logo

сиёсат

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Мусаллам аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маълумот дода, ҳамзамон, ҳадафу вазифаҳои созандаю бунёдкоронаро барои ояндаи дурахшони мардуми азизи Тоҷикистон муайяну мушаххас ва пешниҳод менамоянд. 
 
Зимни ироаи Паёми навбатӣ низ Пешвои муаззами миллат  тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқро бо назардошти баҳогузории сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ таҳлилу баррасӣ намуда, дар баробари вазифагузориҳо, ҳамзамон, як қатор имтиёзҳоро ба табақаҳои гуногуни ҷомеа муқаррар намуданд, ки ин тадбир аз сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Сарвари давлат нисбат ба табақаи осебпазири мамлакат шаҳодат медиҳад. Бахусус, дар Паёми навбатӣ вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд”. Амалӣ гардидани ин иқдомҳои пешгирифта ба баланд гардидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. 
Ҳамзамон, дар Паёми имсола вобаста ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса равона гардида, имтиёзу ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа махсус таъкид гардид.  
Ин суханони ҳикматомези Пешвои миллат бори дигар моро водор месозад, ки рушди соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятнок ва рушддиҳандаи тамоми соҳаҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, тамоми захираю имкониятҳоро  барои  расидан  ба  ҳадафҳои  гузоштаи Сарвари давлат равона созем.
Дар  маҷмуъ, таҳлилу баррасиҳои Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми бахшҳои хоҷагии халқ ва маҷмуан 4 ҳадафи стратегии мамлакатро дар бар гирифта, асоси калидии онро таъмини зиндагии арзандаю шоиста ба сокинон, нигоҳдории истиқлолияти комили давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати Ватани азизамон – Тоҷикистон ташкил медиҳад. 
Мардуми сарбаланди ноҳияи бостонии Балҷувон ҳар як дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бо дилу нияти пок баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон шабонарӯзӣ талош менамоянд ва саҳми арзандаи худро дар ин росто мегузоранд. 
 
Бахтиёр САФАРЗОДА,  
раиси ноҳияи Балҷувон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2023    №: 12    Мутолиа карданд: 614
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед