва китобҳои дарсӣ мо метавонем, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ тарбия намоем. Маҳз бо ҳамин мақсад, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, завқи бадеӣ-эстетикӣ ва сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва амсоли инҳо ташкил карда шудаанд.
Илова бар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ чандин маротиба масъалаи муҳтавои зиддиилмию зиддимиллии китобҳои дарсиро ба миён гузошта, расман, ба масъулини мақомоти дахлдори мамлакат, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буд, ки доир ба ҳалли масъалаи мазкур чораҳои судманд ва тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин миён, доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар заминаи китобҳои дарсӣ ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ сохтани онҳо ду сол қабл бо иштироки доираи васеи роҳбарони мақомоти давлатӣ, масъулони маорифу илм, олимону донишмандон ва муаллифони китобҳои дарсӣ семинар – машварати махсус баргузор гардида буд. Дар чорабинӣ хулосаи коршиносони тахассусӣ дар заминаи ташхиси 39 китоби дарсӣ ба таври мухтасар баён гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисон масъалаҳои мушкилоти таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудани онҳо, сатҳи пойини ҷаҳонбинии муаллифони китобҳои дарсӣ, таъсири манфӣ ва фоҷиабори маводи таълимӣ ва илмӣ – методии нигаронкунанда барои ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Аммо чуноне ки мушоҳида мекунем, бо гузашти зиёда аз ду сол вазъи таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳанӯз ҳам дар китобҳои дарсии адабиёти тоҷик, ки ба воситаи он на танҳо раванди тарбияи бадеӣ – эстетикӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, балки ҷараёни ҳувиятсозии миллӣ таҳкиму тақвият меёбад, ҷаҳонбинии хушки мазҳабӣ, дунёбезорӣ, яъсу ноумедӣ, шикваю гилоя, пессимизму нигилизм ва хурофоти динӣ тарғибу ташвиқ мегардад. Мутаассифона, масъулони соҳаи маориф ва, махсусан иддае аз муаллифони китобҳои дарсӣ, А. Сатторзода барин намояндагони илму адаб, супоришу тавсияҳоро дар самти ба талаботи замон ва муҳити миллию давлатдории миллӣ ҷавобгӯ сохтани китобҳои дарсӣ, нодида мегиранд.
Маҳз чунин муносибат, яке аз сабабҳои сатҳи пасти ҳувиятӣ ва савияи пойини маърифатии ҷавонони кишвар ва чун натиҷа гаравиши онҳо ба созмону гурӯҳҳои ифротию тундрави динӣ мегардад. Хуб дар ёд дорем, ки гурӯҳе аз ҷавонони гумроҳи мо ба сабаби дараҷаи пасти тарбияи бадеӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ ба ДИИШ пайваста, дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок намуданд, ба миллату давлати тоҷик хиёнат карданд ва қисме аз онҳо то имрӯз дар сафи ташкилотҳои террористӣ дар кишварҳои исломии минтақа қарор доранд. Танҳо дар соли 2022 зиёда аз 20 шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун тарҳрезу иҷрочии амалҳои террористона дар кишварҳои Аврупо, Эрону Афғонистон гунаҳгор эълон карданд. Оё онҳо дар мактаб нахонда буданд?
Агар барнома ва китобҳои дарсии мо дар таносуб ба шароит ва фазои миллию давлатӣ навишта мешуданд, муаллифони китобҳои дарсӣ ҳақиқати таърихӣ, хотираи миллӣ, шаҳомати қавмӣ, тамоюли ҳувиятии тоҷикро инъикос менамуданд, арзишҳои динию дунявиро дар қиёс бо пешрафтҳои муосири илмӣ-техникӣ баён медоштанд, адабиёт ва таърихи миллатро ба хурофоту таҳрифот табдил намедоданд, ҷавонон ба гирдоби хушкандешӣ мубтало намешуданд, гумроҳ намегардиданд ва роҳи ҷангу хунрезиро ба хотири пуштибонӣ аз мафкураи бегона пеш намегирифтанд. Ин аст, ки барои дар чунин руҳия тарбия ёфтани гурӯҳе аз насли ҷавони мо, масъулони соҳаи маориф ва, пеш аз ҳама, дастандаркорону муаллифони китобҳои дарсӣ низ, гунаҳкоранд. Воқеият чунин аст ва аз он ҷойи гурез нест.
Дарвоқеъ, агар ба масъала на сатҳӣ, балки амиқтар таваҷҷуҳ кунем, дармеёбем, ки силсилаи муаммову мушкилот, аз ҷумла: тарзи нодурусти таълим, нобасомонӣ дар соҳаи маориф, низоми нодуруст ва ғайримантиқии таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ, ба ҳайси муаллифи китоби дарсӣ пазируфтани нафарони шубҳанок ва аз ҷаҳонбинии илмӣ фарсахҳо дур, бо назардошти манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ зуд-зуд тағйир ёфтани барномаю китобҳои дарсӣ, ба тиҷорат ва харидуфурӯши китобҳои дарсӣ бадал кардани соҳа, ба талаботи миллӣ ва фазои давлатсозӣ ҷавобгӯ набудани муҳтавои маводи дарсӣ ва дастуру васоити таълимию методӣ, насли наврасу ҷавони моро ба буҳрони ҳувиятӣ ва ҷаҳонбинӣ расонданд.
Ҳамчунин, хунукназарию бетаваҷҷуҳӣ ба самти тарбияи насли нави муаллифон – таҳиягарони китобҳои дарсӣ, олимон– пажӯҳишгарон ва мактабшиносон – педагогҳои ватанӣ вазъи маориф ва илми ватаниро ногувор сохт. Аксарияти муаллифони китобҳои дарсӣ (китобҳои фанҳои гуманитарӣ дар назар аст), ки дар бист соли охир ба навиштани китобҳои таълимӣ машғул шудаанд, ҷаҳонбинии илмӣ ва дидгоҳи миллӣ надоранд.
Аз ин рӯ, то китобҳои дарсӣ аз назари мазмуну муҳтавои илмию миллӣ тағйир наёбанд, вазъ ногувор ва буҳронӣ боқӣ мемонад. Азбаски вазъи таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ва ба талаботи илм, миллат ва давлат ҷавобгӯ сохтани онҳо ҳамоно хуб нест, тағйиру иваз кардани категорияи муаллифон ва додани авлавият ба муаллифони дидгоҳи илмию миллидошта тақозову амри замон аст. Агар имрӯз дар ин замина чораву тадбирҳои судманд наандешем, фардо яқин дер хоҳад шуд ва маҳз мо масъул ва ҷавобгари тамоми нобасомонию бадбахтиҳои минбаъда хоҳем буд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, раҳбарият ва масъулони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва сохторҳои зертобеи онро зарур аст, ки масъулияти пурраи таҳия ва интишори китобҳои дарсиро дар ҳошияи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои дунявӣ ба уҳда гирифта, аз тариқи фаъолияти мақсадноки тахассусӣ, илмӣ ва давлатӣ дар раванди ҳувиятсозии миллӣ ва давлатдории дунявӣ саҳми муносиб гузоранд. Дар ин роҳ ба роҳбарон ва масъулони соҳавӣ барору комёбӣ хоҳонем.
Шаҳбоз ХОЛОВ,
номзади илмҳои фалсафа,
Абдуҳалим ОДИНАЕВ,
номзади илмҳои филология,
Ардамеҳр АШУРОВ,
номзади илмҳои таърих
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2022 №: 249 Мутолиа карданд: 1348