logo

маориф

ДАВЛАТДОРӢ. МАОРИФ ЗАМИНАИ ВОҚЕИИ РУШД АСТ

 
Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дар маҷмуъ, ба сокинони ҷумҳурӣ дар соли барои мардуми кишварамон бисёр ҳам муҳим – яъне таҷлили 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олӣ ироа шуд.
Аз ҳама нуктаи муҳиме, ки дар Паёми имсола таъкид гардид, ин гузарондани ислоҳот дар соҳаи маориф буд. Хуб медонем, ки ғамхорӣ ба соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ аст ва Пешвои миллат дар паёмҳои пешинаи хеш низ борҳо инро таъкид намуда буданд. Аммо имсол он оҳанги дигар дошт ва дар назди кормандони маориф вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. 
Тавре ки Сарвари давлат таъкид карданд, беҳтар ва пурсамар гардондани корҳои таълиму тадрис, омода кардани мутахассисони ба талоботи замони муосир ҷавобгӯ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани касбияти мураббиёни боғчаи кӯдакон, яъне кормандони муассисаҳои томактабӣ ва баъдан муаллимону устодони мактабу омӯзишгоҳ ва донишгоҳҳо вобаста аст. Зеро агар омӯзгор худаш ба дониш мусаллаҳ набошад, мо ҳазорон мактаби бо технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз бунёд кунем ҳам, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Асри мо, асри рушди гӯшношуниди технология аст ва муаллимону устодонро лозим аст, ки ба ҷуз китобҳои дарсӣ мунтазам аз расонаҳои гуногуни электронӣ ва маҷаллаҳои илмию оммавӣ аз навгониҳои илмӣ бохабар бошанд ва ҳангоми таълим аз бардоштҳояшон истифода кунанд.
Пешвои миллат дуруст таъкид карданд, ки ҳама кишварҳои имрӯз пешрафтаи ҷаҳон замоне бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ҳиссаи зиёди буҷети давлатии хешро ба соҳаи маориф равон намуда, то имкон даст дод, ба хотири фардои кишварашон мутахассисони пухта тайёр карданд. Бавижа, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии хеш – саноатикунонии мамлакат омӯзиши ҳаматарафаи илмҳои дақиқ барои насли нав муҳим арзёбӣ гардид.
Воқеан ҳам, имрӯз кормандони маорифро лозим аст, то кори тадрисро мутобиқ ба дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монанд. Дар ин кор эшонро аҳли ҷомеа ва волидони хонандагон бояд ёригар бошанд, зеро кори тарбияву тадрис ҳамагонист ва танҳо дар амалкарди муштарак метавонем натиҷаи дилхоҳ ба даст орем.
 
Шариф ШАРИФХОҶА,
директори Гимназияи «Кафолат»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2022    №: 252    Мутолиа карданд: 1240
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед