logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» аз 14 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 408; с. 1998, № 10, мод.76; с. 1999, № 6, мод. 166; с. 2000, № 11, мод. 521; с. 2001, № 7, мод. 481; с. 2004, № 2, мод. 39; с. 2006, № 4, мод. 197; с. 2013, № 7, мод. 540; с. 2019, № 1, мод. 19) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 11:
- дар қисми якум калимаи «шахси» ба калимаи «шахсони» иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои «шахси ҳуқуқӣ» ба калимаи «шахсони ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 21:
- дар қисми якум калимаҳои «Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюми қисми дуюм калимаҳои «дар дасти» ба калимаҳои «ба зиммаи» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми дуюми моддаи 23 калимаҳои «Маҷлисҳои вилоятӣ ва дигар маҷлисҳои маҳаллӣ» ба калимаҳои «Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати дуюми қисми шашуми моддаи 28 калимаҳои «радио ва видеоро» ба калимаи «радиоро» иваз карда  шаванд.
5. Дар ҷумлаи дуюми қисми дуюми моддаи 31 калимаҳои «нафақаи гум кардани саробон» ба калимаҳои «нафақа барои маҳрум шудан аз саробон» иваз карда шаванд.
6. Матни моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳамкориҳои байналмилалии ташкилотҳои телевизион ва радиошунвонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии баналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1948 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот 
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 ноябри соли 2022, № 902
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
                  
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 349
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 860
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед