қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, №10, мод. 818; с. 2011, № 3, мод. 160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, № 7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, №3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, № 2, мод. 68, № 7-8, мод. 528; с. 2019, № 4, мод. 228, № 6, мод. 323; с. 2020, № 1, мод. 24, № 12, мод. 920; с. 2021, № 1-2, мод. 18; с. 2022, № 1-3, мод. 19, № 7, мод. 448), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 127 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Декларант барои риоя накардани вазифаҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, дарҷ намудани маълумоти носаҳеҳ дар декларатсияи гумрукӣ, инчунин, барои ба брокери гумрукӣ (намоянда) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои беэътибор, аз ҷумла қалбакӣ ва (ё) дорои маълумоти баръало бардурӯғ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.».
2. Моддаи 345 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 345. Озодкунии молҳои алоҳида аз пардохти боҷҳои гумрукӣ
Намудҳои зерини воридот аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд:
1) воридоти пули миллӣ ё асъор (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматикӣ), инчунин, коғазҳои қиматнок;
2) воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
3) воридоти молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти молҳо ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти молҳое, ки ройгон ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ барои мақсадҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо дода мешаванд;
4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг), барои ташаккул ё пурра кардани сармояи (фонди) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман барои истеҳсоли мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошанд. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, боҷҳои гумрукӣ, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудаанд, ба буҷет ситонида мешаванд, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);
5) воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти муосири ташхису табобат, дорувории тиббӣ, ба истиснои дорувории тиббии дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки тартиб ва номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
6) воридоти молҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ;
7) воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавандае, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
8) воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи дигар барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда. Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда ва маводи дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;
9) воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) бевосита аз ҷониби истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) воридоти алюминийи аввалия;
11) воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавӣ, инчунин, қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо, арзиши хизматрасонӣ ва таъмир;
12) воридоти молҳои махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мутобиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
13) воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва (ё) воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво;
14) воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
15) воридоти техника ва таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии зерин, ба истиснои воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад:
- техникаи кишоварзӣ;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсол, инчунин, фурӯши моли (маҳсулоти) ниҳоии истеҳсолшуда;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсоли худӣ;
16) воридоти автомобилҳои нав бевосита аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (агар аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаи онҳо то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо рамзҳои молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 тибқи номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 50 фоиз;
17) воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо.
Эзоҳ: Муқаррароти бандҳои 5), 8) ва 13)-16) то 31 декабри соли 2026 амал мекунанд.».
3. Дар моддаи 394:
- қисмҳои 9, 10 ва 11 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«9. Мақомоти гумрук дар давраи муҳлати даъво ҳуқуқ доранд, ки маблағи пардохтҳои гумрукии аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пардохтшавандаро ҳисоб намоянд (иловатан ҳисоб намоянд), пардохтҳои гумрукии ҳисобшударо (иловатан ҳисобшударо) тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонанд.
10. Иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давраи муҳлати даъво мустақилона уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро аз нав бозҳисобӣ ва ислоҳ намояд, инчунин, баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшуда ё ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андозро тибқи моддаи 396 ҳамин Кодекс талаб намояд.
11. Муҳлати даъво дар давраи амали мораторияи санҷишҳои гумрукӣ боздошта мешавад.»;
- қисми 9 қисми 12 ҳисобида шавад.
4. Дар қисми 18 моддаи 417 баъд аз калимаи «Қарорро» калимаҳои «дар шакли фармоиш» илова карда шаванд.
5. Дар банди 2 қисми 1, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 461 ва қисми 1 моддаи 493 калимаҳои «идораҳои» ва «Идораҳои» мувофиқан ба калимаҳои «раёсатҳои» ва «Раёсатҳои» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1932
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 3 октябри соли 2022, № 841
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 341
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2023 №: 10-11 Мутолиа карданд: 827