logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ХУШБАХТӢ»
1. Мукофоти адабие, ки шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ба он мушарраф  гардидааст. 2. Актёр, Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон. 3. Мафҳуми ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагӣ. 4. Шоири шинохтаи тоҷик. 5. Қитъаи олам. 6. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё. 7. Ҳарфи алифбои ниёгон. 8. Маҷалла. 9. Муродифи вожаи «булбул». 10. Пойтахти Давлати Сомониён. 11. Истилоҳи  илми мусиқӣ. 12. Аспи Рустам дар «Шоҳнома». 13. Қаҳрамони достони  Низомӣ. 14. Персонажи достони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 15. Ҳаммаънои калимаи додрасӣ. 16. Миллат. 17. Ладога, Балхаш. 18. Ровии шинохтаи рус, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС. 19. Қаҳрамони асари С. Улуғзода. 20. Матоъ. 21. Исми занона. 22. Қасри машҳур дар Ҳиндустон. 23. Шоири инқилобӣ, ки дар пойтахт театр номи ӯро дорад. 24. Маъракаи сиёсӣ. 25. Элементи химиявӣ. 26. Гул. 27. Қаҳрамони  ҳикоятҳои халқӣ. 28. Номи кӯҳ дар «Шоҳнома». 29. Асбоби мусиқии зарбӣ. 30. Зодгоҳи Ҳилолӣ. 31. Унвони давраи амирӣ. 32. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё. 33. «*** чор хислат баргузидаст». 34. Шаҳр дар Шимоли Тоҷикистон. 35. Мухаммаси  Сайидо. 36. Узви инсон. 37. Моҳи солшумории ҳисоби мучал. 38. Қаҳрамони «Шоҳнома». 39. Паранда. 40. Моҳи солшумории яздигурдӣ. 41. Олоти рӯзгор. 42. Навъе аз мусиқӣ. 43. Қаҳрамони  достони  Мавлоно Ҷомӣ. 44. Гул. 45. Истилоҳи мусиқӣ. 46. Ҳарфи алифбои ниёгон. 47. Он, ки Заҳҳокро  кушта буд. 48. Вилоят дар Ӯзбекистон. 49. Лашкаркаши машҳури Фаронса. 50. Шахсияти сиёсии шинохтаи Ҳиндустон. 51. Дуюмин Президенти АМИТ. 52. Ноҳия дар Тоҷикистон. 53. Романи адабиёти тоҷик. 54. Асари адабиёти классикии форсу тоҷик. 55. Шаҳр дар Эрон. 56. Таҳиягари филми «Зумрад». 57. Кох, қаср дар пойтахт. 58. Исми маъмулии занона. 59. Файласуфи Юнони Қадим. 60. Шеъри М. Турсунзода. 61. Маркази маъмурӣ дар Тоҷикистон. 62. Моҳи соли ҳиҷрии қамарӣ. 63. Муаллифи «Лайлӣ ва Маҷнун». 64. Ҳарфи алифбои ниёгон. 65. Дин. 66. Тарозуро гӯянд. 67. Навъи хати арабӣ. 68. Китоби муқаддас. 69. *** Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 70. Жанри адабӣ.               
 
Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД, корманди нашрияи  «Омӯзгор»
 
 
АҲЛИДИН ШИРИНЗОДА, МУҲАММАДЮСУФ ИСМОИЛОВ ВА МУҲАММАДСАФАР ЯТИМОВ - ҒОЛИБОНИ РУБРИКА
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе»   ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон, миёни ширкаткунандагон Аҳлидин Ширинзода -   корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои пешниҳоди ҷавобҳо, Муҳаммадюсуф Исмоилов – сокини ноҳияи Ашт ва Муҳаммадсафар Ятимов, сокини шаҳри Ваҳдат барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ғолиби рубрика дониста шуданд. 
 
Масъули рубрика 
Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
 
ШАВҲАР, ПИСАР Ё БАРОДАР?
- Зиндагоният дароз ва саодати дунёӣ насибат бод. Имрӯз, ки амирӣ ва фармонравоӣ, ба дарди дили зане, муштипаре гӯш фаро бидеҳ, то аз раҳмати Худо бенасиб намонӣ.
- Чи арзе дорӣ, эй модар?
- Пайвандони маро лашкариёнат ба асорат гирифтаанд, мехоҳам озодашон бикунӣ.
Амир натавонист, ки аз дархосту амри модар сар бипечад, аз ин рӯ, амр кард, то он асирон - пайвандонашро биёранд. Се нафар буданд: шавҳар, писар ва бародар. Амир бар онҳо назар кард ва пас рӯ ба он зан оварда гуфт: аз ин се якеро интихоб бикун, то озодаш кунам. Зан дарҳол гуфт: «Бародарро интихоб мекунам». Амир аз ин интихоб дар тааҷҷуб афтод ва пурсид: «Магар интихоби шавҳар ва ё писар беҳтар набуд?».
- Не, - гуфт зан.
- Чаро? – пурсид амир.
- Шавҳарро метавонад марде беҳтар иваз бикунад. Писарро ҳам имкони ба дунё овардан вуҷуд дорад, аммо бародарро дар ҳеҷ сурат дигар пайдо карда наметавонам. 
Ин посух бар амир бисёр писанд афтод ва ҳар серо озод намуд.
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
МУҲИТИ ПОК
 
Вақте тамоми маҳбасхонаҳо дар итоати Фридрихи бузург буданд, ба яке аз онҳо ташриф оварда, ба ҳар як маҳбус дар алоҳидагӣ суҳбат мекунад. Аз миёни садҳо нафар ҳамагӣ як дузди киссабур гуноҳашро ба калла гирифта, дар бало мемонад.
- Ин бешарафро ҳамин ҳоло озод кунед,- мегӯяд Фридрих, то муҳити инсонҳои покро ифлос накунад.
 
 Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ФИДОКОРӢ
ДОНОРЕ, КИ АЗ БЕМОРӢ ДАРГУЗАШТУ 7 НАФАРРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД
 
Қарори Генри Макман, донишҷӯи Донишгоҳи Висконсин-Медисон (University of Wisconsin-Madison)-и ИМА, ки соли 2013 аз бемории менингит (илтиҳоби пардаҳои майнаи сар) дар 21- солагиаш даргузашт, номи ӯро ҳамчун донори фидокор дар дафтари таърих сабт намуд. 
Номи Генри дар авроқи зиндагӣ бо амале ҷовидон шуд, ки тавассути донори узвҳои солими худ ҷони 7 нафарро аз марг наҷот дод. Ӯ тасмими донориашро қабл аз поёни сарнавишт дар номае интишор намуд, ки аз дохили шаҳодатномаи ронандагиаш ба дасти пайвандон расид. Агарчи марги фарзанд доғи ҳамешагӣ дар дили волидон аст, вале чунин фидокорӣ қалби модари Генриро то ҳадде тасалло бахшида, ки дар вебсайти CaringBridge чунин навиштааст: «Мо ҳама фахр мекунем, ки Генри донори узв шуд ва амалеро тарғиб кард, ки ба ҳизфи ҳаёти инсонҳо бастагӣ дорад». 
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ 
 
 
 
 
ЯК БАЙТ
 
Ба ширинии худ ҷон ноз мекард,
Туро ширинтар аз ҷон офариданд.
 
Таҳияи А. РАҲИМ
 
 
 
МУРҒИ ШАБОВЕЗ
ПАРАНДАЕ, КИ ТАМОМИ ШАБ ХУДРО БА ДАРАХТ МЕОВЕЗАД, ЧАРО?
 
Мурғи шабовез (мурғи ҳақ, мурғи шабгир, мурғи шабоҳанг, чокак), парандаест, ки тамоми шаб дар шохи дарахте сарозер худро меовезад ва “ҳақ-ҳақ” мегӯяд, то замоне ки қатрае хун аз гулӯяш бичакад. 
Дар ривояте омада, ки миёни бародару хоҳаре бар сари амволе низоъ дармегирад, зеро бародар аз се қисм ду ҳиссаи он амволро мехост бигирад ва як ҳиссаро ба хоҳараш диҳад. Аз ин тақсимоти ноодилона хоҳараш дар ҳолати қаҳр фирор мекунад. Дар фироқи хоҳар бародараш мурғи ҳақ мешавад ва бо ҳасрат мегӯяд: “хоҳарҷон, ду-то аз ту, яке аз ман”. 
Ривояти дигар ин аст, ки мурғи ҳақ як дона гандум аз моли сағир мехӯрд ва он дар гулӯяш дармондааст. Гӯиё бар асари он донаи гандуми хӯрдааш то аз гулӯяш се қатра хун чакидан, шабона “ҳақ- ҳақ” мегӯяд. 
Таҳияи Абдуҷаббор ШОАҲМАДӢ
 
 
 
 
ХАЛҚҲОИ  ҚАДИМТАРИНИ ҶАҲОН
ХИТОИҲО
 
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, хитоиҳо аз зумраи мардумони қадамитарини оламанд. Ба назари олимони чинӣ, онҳо таърихи 5000-сола доранд, ки сарчашмаҳои хаттӣ мавҷудияти тамаддуни 3500-соларо тасдиқ мекунанд. Аввалин сулолаҳои хитоӣ – Ся, Шан, Чжоу дар ҳазаи дарёи Хуанхэ пайдо шудаанд. Маҳз дар ҳамин давра осори хаттии қадимаи хитоӣ чун аввалин халқ дар таърих ёд мешавад. 
Бунёдгузорони маданияти Хитой се император – Фуси, Шеннога ва Зард- Хуан мебошанд, ки дар ташаккулёбии нахустин сулолаи императории  Ся нақши муҳим бозидаанд. Ба тарзи ҳаёти мутараққиву рушдёфта гузаштани ин мардум ба замони императории Хуан рост меояд. Аз рӯи анъана  бошад, хитоиҳо ба гурӯҳи хурди этникӣ мансубанд. Рушд ёфтани хат ва забон василаи байни ҳам муттаҳидшавии қавму қабилаҳои хитоизабон гардид.   
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
 
РЕКОРДСМЕНИ НАВ - БО ҚАДИ 64 САНТИМЕТРРА
Ҷавони 20-солаи эронӣ ҳамчун одами қадпасттарин (64 сантиметр) дар дунё ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд.
Рекордсмен Афшин Исмоил Қодирзода бо вазни 600 грамм ба дунё омадааст. Ӯ аз қадпаст будани худ ҳеҷ гоҳ руҳафтода намешавад, балки бо ҳазл мегӯяд: «Кӣ будани одами дар дунё қадбаландтаринро медонам. Ман ба кафи ӯ меғунҷам».
Аз русӣ тарҷумаи 
 
Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
 
ИДМ
КАЛОНТАРИН АРЧАИ СОЛИНАВӢ  ДАР КАДОМ КИШВАР АСТ? 
Дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил калонтарин арчаи солинавӣ – 2023 бо баландии 43 метр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод қомат афрохтааст. Арча сунъӣ буда, чароғҳои онро Аяз Бобо ва Гарпамик – Бобои барфӣ ва Барфаки туркманӣ 15 декабр фурӯзон карданд. Арчаҳои солинавии шаҳрҳои Ереван (Армения, 37 метр) Тошкент (Ӯзбекистон, 35 метр), Баку (Озарбойҷон, 34 метр), Душанбе (Тоҷикистон, 30 метр) дар панҷгонаи калонтарин қарор доранд. Мақомҳои дигари даҳгонаи калонтарин арчаи солинавии кишварҳои ИДМ-ро арчаҳои шаҳрҳои Москва, Минск ва Остона ишғол мекунанд. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
2023.   АЗ СОЛИ НАВ ЧИРО МЕТАВОН ИНТИЗОР ШУД? 
Аз рӯи тақвимҳои шарқӣ ва славянӣ, соли 2023-юм соли заргӯши сиёҳи обӣ аст, аммо дар баъзе сарчашмаҳо соли заргӯш ва гурба омадааст. 
Соли заргӯши сиёҳи обӣ дар 60 сол як бор меояд. Рангҳои асосии ин сол сиёҳ, кабуд, сабз мебошад.
Заргӯш ва гурба ҳайвонҳои накӯрафтор, навозишкор ва ғамхори насли худ мебошанд. Ситорашиносон дар асоси сифатҳои ин ҳайвонҳо мегӯянд, ки Соли нав ботамкинонаву боназокатона хоҳад омад. Умед  аст, ки дар ин сол ҷангҳо қатъ мегарданду дипломатҳо бо ҳам забон меёбанд. 
Аз рӯи анъанаи чинӣ, дар маркази хони идона шакли сохтаи заргӯшро мондан лозим аст. Агар заргӯш тиллоранги ҷиллонок бошаду болои тангаҳо нишинад, нишонаи хуб дорад. Шаби Соли нав ба шахсе муваффақияти калон даст медиҳад, ки заргӯши зиндаро ба хона биёрад. 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА 
 
 
 
ЧАНД МАЪЛУМОТИ АҶИБ АЗ ОЛАМИ ТАБИАТ
* Давраи бордории фил ду сол аст. Фил, ҳатто, пас аз гузаштани солҳои зиёд мурдаи пайвандонашро ба ёд меорад ва барои онҳо мотам мегирад.
 
* Бузургтарин ҳайвони рӯи замин кити кабуд аст, ки дилаш ба андозаи мошин  ва забонаш  6 метр аст. Садои он аз масофаи 800 километр ҳам ба гӯш мерасад.
 
* Дили харчанги баҳрӣ дар сараш аст.
 
* Пашша дар ҳар чор сония девона мешавад.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ДУ ПАНД
 
Зиндагӣ қиссаи марди яхфурӯш аст, ки аз ӯ пурсиданд: «Фурӯхтӣ». Гуфт: «Нахариданд, тамом шуд!».
* * *
Ин иттифоқ меафтад, ки дарахти бад меваи хубе медиҳад, аммо рӯзгори бад чизе беш аз бадиро ба бор намеоварад.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
БУНУ
АЗ ҶАВОНМАРДӢ ТО ЭҲТИРОМ БА ЗАБОНИ МОДАРӢ
Бешак, дарвозабони тими миллии Марокаш Йосин Буну яке аз беҳтарин дарвозабонҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол (Қатар 2022) буд. Ӯ тавонист бо ҳунарнамоии волои худ дар хати дарвоза дар таърихсозии мунтахабаш саҳми арзанда гузорад. Дар ду қувваозмоӣ (даври 1/8 ва 1/4 финал) беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид. Буну дуюмин дарвозабоне дар таърихи Ҷоми ҷаҳон шуд, ки дар силсилаи пеналти муқобили Испания ягон тӯб сар надод. 
Пас аз пирӯзӣ бар Португалия (1/4 финал) Буну мардонавор ҷоизаи беҳтарин бозигари вохӯриро ба ҳамдастааш Юсуф Эн-Несири муаллифи голи ғалабаовар ҳадя намуд. 
Дар нишасти матбуотии баъд аз бозии яке аз қувваозмоиҳои Ҷоми ҷаҳон Буну ба саволҳои рӯзноманигорон бо забони арабӣ посух медод. 
Журналисте бо нигоҳи тамасхӯрона ба ӯ мегӯяд: “Шумо бояд ба ғайр аз футбол англисиро низ омӯзед!”.
Йосин бо лаҳни ба худ хос чунин посух медиҳад: “Якум, агар тарҷумон наовардӣ айби ман нест. Дуюм, ман забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва испаниро мукаммал медонам. Аммо имрӯз мехоҳам танҳо бо забони модариам ҳарф занам”. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
ШУКР  БОЯД КАРД
Мӯйсафеди 93-солаи итолиёвӣ аз коронавирус шифо ёфта, муддати бисёр зери дастгоҳи нафаси сунъӣ хоб рафт. Баъди оне, ки ба худ омад табибон аз ӯ пули якрӯзаи дастгоҳи нафаси сунъиро пурсиданд, мӯйсафед ба гиря омад.
Табибон ӯро ором карда, гуфтанд, ки барои пул гиря накунед.
Аммо ҷавоби мӯйсафед табибонро ба гиря овард: 
– Ман барои пуле, ки бояд супорам, намегирям. Ман метавонам ҳамаи онро супорам. Барои он мегирям, ки ҳавои худододро бепул давоми 93 сол аст, ки нафас мекашам. Шумо мегӯед, ки 1 рӯзи дастгоҳатон ба 5000 евро баробар аст, пас тасаввур кунед, ки ман чи қадар аз Худо қарздорам, афсӯси бисёр ки ба ин ягон бор шукр ҳам накардаам…
 
Таҳияи 
Наргис АТОЕВА
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
БОЙБАЧА ДАР ИМТИҲОН
Аз мубоҳисаи муаллим бо довталаб:
- Аз таърих чӣ медонӣ?
- Чиро гӯям?
- Дар бораи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
- Пурра намедонам.
- Ақаллан кинояшро дидаӣ?
- Дидаам.
- Нақл кун.
- Ҳама ҷо оташу дуд, аз дур танк меояд, танк, танк…
- Офарин.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
14.  ҲОКИМЕ, КИ ЗУД  ҚУДРАТРО АЗ ДАСТ ДОД
7. ИРИНА ФЁДОРОВНА ГАДУНОВА
Ирина Фёдоровна хоҳари Борис Годунов ва ҳамсари подшоҳ Фёдор I Иванович (писари Ивани IV Грозний) буд. Идораи давлати Россия, баъд аз марги шавҳараш ба ихтиёри ӯ гузашт, аммо ҳамагӣ 36 рӯз - аз 16 январ то 21 феврали соли 1598 зимоми идораи давлатро ба даст гирифт. Идораи ҳокимият, аслан ба он хотир ба зиммаи ӯ гузашт, ки Фёдор I аз шумори мардон ворисе надошт, ки баъд аз маргаш ба тахт нишинад. 21 феврали соли 1598 Годунов бародараш Борисро шоҳи Россия эълон намуда, худаш ба дайр рафт ва пас аз панҷ сол он ҷо сарнавишти фоҷиабори сулолаи Годуновҳоро надида, аз олам даргузашт.
 
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2022    №: 252    Мутолиа карданд: 1563
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед