иҷтимоиёт
ҒАМХОРӢ ПОДОШ МЕХОҲАД
Барои боло бурдани сатҳи маърифати насли ҷавон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нек меандешанд.
Махсусан, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз сабаб гардид, ки ҷавонон ба китобу китобхонӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир бикунанд. Ғолибон бо маблағи калони пулӣ қадр мешаванд. Чунин иқдоми созанда дар ҳеҷ як аз кишвари ҷаҳон то ба ҳанӯз сурат нагирифтааст.
Ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 декабри соли 2022) бори дигар собит сохт, ки шахсиятҳои огоҳу маъруфи ҷаҳонӣ ояндаи дурро дида метавонанд ва дуруст ҳам раҳнамоӣ мекунанд.
Махсусан, таъкиди ин нукта, ки танҳо миллати саводнок манфиатҳову арзишҳои давлату миллат, дастовардҳои истиқлол ва ваҳдатро ҳифз мекунанд, давлату миллатро пойдор нигоҳ медоранд, марому мақсадро бисёр рӯшан менамоянд.
Яъне, моро вазифадор карданд, ки бештару беҳтар таълим бигирем, бихонем, то ҷомеа бесавод намонад. Инчунин, барои оянда, бақои миллату давлат, дастовардҳо тадбирҳои нек биандешем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иктифо намекунанд, балки барои он шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам меоранд. Дастур медиҳанду пешниҳод менамоянд, ки сол ба сол идрорпулиҳоро биафзоянд. Инчунин, фоизи маоши омӯзгоронро баланд бибардоранд.
Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди кормандони муассисаҳои маориф ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Албатта, ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар баробари сипосгузорӣ мо бояд хуб таҳсил бикунем ва омӯзгорон барои боло бурдани маърифату дониши мо бештар саъй ба харҷ бидиҳанд.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
магистранти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2023 №: 10-11 Мутолиа карданд: 726