қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ПАСАНДОЗҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 612; с. 2015, №11, мод. 973; с. 2018, №7-8, мод. 534) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 22:
- қисми 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«14. Шахсе, ки аз пасандоздор ҳуқуқи талаб кардани пасандозро баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ аз рӯи чунин пасандоз ҳуқуқ надорад, ба истиснои шахси воқеие, ки ҳуқуқи талаб кардани пасандози аз рӯи он ба пасандоздор ҷубронпулӣ пардохтнагардидаро бо тартиби мерос соҳиб шудааст. Меросхӯр ҳуқуқ дорад аз ҳуқуқҳои пасандоздори фавтида, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз лаҳзаи ба меросхӯр додани шаҳодатномаи дахлдори ҳуқуқ ба мерос ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи ӯ ба мерос ё ҳуқуқи истифодаи маблағҳои пулии меросгузор, истифода барад.»;
- қисми 15 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«15. Ҳангоми бо тартиби мерос ба якчанд шахс гузаштани ҳуқуқи талаб кардани пасандози пасандоздор баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ, ҳар яке аз онҳо ҳуқуқ ба қисми ҷубронпулии ба пасандоздор пардохтнашударо ба андозаи баробар ба ҳуқуқи соҳибшудаи ӯ барои талаб кардани пасандози мазкур соҳиб мешавад. Пардохти ҷубронпулӣ ба меросхӯр аз рӯи пасандози мазкур аз пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамон меросхӯр аз рӯи пасандозҳои дигар вобаста намебошад. Андозаи умумии пардохтҳо ба ҳамаи меросхӯрон аз рӯи пасандозе, ки ҳуқуқи талаб кардан ба он бо тартиби мерос гузаштааст, бо андозаи ниҳоии ҷубронпулӣ аз рӯи пасандози муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маҳдуд карда мешавад.».
2. Дар қисми 1 моддаи 25 пас аз калимаи «суғуртавӣ» калимаҳо ва рақамҳои «, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 14 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1943
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2022, № 893
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 344
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2023 №: 10-11 Мутолиа карданд: 815