logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ. 1, м. 681; с. 2022, №1-3, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 12 моддаи 21 калимаҳои «молу мулки давлатӣ» ба калимаҳои «объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 189: 
- дар банди 7) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 8) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«8) даромадҳои ғайрирезидент аз лизинги амалиётии (иҷораи) киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, инчунин, аз хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо ва агрегатҳои асосии онҳо тибқи шартномаҳои дахлдор бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ.».
3. Дар моддаи 251:
- дар сархати понздаҳуми қисми 4 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- воридоти сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ;
- воридоти (воридоти муваққатии) киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ.»; 
- қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«7. Хизматрасониҳои лизинги амалиётии (иҷораи) ғайрирезидент ба ширкати ватании ҳавопаймоӣ вобаста ба киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. 
8. Амалиёте, ки ғайрирезидент барои ширкати ватании ҳавопаймоӣ вобаста ба хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ онҳо анҷом медиҳад, инчунин, воридоти киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо пас аз хизматрасонӣ ва таъмир дар давлатҳои хориҷа аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.».
4. Дар қисми 1 моддаи 286:
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- воридоти сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ новобаста ба муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур.».
5. Ба моддаи 397 қисми 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«18. Муқаррароти банди 8) қисми 2 моддаи 189, сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳуми қисми 4, қисмҳои 7 ва 8 моддаи 251 ва сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 286 Кодекси мазкур то 1 сентябри соли 2027 амал мекунанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 сентябри соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1934
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 7 декабри соли 2022, № 931
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 343
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 724
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед