фарҳанг
АЗ РӮЗНОМАНИГОРӢ ТО НАВИСАНДАГӢ
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, ки шуруъ аз имсол зери ин рубрика суҳбати шахсиятҳои маъруфу маҳбуби кишвар ва андешаҳо дар бораи кору рӯзгори онҳоро ба нашр бирасонад. Мурод аз даъвату пазироӣ ва вохӯрӣ бо насли ҷавони рӯзноманигорон, ҳамзамон, тарбияи хонандагон дар боло бурдани сатҳи донишу маърифат, ҳисси ватандӯстӣ, дӯстдории Ватану сарзамини аҷдодӣ, шинохти вазъи мураккаби ҷаҳон, ҳидояти ободонӣ, ҳифзи ваҳдату истиқлол, дарки ҳодисоти гузашта ва хулосабарорӣ аз он мебошад.
Нахустин меҳмон Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, адиби маҳбубу хушсалиқа, тарбиятгари наслҳои гуногуни кишвар буд. Ӯро дар ин меҳмонӣ Сабзалӣ Шариф, Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Абдураҳмони Абдуманнон, номзади илмҳои филология, адабиётшинос, мутарҷим, рӯзноманигорон Мирзо Шукурзода ва Зафар Мирзоён, Шоҳин Самадӣ, корманди Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, фарзанди адиб, ҳамроҳӣ карданд.
Абдулҳамид Самад, дар миёни ҳаводорони каломи бадеъ, муҳаққиқон ва хонандагони кишварҳои хориҷӣ низ аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Ин ҳама, албатта, натиҷаи талошу омӯзиш, шинохти дурусти зиндагӣ, маърифати баланди касбӣ, тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Ҳанӯз бо нашри нахустини китобаш бо номи «Шохи чинор» башорат дод, ки нависандае бо сабку равиши хоси худ ба майдони адабиёт гом гузоштааст. Ин аз мадди назари муҳаққиқони донишманду серталаб дур намонд ва минбаъд низ дур намемонад. Баръакс, бо боварии том аз ин рухдоди фарҳангӣ мужда расонданд ва андешаҳояшонро дар хусуси ҳунари эҷодии ӯ баён доштанд. Нависанда ин баҳоҳои баланду пурифтихорро ҳам бештар сазовор гашт ва низ бо асарҳои нави таълифнамудааш қудрату муъҷизаи каломи бадеъ, адабиёти асили миллиро ошкор сохт. Инчунин, ба ин васила, дар тарбияи дурусти хонандагон саҳми назаррас гирифт.
Аз ин рӯ, адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филология, профессор, шодравон Атохон Сайфуллоев бо муҳаббат ва самимият изҳор дошт: «Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз ҷумлаи беҳтарин санъаткорони сухан ба шумор меояд, ки ба воқеият ҳамеша бо диди тоза менигарад ва асарҳое ба майдон мегузорад, ки дигарон дар ин мавзуъ нанавиштаанд. Қиссаҳои хонданбоби ӯ шоҳидии ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои арзишманди эҷодӣ, аз як асар то асари дигар ба пояҳои баланди маҳорати нигорандагӣ расиданаш маҳсуб мешаванд».
Устоди зиндаёд, адабиётшиноси маъруф, мунаққиди асил, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шодравон Соҳиб Табаров эътироф мекард, ки адиб ба мақому пояи баланди устодӣ расидааст ва низ таъкид менамуд: «Абдулҳамид Самад барои банда адиби мураббӣ, таълимгар, инсонпарвар буд, ҳаст ва хоҳад монд».
Адибони баркамол ва маъруфи кишвар ҳам дар мавриди ӯ ва эҷодаш дар асри гузашта баҳои дурусту сазовор доданд. Аз ҷумла, устоди зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев навишта буд: «Маҳорати муаллиф дар афзоиш, такомул... Аз ҳар бозёфташ дили кас хурсанд мешавад, ки нависанда торафт дар мавқеаш устувортар шуда истодааст ва боиси хурсандии махсус ин, ки маҳз табиатан нависанда аст».
Вақт собит намуд, ки ӯ, дар ҳақиқат, табиатан нависанда мебошад. Инчунин, ба ҳама боварҳову умедҳову баҳоҳо сазовор гардид.
Аз сабтҳои ӯст дар мавриди нависандаи асил: «Худ аз худ мепурсам: «Фарқи нависандаи асил аз хонанда, мухлиси сухану адабиёт ё нависандаи ҳаваскор дар чист?» Ва ба худ посух медиҳам: «Он чизеро нависандаи асил ба чашми мо, хонандагон, дар либоси обуранги бадеӣ, шираи сухану нешу теғи он менамоёнад, мо борҳо аз шафат ё болои он ҷузъиёт бепарво гузаштаем, вале онро умуман надидаем».
Воқеан, нигоҳ ва мушоҳидаи нозуки нависандаи боҳунар ва бо сеҳри сухани ноб ҷузъиёт, хулқу атвори одамонро ба риштаи тасвир кашиданаш ҳусну назокати ҳаёт, шодиву нишот ва ғаму талоши инсонҳоро ончунон ба мо ошно месозад, ки ба худ мегӯям: «О ман ҳам инҳоро борҳо дида будам, вале ин хел аҷоиб буданашро эҳсос намекардам». Агар ҳунару сухани нависанда то ҷое ба ин поя нарасад, ӯ ҳанӯз ба заҳмати ҷонкоҳонӣ пурра тан надодааст ё ба камол нарасидааст».
Ҳамаи ин сифатҳои нек, нишонаҳои камолоти эҷодӣ ва инсонии ӯро ҳаводорони каломи бадеъ, мутахассисон, муҳаққиқон, омӯзгорон бисёр хуб дарк, эҳсос, мушоҳида карда ва дар ин хусус борҳову борҳо андешаҳояшонро иброз намудаанд.
Абдулҳамид Самад бо тайи роҳи душвори эҷодӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди инсониву нависандагӣ ҳамеша аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», – ин даргоҳи муқаддас, ба қавли худаш, ёд меораду онро дар пеши назар дорад.
Ин даргоҳро ҳамеша чун хонаи падар эҳтиром мегузорад. «Охир ҳанӯз Донишгоҳро хатм накарда, ба хотири чанд хабару мақолаи навшогирдона, ки ба ин рӯзнома оварда, будам, маро ба кор даъват карданд. Шодиям интиҳо надошт. Донишҷӯ мухбири «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»).
Албатта, имрӯз аҳсан ба маъмурияту кормандони он замони «Ҷумҳурият» мехонем, ки ин истеъдодро кашф намуданд, дар рушду такомулаш саҳм гирифтанд ва ҳам дар роҳи эҷоди бузург, майдони васеъ ҳидояташ карданд.
Худи нависанда ҳам ин ҳақиқатро ёдовар мешуд ва дигарбора зикр кард, ки мактаби «Ҷумҳурият» мактаби бузург мебошад ва дар ин мактаб шахсиятҳои маъруфу маҳбуб сабақ гирифтаанду ба камол расидаанд. Пойдорӣ ва фаъолияти ин мактабро барои тарбияи наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар бисёр зарур шумурд. Дастовардҳои чашмраси онро зикр кард.
«–Ҳой писар, ин рӯзномаи якуми ҷумҳурӣ аст! – таъкиду гӯштоб мекард Зиёев. – Ҳушёр, боэҳтиёт бош! Рафторат, гуфторат, хабару мақолаҳои менавиштагият бояд бамаънӣ бошанд». Ин як ёдоварӣ, ҳамзамон, таъкидест ба наслҳои нави рӯзноманигорон ва сабақгирандагону сабақомӯзони имрӯзиву оянда. Яъне, дар ин рӯзномаи рақами яки ҷумҳурӣ, дар баробари истеъдод, навишта тавонистан садоқат ба миллату давлат, аҳамият додан ба пиндору гуфтору кирдор аҳамият додан на танҳо дар идора, балки дар ҳама ҷо бисёр зарур аст.
«Аз ҳамон рӯз ман аз курсии донишҷӯӣ ба муҳити мардуми зиёӣ, ҷонсӯзони миллату маърифат афтодам... Ва дидам, ки ҳар лаҳзаи умри ин мардони фидоӣ пур аз муборизаву талош аст. Барои тозагии забон, истифодаи ҳар як калима, таъбир ва ё ибораи ноби тоҷикӣ рӯзноманигорони ҷавону хушвақт муборизаи беамон мебурдаанд».
Ба бахти мо ва насли ҷавони имрӯз аст, ки ин анъанаҳои нек пойбарҷоанд ва кормандони ин идораи бонуфуз на танҳо дар тарбияи худ, балки тарбияи хонандагон бо нашри навиштаҳояшон ва андешаҳову пешниҳодҳои шахсиятҳои фарзона, маъруфу маҳбуб, инсонҳои асили кишвар саҳм мегиранд.
Устод Абдулҳамид Самад бори дигар ёдовар шуд, ки ««Ҷумҳурият» идомаи «Иди тоҷик» воқеан, рӯзномаи аввалиндараҷаи миллати мо аст. Он чун минбари адолату ҳақиқат тули солҳои зиёд барои баланд бардоштани маънавиёти мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ хизматҳои бошуморе кардааст».
Нависанда солҳои 1969 – 1977 дар ин рӯзнома бевосита фаъолият дошт. Пас аз соли 1977 низ робитаашро аз ин даргоҳи муқаддас ҳеҷ гоҳ наканд ва то ба имрӯз ҳамкориро бо таълифи матолиби пурарзишу ҷавобгӯи талаботи давр, суҳбату маслиҳатҳову пешниҳодҳо накандааст. Дар озмунҳои чанд соли охир гузарондаи «Ҷумҳурият» ширкати фаъол дошт. Ба бахти мо ва насли ҷавони кишвар ҳамеша, ба ин васила, дар паҳлуи мо чун устоди мушфиқу ғамхор ва раҳнамо қарор дорад.
Ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи публитсистикаи ӯ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насиба Кӯчарова аст, ки аз ин робита ёдовар мешавад ва ба мавқеъ менависад: «Публитсистикаи Абдулҳамид Самад бо мазмуну муҳтаво, хусусиятҳои рӯзноманигорӣ ва раҳнамоии худ дар миёни осори рӯзноманигорон ва адибон мавқеи назаррас дошта, саҳифаи тозае дар адабиёти мустанади муосири тоҷик ба шумор меравад».
Тавре зикр шуд, бо ин ки дар мавриди асарҳои ин адиб – публитсист аз оғози фаъолияти адабияш таҳқиқоти зиёду саривақтӣ ба анҷом расидааст, ҳанӯз ҳам паҳлуҳои зиёди рӯзгору осораш ниёз ба омӯзиши махсус ва ҷиддӣ доранд.
Ҳақ бар ҷониби Абдураҳмони Абдуманнон, адабиётшиносу мутарҷими адиб аст, ки таъкид менамояд: «Нависанда Абдулҳамид Самад чеҳра, сабки нигориш, диду дарк, забону лаҳни тасвири фардии худро дорад, ки на ба ҳар нависанда хос аст...
Забони асарҳои бадеии Абдулҳамид ганҷинаест пур аз ҷавоҳироти маънавӣ. Луғату таъбирҳо, зарбулмасалу мақолҳо, дигар аносири забони адабӣ ва гӯишҳои мардумӣ аз ҷониби кадом персонаж, дар кадом ҳолат, барои ифодаи кадом ҳадаф, бо кадом лаҳн, дар кадом мавридҳо истифода шудани онҳо барои луғатшиносону лаҳҷашиносону услубшиносон маводи пурарзиши таҳқиқи забони тоҷикӣ метавонад бошад.»
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ҳам ин ҳақиқатро баён медорад: «Аз хусусиятҳои хос ва ҷолиби асарҳои Абдулҳамид Самад чизи аввале, ки мушоҳида мешавад, забони тоза ва фасеҳу равони ӯст. Агар ҷойе гуфтори мардумиро ба кор мегирад, хеле сабуку фаҳмо, на ба ҳаддест, ки дур аз дарку қабули хонанда ва бемаврид бошад.».
Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор низ хеле ба маврид ва дуруст таъкид медораду раҳнамоӣ мекунад: «Аксаран қудрату тавоноӣ ва ҷасоратро ба молу сарват алоқаманд медонанд, лекин дар замири устод Абдулҳамид Самад, ки ба қавле яроқи ӯ қалам аст, баръало намудор аст. Ҷойе худи ӯ чунин мегӯяд: «Дар мо як фаҳмиши ғалате аст, ки дар доираи мафҳуми «ҳифз кардан» танҳо ҳудуди ҷуғрофиро мефаҳмем. Не, ин тавр нест. Тоҷикистони мо – ин Ватани ҷуғрофиёи имрӯзаи мо аст. Дар ин баробар, мо Ватани таърихӣ дорем, ки ҳудудаш хеле бекарон аст ва марзу буми васеъро дар бар мегирад.».
Шоҳин Самадӣ, фарзанди нависанда, корманди Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз сифатҳои неки омӯзандаи устод чунин ёдовар шуд: «Ба тарбияи мо аз хурдсолӣ падарамон махсус диққат медод. Расму суннат ва анъанаҳои хуби миллиро меомӯзонд. Ба ман, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекардам ва ё барои иҷрои коре, омӯзише мерафтам, таъкид менамуд: « Андешаву гуфтору кирдорат бояд ҳамчун намояндаи миллати соҳибтамаддунамон бошад. Дар симои ту, фаромӯш макун, ки Тоҷикистон муаррифӣ мешавад».
Сабзалӣ Шариф, Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон бо номи Абуабдулло Рӯдакӣ, тасвир, сурати дунёи поки ботинии нависандаро кашида ва ба маъраз гузоштааст ва дар ин хусус суҳбатро гарм дошт.
Рӯзноманигорону муҳаққиқон Мирзо Шукурзода, Зафар Мирзоён низ, аз ҳамкориҳое, ки бо адиб дар «Ҷумҳурият» ва дигар мавзеъҳову мавзуъҳо доштанд, ёдовар шуданд.
Нависанда ба ин вохӯрӣ бо «Дастовез» – асари тозанашраш омад. Вохӯрӣ, суҳбат дар фазои озод ва самимӣ сурат гирифт. Ба пурсишҳои насли наву ҷавони рӯзноманигорон посухҳои пурарзиш дод. Аз ҷониби онҳо зикр шуд, ки мо бо «Паррончакҳо» (асари устод) пар баровардему парвоз омӯхтем.
Аз романи «Гардиши девбод» низ суҳбати гарму ҷӯшон доир гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки нависанда дар ин роман робитаи маънавӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии наслҳои гуногунро ба тасвир мегирад. Раванди тағйирёбии сарнавишт ва моҳияти ахлоқию маънавии инсонро ба ҳама пастию баландӣ, фоҷиаю хурсандияш ба хонанда бозгӯ менамояд.
Абдулҳамид Самад худ ҳам зикру таъкид намуд, ки кори рӯзноманигору адиб масъулияти ҷиддиро тақозо дорад, зеро ба сарнавишти инсон, маърифату ахлоқи он иртибот мегирад. Пеш аз он, ки ба дигарон роҳ нишон бидиҳад, бояд худ роҳдида ва роҳрав бошад. «То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ».
Ҳақ бар ҷониби ин адиби маъруфу маҳбуб аст, ки мегӯяд: «Адиби асил барои як хонанда ҳам менависад». Мурод, албатта навиштан барои як хонанда нест, балки тарбияи маънавии як фард аст. Ва тарбия аз ҳамин як фард оғоз меёбад. Дар ин маврид ба шумора набояд пойбаст шуд ва ё онро нодида гирифт.
Абдулҳамид Самад ин ташаббусу иқдоми навбатии рӯзномаро бар баробари озмуни «Дуои модар» нек арзёбӣ ва, ҳамзамон, сипосгузорӣ намуд. Таъкид дошт, ки ин гуна иқдомҳои «Ҷумҳурият» дар баробари омӯзандаву пайравӣ намуданашон барои тарбияи ҷавонон мусоидат карда метавонанд. Насли ҷавон ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд насли бомаърифат, зирак, забондону ҷаҳондон бошад, зеро ояндаи давлату ин сарзаминро соҳибӣ карда тавонанд, дастовардҳои истиқлолро на танҳо нигоҳ бидоранд, балки бар онҳо биафзоянд.
Ҳамзамон, адиб иброз дошт, ки Пешвои миллат як фарди маҳдуди кишварамон нестанд, балки ҷаҳониянд ва ҷаҳонӣ меандешанд. Аз ин рӯст, ки барои пешрафту ободии мамлакат ва муаррифии бештару беҳтари миллат хидматҳои мондагори таърихӣ мекунанд. Инчунин, аз пешомадҳои сайёраи Замин, оқибатҳои муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар он моро пайваста сари вақт огоҳ месозанд ва роҳнамоӣ менамоянд, то ҳақиқати аслиро дуруст дарк намоему дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тамоми тадбирҳоро биандешем.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», дар оғозу анҷоми ин вохӯрӣ мақсад аз даъвати ин меҳмони олиқадр ва таъсиси рубрикаи навро шарҳ дода, иброз дошт, ки, ҳамзамон, иҷрои он амру раҳнамоиҳое ҳастанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли зиё, хосса рӯзноманигорон, интизор доранд. Инчунин, афзуданд, ки баргузории ин вохӯрӣ ба нафъи на танҳо насли ҷавони рӯзноманигорон, балки тамоми хонандагони сершумори он мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
PS. Дар арафаи ин вохӯрии судманду хотирмон аҳли эҷоди рӯзнома бо фарогирии фаъолияти эҷодиву рӯзгори нависанда, пешниҳодҳои ҷолиби хонандагон шумораи махсуси рангаро дар ҳаҷми 16 саҳифа ба табъ расонданд. Он, дар ҳақиқат, як навъ дастурест барои омӯзиши ҳаводорони каломи бадеъ, мутахассисону муҳаққиқон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2022 №: 252 Мутолиа карданд: 1301