иҷтимоиёт
ПАЁМИ ОБУ ТАБИАТ
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ паёми рушди обу ҳифзи пиряхҳо ва табиати биҳиштосои диёри тоҷикон гардид. Дар он дар баробари рушди минбаъдаи илму маориф, кишоварзӣ масоили ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои глобалии сатҳи ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон перомуни ҳифзи пиряхҳо ва муҳити зист чун пайки тозае ба аҳли мамлакат расид.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф намуд ва 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯбаи СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба он соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад. Сарвари давлат ба масоили экологӣ ва боигариҳои табиии кишвар, сарчашмаҳои обии Тоҷикистон ишора намуда, гуфтанд: “Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад. Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати қабули ин қарори муҳиму таърихии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид самимона табрик мегӯям”.
Аз рӯйи маълумоти мутахассисону коршиносон, имрӯз дар тамоми ҷаҳон 1,5 миллиард одам имконияти истифода бурдан аз оби ошомиданиро надорад. Беш аз 7 миллион нафар ҳар сол аз сабаби бемориҳои аз оби ифлос сарзананда ба ҳалокат мерасад. Аз ин шумора 2,2 миллиони онҳоро кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 сол боз ҳамасола бо ташаббусҳои наву арзишманди хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ бобати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ барномаҳои мукаммалу мушаххас пешниҳод месозанд. Ҷаноби Олӣ, ҳамчунин, ташаббускори таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошанд, чун Тоҷикистони дорои 14509 пиряхи хурду бузург, аз ҷумла пиряхҳои азими Федченко, Бовачий ва Хирсон, машҳури ҷаҳонанд.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз рӯйи захираҳои об дар ҷойи аввал меистад. Дар ҷумҳурӣ 947 дарё ҷорист. Қариб шаш фоизи масоҳати кишварамонро пиряхҳо ташкил додаанд. Ҳамчунин, 1300 кӯл мавҷуд аст. Дар ин самт зарурати истифодаи оби поки кӯли Сарез ба миён омадааст. Ҳаҷми захираҳои обии ин кӯл зиёда аз 17 миллиард метри мукааб буда, онро метавон барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолии минтақа истифода бурд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 аз минбари СММ иброз дошта буданд: «Ҳамагон бояд бидонем, ки қимати об аз нафту газ ва дигар захираҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои нерубахш барои устувории ояндаи кишварҳои минтақа камтар нест».
Маҷид САЛИМ, адиб, барандаи
Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2023 №: 10-11 Мутолиа карданд: 861