logo

энергетика

АЗ БУҲРОНИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР АВРУПО ТО ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки тайи ду соли охир ҷаҳон, бахусус кишварҳои аврупоиро, ба ташвиш овардааст, бо буҳрони энергетикӣ дастбагиребон шудани мамолики олам аст. Аз як ҷониб, рӯз ба рӯз дастрасӣ ба энергияи тоза мушкил шуда истода бошад, аз ҷониби дигар, ин раванд ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарба зада, боиси коҳишёбии он гардида истодааст. Ҳамчунин, зиндагии рӯзмарраи сокинони сайёра тағйир ёфта, норозигиҳоро ба бор овардааст. Барои рӯшан кардани омилҳои вазъи бамиёномада, назар кардем ба авзои ҷаҳон. 
 
40 ДАРСАДИ ГАЗИ АВРУПОРО РОССИЯ ТАЪМИН МЕКАРД, ҲОЛО ЧӢ? 
Вақтҳои охир баҳс атрофи нафту гази Россия низ зиёд ба назар мерасад. Ба андешаи сенатори ИМА Крис Кунс, боздоштани воридоти нафти Россия ба Аврупо “ба буҳрони ҷаҳонии энергетикӣ” ва ду баробар зиёд шудани нархи неруи барқ оварда мерасонад. Ба маълумоти муовини раиси Ҳукумати Россия Александр Новак, Аврупо солона қариб ба 500 миллиард метри кубӣ газ ниёз дорад, ки 40 дарсади онро аз Россия мегирифт. Дар чунин ҳол, даст кашидан аз гази Россия ҳолати ногувореро дар бозори ҷаҳонӣ ба миён меорад. Аз рӯи ҳаҷми газе, ки Аврупо эҳтиёҷ дорад, ҷои Россияро ба зудӣ ягон кишвар наметавонад иваз намояд. Барои ин беш аз як сол лозим аст. 
Коршинос  Валдис Плявиниш бо тасдиқи андешаҳои боло мегӯяд, ки дар пайи ин иқдом Аврупо дучори буҳрон мегардад. Болоравии арзиши гармӣ, боиси пастшавии сатҳи иқтисодии аҳолӣ мешавад. 
Зимнан, ҳанӯз моҳи марти соли гузашта сиёсатшинос ва иқтисоддони австриягӣ Герхард Манготт гуфта буд: “Аллакай, нархи газ дар мо боло рафт. Аҳолӣ барои пардохти маблағ мушкил мекашад. Болои ин нархи гарони ғизо моро нигарон кардааст”.
 
БОЗОРИ ҶАҲОНИРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
Ба навиштаи сомонаи Bloomberg, буҳрони энергетикӣ дар Аврупо бо сабаби газро иваз намудани неруи барқ ба вуҷуд омадааст. Дар ин миён кишварҳои фақиртарин бинобар якбора афзудани талабот, зарари бештар мебинанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин раванд метавонад боиси баста шудани корхонаҳо, қатъ гардидани неруи барқ ва авҷ гирифтани нооромиҳои иҷтимоӣ дар даҳсолаи оянда гардад.
Тибқи пешгӯиҳо, интизор меравад, ки то соли 2026 талабот ба гази табиӣ дар Аврупо тақрибан 60 дарсад боло равад. Қатар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кишварҳои аврупоӣ барои интиқоли сӯзишворӣ дархост қабул карда истодаанд. Аз ин лиҳоз, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, мисоли Покистон, Бангладеш ва Шоҳигарии Таиланд маҷбуранд барои харидани маҳсулот бо Олмон ва дигар кишварҳо, ки иқтисоди пешрафта доранд, рақобат намоянд. 
– Бидуни интиқоли гази Россия бозори ҷаҳонии газ дар Аврупо дучори мушкил боқӣ хоҳад монд. Нарх гаронтар мешавад ва кишварҳои тараққикунандаро лозим меояд, ки ба сарчашмаҳои дигар – сӯзишвории пастсифаттар рӯ биёранд, – хулоса мекунад rg.ru. 
 
ЭМБАРГО 
Ҷорӣ намудани он ба нафъи кист? 
Оҷонсии “Интерфакс” бо истинод ба Агентии байналмилалии энергетикӣ менависад, ки кишварҳои аврупоӣ баъд аз ҷорӣ кардани эмбарго (як намуди маҳдудият) ба нафт ва маҳсулоти нафтии Россия барои дарёфти сӯзишвории берун аз Россия тавлидшаванда ба мушкили шадид дучор мегарданд. Ба иттилои ин ниҳод, моҳи октябр нархи маҳсулоти дизелӣ дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 70 дарсад боло рафта, дар баробари ин, захираи ин навъи маҳсулот хеле кам шудааст. Ин боиси афзоиши таваррум гашта, ба иқтисоди ҷаҳон фишор овард. 
Таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки камчинии маҳсулот қабл аз муноқишаи Россия бо Украина ба назар мерасид. Ин мушкил аз замони сар задани бемории коронавирус, ки боиси баста шудани корхонаҳои коркарди нафт гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то 3,5 миллион баррел (воҳиди ченаки маҳсулоти нафтӣ) коҳиш ёфт, эҳсос мешуд. Аз ин рӯ, тибқи таҳлилҳо, то соли 2024 бояд корхонаҳои нави коркарди нафт бо иқтидори 2,7 миллион баррел ба кор дароварда шаванд, то норасоие, ки аз ҳисоби неруи гармидиҳандаи аз Россия воридшаванда ба миён омадааст, бартараф гардад.  
 
ОЯНДА ПЕЧИДАТАР МЕШАВАД? 
Иқтисодчии Фонди байналмилалии асъор Пер-Оливе Гуринш бар он аст, ки Аврупо имсол ва соли оянда аз буҳрони энергетикӣ танқисӣ хоҳад кашид. 
Ба таъкиди ӯ, буҳрони шадиди энергетикӣ зиндагиро дар Аврупо мушкил гардонда, ба рушди иқтисодиёт монеа эҷод кардааст. “Нархи газ нисбат ба соли гузашта, чор баробар боло рафт. Инро ҳам бояд гуфт, ки азнавтақсимкунии геополитикии захираҳои энергетикӣ хусусияти васеъ ва доимӣ дорад. Зимистони соли равон барои Аврупо осон намеояд, зеро эҳтимол меравад, ки оянда вазъ боз ҳам печидатар гардад”, – илова кардааст Гуринш. 
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ки дар нишасти моҳи октябр роҳбарони 27 кишвари Аврупо дар Брюссел масъалаи буҳрони энергетикӣ ва рафъи онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Роҳбари Шурои Аврупо Шарл Мишел изҳор дошт, ки дар ин ҷода талошҳо бояд аз рӯи тарҳҳои мушаххас ва сармоягузории ҳадафманд баҳри фароҳам сохтани инфрасохтори энергетикӣ сурат гиранд, то вобастагӣ аз сӯзишвории Россия тадриҷан коҳиш ёбад. “Иқтисоди мо аз ин ҷиҳат нисбат ба шарикони тиҷоратиамон таъсири манфии бештар дид. Дурнамои рушди оянда танҳо аз он вобаста нест, ки мо чӣ гуна зарбаи энергетикиро аз миён мебарем, балки бо ҷорӣ намудани технологияву сармоягузорӣ чӣ гуна рақобатпазирии соҳаро таъмин менамоем”, – гуфт ӯ. 
Чуноне вазъи мавҷуда нишон медиҳад, буҳрони энергетикӣ дар солҳои наздик ҳамчун як масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Тадбирҳои андешидаи кишварҳои аврупоӣ дар ин чӣ натиҷа медиҳанд, ҳанӯз маълум нест. Вале рӯшан аст, ки аз ин раванд иқтисоди ҷаҳонӣ зарар мебинад.
 
ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН
Бо вуҷуди оне, ки буҳрони энергетикӣ, аллакай, ба баъзе кишварҳо зарари ҷиддии худро расондааст ва ин раванд босуръат идома дорад, тибқи таҳлилҳо, Тоҷикистон аз буҳрон дар канор мемонад. Далели ин поёнравии нархи сӯзишворӣ тайи моҳҳои охир аст.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд, ки бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳаи дигар ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Ғайр аз ин, ба таъкиди Сарвари давлат  таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» бо харҷи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъа ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гомҳои устувор мениҳад ва дар замоне, ки ҷаҳон аз барқу гармӣ танқисӣ мекашад, бо пурра сохта шудани Неругоҳи барқи обии "Роғун" солҳои наздик ба яке аз таъминкунандагони асосии энергия дар минтақа табдил меёбад.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 625
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед