logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 342; с. 2005, №12, мод. 631; с. 2007, №7, мод. 685; с. 2008, №10, мод. 806;  с. 2011, №12, мод. 839; с. 2013, №7, мод. 506; с. 2015, №3, мод. 203; с. 2016, №5, мод. 366) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва матни Кодекс калимаҳои «авиацияро», «авиация», «авиацияи», «авиационӣ», «авиациониро», «АВИАЦИЯ», «Авиацияи», «Авиацияе», «авиационии», «авиационие» ва «АВИАЦИОНӢ» мувофиқан ба калимаҳои «авиатсияро», «авиатсия», «авиатсияи», «авиатсионӣ», «авиатсиониро», «АВИАТСИЯ», «Авиатсияи», «Авиатсияе», «авиатсионии», «авиатсионие» ва «АВИАТСИОНӢ» иваз карда шаванд.  
2. Аз қисми якуми моддаи 1 ва матни моддаи 4 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
3. Дар матни моддаи 7, банди 1) моддаи 14, сархати дуюми қисми чоруми моддаи 38, қисми дуюми моддаи 54, қисмҳои дуюм, панҷум, сархатҳои якум ва дуюми қисми шашуми моддаи 56, қисми якуми моддаи 63, қисми дуюми моддаи 64, ном, қисмҳои якум ва дуюми   моддаи 74, матни моддаи 75, ном ва матни моддаи 84, қисми якуми моддаи 88, матни моддаи 94 ва қисми сеюми моддаи 107 калимаҳои «қаламрави», «қаламравҳои», «ҳудуди қаламрави» ва «қаламрав» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди», «ҳудудҳои», «доираи ҳудуди» ва «ҳудуд» иваз карда шаванд. 
4. Ба моддаи 38 қисми ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонад бо мақоми ваколатдори давлати дигар шартнома дар бораи додани баъзе уҳдадорӣ ва вазифаҳои давлати бақайдгиранда вобаста ба ҳавопаймое, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба имзо расонад ва дар ин бора Шурои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданиро хабардор намояд.».
5. Ба қисми панҷуми моддаи 72 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои ҳавопаймоҳое, ки барои мақсадҳои ҳарбӣ, гумрукӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ истифода мешаванд,» илова карда шаванд.
6. Моддаи 751 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 751. Пешниҳоди маълумоти шахсии дастрасиашон умумии мусофирони ҳавопаймо ва дигар маълумот дар бораи ҳамлу нақли мусофирон
Ҳамлу нақлдиҳандагон дар бораи мусофироне, ки воридшавиашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлати таъинот ё транзит рад карда мешавад, фиристонидани маълумоти шахсии дастрасиашон умумии мусофирони ҳавопаймоҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва аз он беруншаванда, инчунин, тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар маълумотро дар бораи ҳамлу нақли мусофирон ба системаҳои иттилоотии мақоми махсуси соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалии мусофирон, инчунин, ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, ки давлатҳои сафар, таъинот ё транзит мебошанд, таъмин менамоянд. 
Тартиби иттилоотонӣ дар бораи мусофирони вурудашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон радшаванда ба ҳамлу нақлдиҳандагоне, ки ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалии мусофиронро амалӣ менамоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».
7. Дар моддаи 99:
- ба қисми якум ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Зимнан пардохти хизматрасонӣ ва пардохти ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон дар асоси тарифҳо барои ҳамлу нақли дохилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.»;
- қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Корхонаҳои авиатсионӣ ҳуқуқ доранд аз ҳисоби худ барои категорияи алоҳидаи шаҳрвандон имтиёзҳо муқаррар намоянд.».
8. Дар қисми якуми моддаи 100: 
- дар банди 7) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;  
- банди 8) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«8) агар воридшавии мусофир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар манъ шуда бошад.». 
9. Дар моддаи 101:
- дар қисми дуюм калимаи «боҷ» ба калимаи «хироҷ» иваз карда шавад;
- қисмҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Ҳамлу нақлдиҳанда уҳдадор аст, ки мусофири ҳавопайморо дар бораи шартҳои баргардонидан ё барнагардонидани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохтшуда пеш аз бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир огоҳ кунад ва ҳолати мазкурро дар шартнома дарҷ намояд.
Дар сурати даст кашидани мусофири ҳавопаймо аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, бо сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо, инчунин, дар ҳолатҳои дигари ноилоҷ даст кашидан бо гуноҳи ҳамлу нақлдиҳанда, ки Қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, ба мусофир маблағи пардохт барои ҳамлу нақли ҳавоӣ, аз ҷумла маблағи пардохти бебозгашт пурра баргардонида мешавад.».  
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1933
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2022, № 910
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 342


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2023    №: 1-9    Мутолиа карданд: 1099
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед