logo

Хабарҳо

«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»

 
Бо ин ном («Взлёт перед закатом» – «Парвози пеш аз ғуруб»), китоби нави ҳунарпешаи маъруфу маҳбуби театру синамо Ҳошим Гадо бо забони русӣ чанде пеш аз чоп баромад. Ин бор муаллиф 4 ҷилдро (597 – 600) дар як китоб ҷой додааст. Алҳол дар кишвар касе ба ин миқдор, яъне шашсад ҷилд китобро таҳияву таълифу ба нашр нарасондааст. Дар ин маврид ӯ пешгом мебошад.
 
Ҳунарпеша бо навиштаи ин китобҳо даъвои нависандагӣ надорад. Ин ҳақиқатро ӯ дар сарсухани китоби мазкур ва китобҳои пешинаш иброз намудааст. Худро муаллиф шогирди ҳамеша омӯзандаи зиндагӣ медонад. Мехоҳад он чи, ки омӯхтааст, ба дигарон биомӯзад, ба ин васила, дониш бидиҳад. Бешак, ӯ дар ин ҳол ба як устоди воқеан таҷрибадида ва омӯзандаву омӯзонандаи хубу муваффақ маҳсуб мешавад. Камтар касоне дар рӯзгор вуҷуд доранд, ки ба хонандагонашон аз таҷрибаи рӯзгори худ бигӯянду бинависанд ва ҳушдор бидиҳанд: «Инсон як умр ниёз ба омӯзиш дорад. Биёмӯзед. Лаҳзае аз омӯхтан дар канор набошед. Молу ҷоҳ набояд, ки шуморо бифиребад ва тасаввур бикунед, донишу таҷрибаи андӯхтаатон кофист. Не, ҳаргиз не ва чунин нест. Гузаштагони барӯманди мо таъкид мекарданд, ки аз гаҳвора то гӯр илм биомӯзанд. Ва ҳам донишманд набояд, ки донишро бо худ ба гӯр бибарад. Оре, барҳақ фармудаанд:
Мекунад сероб дар об изтироб,
То кашад лабташнагонро сӯи об»
Муроди муаллиф аз таълифу нашр ва ба дасти хонанда расондани асараш низ ҳамин аст, ки ба масал лабташнагонро сӯи об бихонад. Чаро? Чунки ӯ ба об, ба дарё расидааст. Намехоҳад, ки дигарон умрашонро зоеъ бикунанду роҳи обро биҷӯянду наёбанд ва дар ҳоли ташнагӣ ба ҳалокат бирасанд.
Аз ин навиштаҳо дониши васеъву амиқ ва ҷаҳонбинии нависанда ва ҳунарпешаи театру синамо хубу равшан эҳсосу дарку фаҳм карда мешаванд. Ӯ дар ин ҳол ба зиндагӣ, асар, қаҳрамонии шахсиятҳои мондагори таърих аз даврони Юнони Қадим то ба имрӯз рӯ меорад. Ҳар кадомро барои мо на танҳо бозгӯ мекунад, балки барои шинохти бештарамон онҳоро шарҳ медиҳад. Мехоҳад мо аз ин ҳама дар баробари омӯзиш хулосаи дуруст бибарорем, дар роҳи зиндагӣ налағжем, хатоҳои бавуқуомадаро такрор накунем. 
Тамоми саъю талоши нависанда, ҳунарпеша он аст, ки мо арзишҳои миллӣ, истиқлолият, ваҳдат, сарзамини аҷдодиро бо хиради бузург ҳифз карда тавонем. Инчунин, бори дигар ба ҷаҳониён собит бисозем, ки ин миллат, яъне тоҷик, миллати куҳанбунёд мебошад ва дорои тамаддун, тамаддуне, ки барои тамоми инсонияти сайёраи Замин хидмат кардааст.
Ҳошим Гадо дар баробари ин ҳама, андешаҳои баланду омӯзандаи мардумамонро низ, аз забони онҳо меорад ва ҳар якро таҳлилу таҳқиқ мекунад, то ба хонанда як дарси ибрат бошад. Ин муаллиф воқеан, ҷаҳонӣ меандешад ва орзуву таманно дорад, ки ҳама ҷаҳонӣ бияндешанд ва миллатамонро ҷаҳон эътирофи беҳтару бештар бикунад.
Нашри ин китоб туҳфаи арзишмандест дар арафаи Соли нави мелодӣ ба ҳаводорони калом, мутахассисон, муҳаққиқон ва дӯстдорони ҳунару ин ҳунарпешаи бузургу тавонои дорои ниятҳои нек барои ҳар нафари ҳаммиллаташ.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 18214
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед