logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719; с. 2013, №3, мод. 180; с. 2015, №11, мод. 954; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, №1, мод. 7, №7-8, мод. 523; с. 2019, №1, мод. 7; с. 2020, №4-5, мод. 235, №12, мод. 905; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 692; с. 2022, №1-3, мод. 8, №7, мод. 441), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 4:
- сархати сеюми қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«шикоят – муроҷиат дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс;»;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Аризаи даъвогӣ (ариза), шикоят, эътироз ва ҳуҷҷатҳои дигар ба судҳои иқтисодӣ дар шакли хаттӣ ва (ё) электронӣ пешниҳод карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда дар сомонаи судҳои иқтисодӣ ҷойгир карда мешаванд.». 
2. Дар моддаи 11:
- ба қисми 5 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Дар маҷлиси пӯшидаи судӣ истифодаи воситаҳои сабти аудио ва видео иҷозат дода намешавад.»;
- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:  
«7. Шахсони иштироккунандаи маҷлиси ошкорои судӣ ҳуқуқ доранд аз ҷараёни муҳокимаи судӣ қайдҳо сабт намоянд.   Наворбардории кино, аксбардорӣ, сабти видео ва пахши маҷлиси судии суди иқтисодӣ тавассути телевизион ва шабакаи интернет бо иҷозати судя - раисикунандаи маҷлиси судӣ мумкин аст.».
3. Ба моддаи 15 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Санадҳои судӣ дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд. Санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои судҳои иқтисодие, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд ва (ё) парванда дар мурофиаи пӯшидаи судӣ баррасӣ гардида бошад, метавонанд дар шакли электронӣ тартиб дода шаванд, ки онҳо бо имзои электронии рақамии судя ё ҳайати суд тасдиқ карда мешаванд. Агар санади судӣ дар ҳайати дастаҷамъонаи суд қабул шуда бошад, он бо имзои электронии рақамии ҳамаи судяҳое, ки дар баррасии парванда иштирок доштанд, тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми дар шакли электронӣ тартиб додани санади судӣ нусхаи он иловатан дар шакли коғазӣ чоп карда мешавад.». 
4. Дар моддаи 18:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ҳайати суд барои баррасии парванда, аз ҷумла парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ, тавассути истифодаи низоми автоматикунонидашудаи иттилоотӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми ғайриимкон будани истифодаи низоми автоматикунонидашудаи иттилоотӣ дар суд, ҳайати суд аз тарафи раиси суди иқтисодии дахлдор муайян карда мешавад.»;
- дар қисми 2:
- аз матни қисм калимаи «ҳатман» хориҷ карда шавад;
- дар сархати дуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар ҳолати бозхонд ва (ё) озод намудани судя бо асосҳои пешбининамудаи қонун.»;
- қисми  4 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«4. Анҷом додани амалҳои мурофиавӣ дар ҳолатҳои таъхирнопазир, аз ҷумла  мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ аз ҷониби як судя ба ҷойи судяи дигар, иваз кардани судя ҳисобида намешавад.».
5. Дар қисми 3 моддаи 21 калимаҳои «ба тариқи назоратӣ дар Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «дар суди иқтисодии марҳилаи назоратӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 40:
- дар матни қисм калимаҳои «, ва нусхаи санадҳои судиро, ки дар шакли ҳуҷҷати алоҳида қабул гардидаанд, гиранд» ба калимаҳои «ва санадҳои судиро бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур гиранд» иваз карда шаванд;
-  ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шудаанд, бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи суди иқтисодӣ пешниҳод намоянд.».
7. Ба қисми 2 моддаи 63 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ба сифати далел истифода намудани сабти видеоии баёноти шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигар, ки дар баррасии парванда дар судҳои иқтисодӣ  бо тартиби пешбининамудаи моддаи 1521 ҳамин Кодекс гирифта шудаанд, иҷозат дода мешавад.».
8. Ба қисми 3 моддаи 74 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Агар нусхаи ҳуҷҷатҳо ба суди иқтисодӣ дар шакли электронӣ пешниҳод гардида бошанд, суд метавонад пешниҳоди нусхаи аслии ин ҳуҷҷатҳоро дар шакли хаттӣ талаб намояд.».
9. Ба қисми 1 моддаи 91 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ариза доир ба тадбирҳои таъминотӣ мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.».
10. Ба қисми 1 моддаи 98 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ариза доир ба тадбирҳои таъминотии пешакӣ мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.».
11. Сархати якуми қисми 2 моддаи 120 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ном ва суроға, сомона, рақами телефон ва суроғаи почтаи электронии суди иқтисодӣ;».
12. Ба қисми 1 моддаи 121 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Агар суди иқтисодӣ далелҳои кофӣ дошта бошад, ки шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судӣ нусхаи таъиноти қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ва оғоз кардани истеҳсолоти парванда, маълумот оид ба вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судии бори аввал бо парванда баргузоршударо гирифтаанд, санадҳои судие, ки бо онҳо вақт ва маҳалли маҷлисҳои судии минбаъда ё гузаронидани амалҳои мурофиавии алоҳида таъин мегарданд, ба шахсони  номбурда, бо ҷойгир намудани  ин  санадҳои  судӣ дар сомонаи судҳои иқтисодӣ бо тартибе, ки барои шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ дастрас бошад, ирсол карда мешаванд. Судҳои иқтисодӣ, инчунин, шахсони номбурдаро оид ба маҷлисҳои судии минбаъда ва амалиёти мурофиавии алоҳида оид ба парванда ба воситаи ирсоли телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ ё почтаи электронӣ ва (ё) воситаҳои дигари алоқа хабардор менамоянд.».  
13.  Моддаи 122 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 122. Ба таври дахлдор хабардор намудан 
1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ ба таври дахлдор хабардоршуда ба ҳисоб мераванд, агар то оғози маҷлиси судӣ ва (ё) гузаронидани амали мурофиавии алоҳида суд дар бораи аз ҷониби шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат гирифтани нусхаи таъинот оид ба таъини маҷлиси пешакии судӣ ва муҳокимаи судӣ, ки ба онҳо бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ирсол шудааст, маълумот дошта бошад ё дар суд дар бораи аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи иқтисодӣ гирифтани маълумот оид ба мурофиаи судии таъиншуда далелҳои дигар мавҷуд бошанд.     
2. Шахс ба таври дахлдор хабардоршуда ба ҳисоб меравад, агар хабарномаи судӣ ба ӯ шахсан ва (ё) ба шахси болиғи бо ин шаҳрванд якҷоя истиқоматкунанда бо гирифтани дастхат дар қисми хабарномае, ки бояд ба суд баргардонида шавад ва (ё) дар ҳуҷҷати дигар бо нишон додани сана, рӯз ва вақти супоридани он  дода шуда бошад.
3. Хабарномаи судӣ ба шахси ҳуқуқӣ тавассути шахси барои қабули мукотибот ваколатдор супорида мешавад.
4. Шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба таври дахлдор хабардоршуда ба ҳисоб мераванд, агар:
- шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат гирифтани хабарнома ва (ё) нусхаи санади судиро рад кардааст ва ин радкунӣ аз ҷониби ташкилоти алоқаи почта ё суди иқтисодӣ ба расмият дароварда шудааст;
- ба огоҳномаи ташкилоти алоқаи почта нигоҳ накарда, шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат барои гирифтани нусхаи санади судии аз ҷониби суди иқтисодӣ бо тартиби муқарраркарда ирсолнамуда ҳозир нашуда бошад ва дар ин бора ташкилоти алоқаи почта суди иқтисодиро хабардор карда бошад;
- нусхаи санади судӣ бинобар ҳозир набудани шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат дар суроғаи дарҷгардида супорида нашуда бошад ва ташкилоти алоқаи почта дар ин хусус суди иқтисодиро бо нишон додани сарчашмаи маълумоти мазкур огоҳ карда бошад;
- хабарномаи судӣ ба шахси ваколатдори филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқӣ супорида шуда бошад;
- хабарномаи судӣ ба намояндаи ваколатдори шахси иштироккунандаи парванда супорида шуда бошад;
- дар бораи бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 121 ҳамин Кодекс супоридан ё ирсол гардидани хабарномаи судӣ далелҳои кофӣ мавҷуд бошанд;
- хабарномаи судӣ ба суроға, ҷойи истиқомат ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии охирини барои суд маълуми ҷавобгар ирсол гардида бошад, дар сурати муайян набудани суроға, ҷойи истиқомат ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар.».
14. Моддаи 123 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 123. Иваз шудани номи шахс, тағйирёбии суроға ҳангоми баррасии парванда
1. Шахсони иштироккунандаи парванда уҳдадоранд оид ба иваз шудани ном (номи шахси ҳуқуқӣ) суди иқтисодиро огоҳ намоянд. Дар ҳолати набудани чунин маълумот шахси иштироккунандаи парванда дар санади судӣ бо назардошти номи охирини барои суд маълуми ин шахс дарҷ карда мешавад. 
2. Шахсони иштироккунандаи парванда уҳдадоранд оид ба тағйир ёфтани суроғаи худ ҳангоми баррасии парванда суди иқтисодиро огоҳ намоянд. Ҳангоми набудани чунин маълумот  хабарномаи судӣ ва (ё) нусхаи санади суд ба суроғаи охирини барои суд маълум ирсол гардида, расонидашуда ба ҳисоб меравад, гарчанде шахси қабулкунандаи ҳуҷҷат дар ин суроға набошад ё истиқомат накунад.
3. Агар шахси иштироккунандаи парванда ба суди иқтисодӣ рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ё маълумоти дигари ба ин монандро расонида бошад, ин шахс бояд ба суди иқтисодӣ оид ба тағйирёбии онҳо дар давраи баррасии парванда хабар диҳад. 
4. Суди иқтисодӣ маълумот оид ба тағйирёбии номи шахси иштироккунандаи парванда, суроғаи ҷойгиршавӣ, рақами телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ ва (ё) маълумоти дигари ба ин монандро дар таъинот ва (ё) протоколи маҷлиси судӣ сабт менамояд.».
15. Қисми 1 моддаи 1234 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ариза дар бораи қабули фармон ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда мумкин аст ба суди иқтисодӣ дар шакли хаттӣ ва (ё) дар шакли электронӣ  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.».
16. Дар моддаи 124:
-  ба қисми 1 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Аризаи даъвогӣ, инчунин, мумкин аст ба судҳои иқтисодӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.»;
- ба сархати дуюми қисми 2 пас аз калимаи «инфиродӣ»  калимаҳои «, рақамҳои телефон, факс, суроғаи почтаи электронӣ» илова карда шаванд.
17. Ба қисми 4 моддаи 126 пас аз калимаҳои «иҷрои он» калимаҳои   «, инчунин, рақамҳои телефон, алоқаи факсимилӣ, сомона ва суроғаи почтаи электронии суди иқтисодӣ» илова карда шаванд.
18. Ба қисми 1 моддаи 130 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Изҳори назар, инчунин, мумкин аст ба суди иқтисодӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.».
19. Моддаи 1521 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 1521. Иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн)
1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва иштироккунандагони дигари мурофиаи иқтисодӣ метавонанд тариқи реҷаи мустақим (онлайн) дар мурофиаи судӣ иштирок кунанд, агар онҳо дар ин хусус дархост намуда бошанд ва агар дар судҳои иқтисодӣ ва судҳои юрисдиксияи умумӣ имконияти техникии истифодаи алоқаи видеоӣ мавҷуд бошад.
2. Дар сурати қонеъ намудани дархост дар бораи иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ба суди иқтисодии дахлдоре, ки бо мусоидати он муроҷиаткунанда метавонад дар  маҷлиси судӣ иштирок намояд, ҷиҳати ташкил намудани алоқаи видеоӣ супориши судӣ ирсол намуда, дар ин хусус тибқи талаботи моддаи 72 Кодекси мазкур таъинот қабул менамояд. Нусхаи таъиноти суди иқтисодӣ ба суди юрисдиксияи умумие, ки гузаронидани маҷлиси судиро бо истифодаи алоқаи видеоӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таъмин намояд, ирсол карда мешавад.
3. Суди иқтисодие, ки ташкил намудани реҷаи мустақимро (онлайнро) амалӣ менамояд, ба суд ҳозир шудани шахсонро санҷида, шахсияти шахсони ҳозиршударо муайян мекунад, ваколати онҳоро санҷида, масъалаи  имконияти иштироки онҳоро дар маҷлиси судӣ тибқи талаботи қисми 2 моддаи 152 Кодекси мазкур ҳал мекунад.
4. Ҳангоми истифодаи реҷаи мустақим (онлайн) дар суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ менамояд, протоколи маҷлиси судӣ тартиб дода шуда, сабти видеоии маҷлиси судӣ гузаронида мешавад. Ҳомили сабти видеоии маҷлиси судӣ дар муҳлати панҷ рӯз ба суде, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ирсол гардида, ба протоколи маҷлиси судӣ ҳамроҳ карда мешавад.».
20. Дар моддаи 167:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ ва (ё) электронӣ) тартиб дода мешавад. Агар дар суди иқтисодӣ имконияти дар шакли электронӣ тартиб додани ҳалнома  мавҷуд набошад, ҳалнома танҳо дар шакли хаттӣ (коғазӣ) таҳия карда мешавад.».   
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Ҳангоми дар шакли электронӣ таҳия кардани ҳалнома иловатан нусхаи он дар шакли хаттӣ таҳия гардида, он низ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.». 
21.  Ба моддаи 174 қисми  4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Ҳангоми дар шакли электронӣ таҳия намудани қисми хулосавии ҳалнома иловатан нусхаи он дар шакли хаттӣ таҳия гардида, он низ ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.»;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
22. Қисми 1 моддаи 175 дар таҳрири зерин ифода  карда шавад:
«1. Ҳалномае, ки дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул шудани он ба шахсони иштирокчии парванда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ дар реҷаи дастрасии маҳдуд, ирсол карда мешавад. Нусхаи ҳалнома дар шакли хаттӣ (коғазӣ) бо дархости шахсони номбурда дар ҳамин муҳлат, тавассути почта бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома оид ба супоридан ирсол карда мешавад ва (ё) бо гирифтани забонхат ба онҳо супорида мешавад.».
23. Моддаи 184 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 184. Фиристодани таъинот
1. Таъиноте, ки дар шакли санади судии алоҳида қабул гардида, дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, на дертар аз як рӯзи пас аз қабул шудани он ба шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигари манфиатдор бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ дар реҷаи дастрасии маҳдуд, ирсол карда мешавад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Бо дархости шахсони номбурда нусхаи таъиноте, ки дар шакли санади судии алоҳида дар шакли хаттӣ қабул гардидааст, ба онҳо дар муҳлати панҷ рӯз аз рӯзи ворид шудани дархости дахлдор ба суди иқтисодӣ тавассути почта бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома оид ба супоридан ирсол карда мешавад ва (ё) бо гирифтани забонхат супорида мешавад.
2. Агар таъинот танҳо дар шакли хаттӣ таҳия гардида бошад, суди иқтисодӣ нусхаи таъинотро ба шахсони номбурда дар муҳлати панҷ рӯз аз рӯзи қабули таъинот тавассути почта бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома оид ба супоридан, ирсол менамояд ва (ё) бо гирифтани забонхат супорида мешавад, агар дар Кодекси мазкур муҳлати дигаре пешбинӣ нашуда бошад.».
24. Ба қисми 3 моддаи 209 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Агар ҳалномаи судӣ дар шакли электронӣ тартиб дода шуда бошад, нусхаи он на дертар аз рӯзи дигари қабули он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ дар реҷаи дастрасии маҳдуд ҷойгир карда мешавад.».
25. Ба қисми 1 моддаи 239 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Шикоят ё эътирози кассатсионӣ мумкин аст дар шакли электронӣ бо  имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.».
26. Ба қисми 3 моддаи 241 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Изҳори назар ба шикоят ё эътирози кассатсионӣ мумкин аст ба суди иқтисодӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.».
27. Ба қисми 1 моддаи 271 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шикоят ё эътирози назоратӣ мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.».
28. Ба қисми 1 моддаи 289 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда мумкин аст дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда бо ҷойгир намудани он дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1931
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Муовини якуми Раиси 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ВАТАНЗОДА
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2022, № 865
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 328
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 836
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед