logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ГАРАВХОНА (ЛОМБАРД)»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 520; с. 2014, №11, мод. 662; с. 2020, №7-9, мод. 619) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
1. Аз ном ва муқаддимаи Қонун, сархати якуми моддаи 1, ном ва матни моддаи 2, қисми 1 моддаи 4 аломат ва калимаҳои «(ЛОМБАРД)», «(ломбард)» ва «(ломбард, минбаъд - гаравхона)» хориҷ карда шаванд. 
2. Моддаҳои 31 ва 32 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 31. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо мансубанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо; 
- амалӣ намудани дигар салоҳияти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 32. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- мониторинги фаъолияти гаравхонаҳо;
- натиҷагирӣ аз таҷрибаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо; 
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо; 
- иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхонаҳо;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
3. Дар матни моддаи 5 калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати панҷуми қисми 4 моддаи 4, ном ва матни моддаи 5, қисми 5 моддаи 7, қисми 3 моддаи 8, сархати чоруми қисми 2 моддаи 10 ва сархати чоруми қисми 2 моддаи 11 калимаҳои «нархгузории», «Нархгузории», «нархгузорӣ» ва «нархгузоришудаи» мувофиқан ба калимаҳои «баҳодиҳии», «Баҳодиҳии», «баҳодиҳӣ» ва «баҳододашудаи» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1945
 
 
Қарори Маҷлиси   намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 декабри соли 2022, № 924
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 346
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 824
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед