logo

сиёсат

ПАЁМ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Паёми Пешвои миллат – беҳтарин, мукаммалтарин раҳнамои таҳлилӣ, арзёбии воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чи аз лиҳози ҷиддияти назарияи илмӣ ва чи аз нигоҳи арзишмандии таҷрибаи сиёсӣ мебошад.
С. ЯТИМОВ
 
Чи тавре ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд, дар ҳақиқат, соли 2022 соли пур аз барор ва пешравиҳо буд. 
Таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои бузург, аз қабили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 31-солагии Истиқлоли давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамовозӣ пайдо намудани ташаббуси Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва рушду нумӯи бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат моро водор месозанд, ки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар соли 2023 вазифаҳои мушаххасу муайянеро дар пеши худ гузорем.
Дар Паём рисолати мардуми тоҷик саҳеҳ ва дақиқ нишон дода шудааст. Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи хосса равон намуданд, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон мебошад. Дар авзои фарогир ва носозгори ҷаҳони имрӯза нақши волидайн, махсусан модаронро, дар тарбияи насли ояндасози солим ва ватанпараст хеле муҳим арзёбӣ карданд. Оре, агар шахс ватанашро дӯст дорад, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолияту пойдории давлат, ваҳдату ягонагии миллат кӯшиш намояд, пешрафти тамоми корҳои созандагию ободкориҳои дигарро метавонад ба хубӣ анҷом диҳад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «ҳеҷ кори хуб бе подош намемонад». Дар Паёми навбатӣ аз кори хуби деҳқонон изҳори хушнудӣ карда, таъкид намуданд, ки тавонистем соли вазнинтаринро бо дастовардҳои назарраси деҳқонони мамлакат пушти сар намоем. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди кишоварзӣ ба амал бароварда шуда, барои боз ҳам васеъ кардани майдони кишт бо роҳи ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва ба ин васила ҷиҳати пайдо сохтани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии арзандаи сокинон заминаҳои мусоид ба бор  оварда мешавад. Танҳо роҳи оқилона ва дурусти коркарди замин ва баланд бардоштани фарҳанги кишоварзии деҳқонон метавонад пеши ҳама гуна буҳрони озуқавориро боздорад. 
Инкишофи илму маориф яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, дар Паём низ ба пешрафти ин соҳа диққати махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки ин соҳаи ҳаётан муҳим дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Гуфта шуд, ки вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа дар алоқамандӣ бо афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла зиёд гаштани шумораи хонандагон, сохтмони муассисаҳои таълимӣ зиёд гардида, соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 12,6 фоиз зиёд мебошад. Мо хуб медонем, ки Пешвои муаззами миллат тақдири миллатро аз дараҷаи донишомӯзии сокинон вобаста дониста, барои ноил гаштан ба ин мақсад чораҳои заруриро пеш мегиранд. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани саводнокии насли наврас ва ҷавон ҳавасмандгардонии омӯзгорон аст, ки ба ин масъала диққати ҳамаҷониба равона гашта, барои боло бурдани музди меҳнати омӯзгорон аз 1 июли соли 2023 супориш дода шуд. 
Таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ афзуда, ҷиҳати аз 1 июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонӣ то 836 сомонӣ расондан, супориш дода шуд. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар қатори маорифчиён музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва степендияҳо то 20 фоиз боло бурда мешавад. 
Хуб медонем, ки дар давраи ҳассоси имрӯза, пеш аз ҳама, бояд шароити маишию хизматии кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳарбиён хуб бошад ва ин масъала аз мадди назари Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, музди маоши кормандони ин мақомот аз 1 марти соли 2023 ба андозаи 25 фоиз баланд мегардад. 
Паёми Пешвои миллат мавриди омӯзиши тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар қарор гирифта, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо чораандешӣ карда мешавад.   
 
С. С. АБДУРАҲМОНЗОДА,
узви Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
раиси ноҳияи Дарвоз
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 576
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед