logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст.

 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) маркази тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ – шахси ҳуқуқӣ, воҳиди сохторӣ ё алоҳидаи ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё ташкилоти дигари илмӣ ва муассисаи таълимӣ, ки тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ менамоянд;
2) натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ – донишҳои нави бо усулу воситаҳои дахлдори илмии дар рафти иҷрои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бадастовардашудае, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт гардидаанд, инчунин, модел, амсила, намунаҳои нави маҳсулот, мавод ва моддаҳо;
3) натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ – ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ, дастовардҳои селексионӣ, топологияи микросхемаҳои интегралӣ, махзани маълумот ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ, ки дар натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба даст оварда шудаанд;
4) тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ – фаъолияте, ки ба истифодаи амалии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ бо мақсади ба бозор баровардани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасонӣ барои ба даст овардани фоида, равона шудааст; 
5) ширкати хизматрасон – шахси ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии машваратӣ, инжинирингӣ, сертификатонӣ, патентӣ ва хизматрасонии дигари барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ заруриро пешниҳод менамояд. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсади сиёсати давлатӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Мақсади сиёсати давлатӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ иборат аст аз:
1) дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҷорӣ намудани молҳои нав ё такмилдодашуда, равандҳо ва хизматрасониҳо барои ба даст овардани фоида;
2) саноатикунонии босуръати кишвар ва афзоиши истеҳсоли молҳои нави ватанӣ;
3) рушди робитаи илм бо амалия тавассути ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
4) муътадилгардонии шароити субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
5) рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва афзун намудани маблағгузории соҳаи илм аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
2) афзалиятнокии ҷалби бахши хусусӣ дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; 
3) шаффофият дар ҳамкории иштирокчиёни раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
4) кафолатнокии ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ширкаткунанда;
5) ошкорбаёнӣ дар раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; 
6) адолатнокӣ дар раванди баргузории озмунҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; 
7) рақобатпазирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар бозор. 
 
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ 
ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ 
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дохил мешаванд:
1) тасдиқи консепсия, стратегия ва барномаҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
3) муайян намудани чораҳои дастгирии давлатии субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
2) ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
3) банақшагирӣ ва амалисозии тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
4) мониторинги амалишавии барномаҳои дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
5) ҷойгиронии иттилооти таҳлилии ҷамъбастшуда оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар шакли кушодаи дастрас дар интернет-захираҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар нашрияҳои даврӣ, ба истиснои маълумоти мансуб ба сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ;
6) таъминоти методологии самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Мақомоти ваколатдори соҳавӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) таъмини иҷрои барномаҳои дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
2) пешниҳоди иттилоот оид ба самаранокӣ ва амалисозии тадбирҳо оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;
3) таъминоти методологии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;
4) банақшагирӣ, амалисозии тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;
5) иштирок дар амалисозии барнома оид ба тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор; 
6) мониторинги амалишавии барномаи дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;
7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд: 
1) мусоидат ба ҷалби грантҳо ва сармоягузории бахши хусусӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва иштирок дар маблағгузории онҳо;
2) амалисозии тадбирҳо оид ба таъмини ҳамкории бахши хусусӣ бо субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бо мақсади таъсиси истеҳсолоти муштарак; 
3) таъсисдиҳӣ ва иштирок дар ташаккулёбии сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ нигаронида шудааст; 
4) иштирок дар таъминоти методологии самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
5) иштирок дар мониторинги амалишавии барномаи дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар самти дахлдор;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Мониторинги тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Мониторинги тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсадҳои зерин гузаронда мешавад:
1) арзёбии самаранокии хароҷот барои амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
2) арзёбии ноил шудан ба нишондиҳандаҳои мақсаднок ва индикаторҳои амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
3) арзёбии самаранокии иҷтимоию иқтисодӣ аз амалисозии барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
4) муайянкунии вазифаҳои рушд ва такмили барномаи мусоидат ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ.
 
БОБИ 3. СУБЪЕКТ ВА ВОСИТАҲОИ САМТИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 10. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ инҳо мебошанд:
1) муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
2) муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
3) марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
4) ширкатҳои хизматрасон;
5) паркҳои технологӣ;
6) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сармоягузориро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ амалӣ менамоянд. 
Моддаи 11. Воситаҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ тавассути воситаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
1) бастани шартномаи гузашт кардани ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ;
2) таъсиси ширкатҳои хизматрасон;
3) ҷорӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар истеҳсолоти шахсӣ.
 
БОБИ 4. ТАДБИРҲОИ ДАВЛАТИИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ДАСТГИРИИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 12. Тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ 
Ба тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирӣ, ки ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешниҳод карда мешаванд, мансубанд:
1) ҷудо кардани грантҳо барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст; 
2) мусоидат ба ташкили истеҳсолоте, ки истеҳсоли маҳсулоти баландсифати технологӣ ва технологияҳои навро дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мекунанд; 
3) ташкили барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ; 
4) тадбирҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 13. Маблағгузории тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
1. Маблағгузории тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. 
2. Грант барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, ба субъекти аккредитатсияшудаи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва субъектҳои дигар бо тартиби пешбининамудаи қоидаҳои маблағгузории заминавӣ ва барномавии мақсадноки фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, инчунин, маблағгузории грантии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешниҳод карда мешавад. 
3. Грант барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешавад, ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бо тартиби аз ҷониби ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии маблағгузорикунандаи тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муайяншуда пешниҳод мегардад.
БОБИ 5. ҲУҚУҚҲОИ СУБЪЕКТҲОИ САМТИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
1. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқ доранд:
1) лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникиро барои тиҷоратикунонӣ пешниҳод намоянд;
2) дар раванди тиҷоратикунонӣ бо ҳамдигар дар асоси шартнома ҳамкорӣ намоянд;
3) ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, инчунин, даромад аз фаъолияти ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои молумулкӣ дошта бошанд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳуқуқ доранд:
1) мустақилона аз ҳуқуқҳои истисноии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ истифода намоянд;
2) дар асоси шартномаи гузашт кардани ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ҳуқуқи истисноиро ба ҷониби дигар бегона кунанд;
3) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба гарав гузоранд;
4) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намоянд;
5) ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро бо таври дигар ихтиёрдорӣ намоянд;
6) бо мақсади тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро ба сифати муассисони ширкатҳои хизматрасони таъсисдодашаванда ҷалб намоянд;
7) ҳангоми барҳам додани ширкатҳои хизматрасон ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро, ки ба сифати саҳм ба сармояи оинномавӣ ворид намудаанд, ихтиёрдорӣ намоянд. 
3. Тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар баробари фаъолияти таълимӣ ва илмӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ самти афзалиятноки фаъолият мебошад.
Моддаи 15. Ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
1. Субъектҳои самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникии дар доираи иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории бадастовардаро метавонанд якҷо истифода намоянд, агар тартиби дигаре дар шартномаи байни онҳо пешбинӣ нашуда бошад.
2. Дар мавриди дар шартномаи байни субъектҳои самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудани ҳолати ба субъекти самти тиҷоратикунонии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ мансуб будани ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, бахши хусусӣ ҳуқуқи истифодаи ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар истеҳсолоти шахсӣ соҳиб мегардад. 
 
БОБИ 6. МАРКАЗҲОИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 16. Мақсади марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
Мақсади марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ расондани маҷмуи хизматрасонӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯ ва арзёбии технологияҳо барои тиҷоратикунонӣ, тадқиқоти маркетингӣ, пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ташкили ҳамкории субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, бахши хусусӣ ва бастани шартномаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, мебошад.
Моддаи 17. Фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ
1. Фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ дар доираи ҳаҷми маблағгузории грантӣ, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҷудо карда шудааст, таъмин мегардад.
2. Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмӣ маблағҳои заруриро ба онҳо аз маблағҳои аз фурӯши моликияти зеҳнӣ дар асоси шартномаҳои басташуда бадастоварда равона мекунанд.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1922
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» қабул карда шавад.
 
Муовини якуми Раиси 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ВАТАНЗОДА
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2022, № 867
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 339
 
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2022    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1080
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед