фарҳанг
СОЛИ НАВ. ЧАНД МАЪЛУМОТИ АҶИБ
Мардум Соли навро ҳанӯз аз замонҳои қадим ҷашн мегирифтанд. Археологҳо ҳини кофтуков аз Мисри Қадим шикастапораеро бо навиштаҷоти «Ибтидои соли нав» пайдо намуданд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар Мисри Қадим Соли навро ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн мегирифтанд, ки он тақрибан ба охирҳои моҳи сентябр рост меояд.
Оғози сол 1 январ аз ҷониби Юлий Сезар соли 46-уми то милод ҷорӣ шудааст. Одамон ба ин муносибат, хонаҳояшонро оро дода, ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим мекарданд, ғуломон бо хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ менамуданд. Он дар тақвими юлианӣ ҷой дода шуда, дар тамоми Аврупо паҳн гардид.
Соли нав аз рӯи ҳисоби вақти минтақавӣ нахустин шуда дар уқёнуси Ором оғоз мешавад, ки онро сокинони ҷазираҳои Лайни Ҷумҳурии Кирибати ҷашн мегиранд. Соли навро аз рӯи ҳамин ҳисоб охирон сокинони Самоаи Амрикоӣ, ҷазираҳои Мидуэӣ ва Ниуэ ҷашн мегиранд. Воҳидҳои номбурда дар минтақаи соатии UTC -11 ҷойгир буда, вақти онҳо аз Тоҷикистон 16 соат ақиб аст. Дар Бангладеш 14 апрел Соли нав мешавад. Соли нав дар Аврупо расман нахустин маротиба 1 январи соли 1522, дар Венетсия қайд карда шуда буд.
Дар замони қадим Соли нав аксар вақт дар баҳор ҷашн гирифта мешуд, зеро дар ин давра табиат аз нав зинда мешавад. Дар Россия низ, Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеи Москва қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд.
Соли нав дар нимкураи ҷанубӣ ба фасли тобистон рост меояд. Эскимосҳо (аҳолии маҳаллии Канада) соли навро ғайритабиӣ – вақте ки барфи аввалин меборад, қайд мекунанд. Дар давлати Исроил Соли нав дар давоми сол ду маротиба ҷашн гирифта мешавад (аз рӯи тақвими григориянӣ ва яҳудӣ). Дар Непал 17-18 апрел Соли нав ҷашн гирифта мешавад. Бобои барфии финҳо Йоулупукки ном дорад. Дар Эфиопия 11 сентябр Соли нав мешавад. Ҳатто дар Месопотамия (Бобулистони Қадим) 3000 сол пеш аз милод Соли навро баҳорон ҷашн гирифта буданд.
Соли нав аз қадимтарин идҳоест, ки онро дар саросари ҷаҳон бошукӯҳу хусусиятҳои ба худ хосе ҷашн мегиранд.
Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Онҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур намоянд. Ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуда бошанд. Шоҳони онҳо низ аз халқашон одатан тиллову ҷавоҳирот туҳфаҳо меситонданд. Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна солҳои зиёд 25 март ҷашн гирифта мешуд. Сипас, соли 1752 қарори парлумони кишвар оид ба ҷашнгирии Соли нав 1 январ ба тасвиб расид. Дар Шотландия аз ҳамон замон Соли нав аз 1-уми январ оғоз гардид. Дар Шведсия Бобои барфӣ туҳфаҳои худро дар зери бухорӣ, дар Олмон дар назди тиреза, дар Россия дар зери арчаи солинавӣ, дар Франсия дар даруни пойафзол мегузорад. Аввалин арчаи солинавӣ дар Франсия соли 1605 оро дода шуда буд.
Дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Тотористон ва ғайраҳо анъанаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ аз рӯи тақвими григорианӣ давом дорад. Дар кишвари мо соли нав ду бор ҷашн гирифта мешавад: 1 январ ва 21 март – Иди Наврӯз. Омодагӣ ба Соли нав дар ҳар як оила чанд рӯз пеш сар мешавад. Урфу одатҳои халқҳои гуногун ба интихоби хӯрокҳои мизи идона таъсири худро мерасонанд. Масалан, ҷопониҳо хӯрокро аз маҳсулоте тайёр мекунанд, ки ба ақидаи онҳо хушбахтӣ меорад: аз карами баҳрӣ (шодӣ), лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву руҳбаландӣ) ва ғайраҳо. Дар рӯи мизи идонаи кишварҳои Австрия, Венгрия, собиқ Югославия хӯрокеро аз гӯшти паранда вохӯрдан номумкин аст, зеро аҳолии онҳо чунин мешуморанд, ки хушбахтӣ метавонад парида равад. Дар шаби Соли нав кубагиҳо, испаниҳо, португалиҳо бояд 12 дона ангур бихӯранд. 12 орзуе, ки онҳо дар дил мепарваранд, бояд ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад. Ҳамзамон, ангур барои ин халқҳо рамзи фаровонӣ ва хушбахтии оилавӣ мебошад. Дар Куба дар арафаи Соли нав ҳамаи зарфҳои хӯроквории хонаро бо об пур мекунанд ва шаби Соли нав онҳоро ба берун бурда мерезанд, то ин ки ҳамаи гуноҳҳояшон шуста шавад. Соли навро дар он ҷо рӯзи подшоҳон ном мебаранд.
Чормағз, мош ва ангур барои итолиёиҳо рамзи саломатӣ, комёбиҳо ва дарозумрӣ мебошанд. Дар Россия қариб ҳар як мизи идонаро пирогҳо, карамшӯрбо ва таомҳо аз моҳӣ оро медиҳанд. Дар Словакия ва Чехия дар мизи идона ҳатман бояд карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои занбӯруғӣ, кулчақандҳои асалии омехта бо шир бошанд.
Дар Ҷопон то фарорасии Соли нав кӯшиш мекунанд, ки вожаҳои неку нармро аз худ кунанд ва ба кӯдаконашон омӯзонанд, то соли оянда ба ҳамдигар ҳарфи зиште нагӯянд ва хушбахт бошанд. Ҷопониҳо хӯрокро аз карами баҳрӣ, лӯбиёву нахӯд ва моҳии ҷӯшондашуда тайёр мекунанд. Шаби Соли нав дар Ҷопон зангӯлаҳо 108 маротиба занг мезананд. Зарбаҳои зангӯлаҳо мафҳуми шаш нуқсони одамӣ: сабукфикрӣ, беақлӣ, ҳарисӣ, ғазаб, ҳасад ва беҷуръатиро доранд. Ҷопониҳо чунин меҳисобанд, ки ҳар як нуқсони инсон аз 108 аломат иборат аст. Аз ҳамин хотир, 108 маротиба зарба зада мешавад. Аммо аҷибаш дар он аст, ки ҷопониҳо Соли навро монанди мардуми дигар кишварҳо ҷашн намегиранд. Дар шаби Соли нав онҳо то дамидани субҳ ором мехобанд. Вале субҳи барвақт аз хоб хеста, ҳама якҷо ба истиқболи сапедадами Соли нав мераванд. Гинза Танака, заргар аз Ҷопон, арчаи солинавии тиллоиро омода намудааст, ки аз 40 килограмм тиллои холис иборат аст. Ин муъҷизаи солинавӣ ба ҷашни 110-солагии киностудияи бачагонаи офарандаи филмҳои тасвирии «Уолт Дисней» бахшида шуда, аз 50 ҳайкалчаи тиллоии қаҳрамонҳои он иборат буд. Дарозии арча 2,4 метр ва нархи он 4,2 миллион доллар муайян шудааст.
Анъанаҳои солинавии мардуми ҷаҳон гуногун буда, ҳатман Соли навро бо тайёрии махсус ҷашн мегиранд.
Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи таърихи археология, этнография ва диншиносии ДДХ
ба номи академик Б. Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2022 №: 252 Мутолиа карданд: 1022