logo

иқтисод

КОНИ АНГИШТИ РАВНОБ. СОЛИ РАФТА ҲАМ ОН ФАЪОЛ НАГАРДИД...

 
Зимистони Бадахшон аз дигар манотиқи кишвар куллан фарқ мекунад. Дар ин ҷо фасли сармо 6 - 7 моҳ давом карда, ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят то 20-30 дараҷа, дар қисмати шарқии он то 40 ва дар водии Булункӯлу Тохтамиши ноҳияи Мурғоб то 50-60 дараҷа хунукӣ мерасад.
Айни ҳол, қувваи барқ воситаи маъмултарин ва боэътимодтари ҳалли мушкилоти сокинони вилоят дар самти гарм нигоҳ доштани манзили зисту ҷойи кор, пухтупаз ва равшанӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, эътимоднокӣ ва сарфакорӣ бисёре аз сокинони вилоят дар гарм кардани манзилҳои зисташон аз деги буғии барқӣ истифода мебаранд. Аммо мушкил он аст, ки на ҳамаи сокинони ин минтақаи кӯҳистон имкон доранд, бо истифода аз қувваи барқ мушкилашонро ҳал намоянд, зеро нархи қувваи барқ ҳам қимат асту на ҳамаи деҳоти вилоят айни ҳол ба қувваи барқ дастрасӣ доранд. Бо вуҷуди ин, қувваи барқ дар қиёс бо дигар манбаъҳои энергия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзонтар ба ҳисоб меравад. Масалан, як метри мукааб ҳезумро дар деҳоти вилоят бо нархи 150- 200 сомонӣ ва як килограмм ангиштсангро аз 2 сомонӣ қиматтар дастрас кардан мумкин аст. Ба ин боз ҳаққи хизмати нақлиёт зам мешавад. Агар хоҷагӣ дар давоми як моҳ 600 килограмм ангишт ва се метри мукааб ҳезум барои як бухорӣ сарф намояд, камаш 1 800 сомонӣ бояд пардохт намояд. Агар 2 ва ё 3 бухориро истифода кунад, хароҷот 2-3 маротиба меафзояд. 
 Чанд соли охир таъминоти ноҳияи Мурғоб бо сӯзишворӣ таҳти назорати Ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва он сари вақт аз маводи сӯхту сӯз таъмин ҳам мешавад. Имрӯз дар ноҳия Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои савдои ангиштро ташкил намудааст. Аммо гап боз сари хароҷот меравад, яъне агар ангишт аз ҳудуди худи вилоят дастрас мешуд, нархи он хеле поин мерафт. 
Тайи чанд соли охир дар атрофи масъалаи аз нав фаъол намудани кони ангишти Равноби ноҳияи Дарвоз сухан меравад, вале, мутаассифона, ҳеҷ не, ки масъала ҳалли худро ёбад. Соли рафта ҳам дар бобати фаъол гардидани ин иншооти барои вилоят муҳим аз ҷониби баъзе мақомотҳои дахлдор кӯшишҳо ба мушоҳида расида, сокинон умедвор буданд, ки акнун, ба қавли худашон, “аз пеши дари худашон” ангишт дастрас менамоянд, вале афсӯс, ки соли рафта ҳам кони ангишти Равноб фаъол нагардид. Умед дорем, ки соли 2023 ниҳодҳои дахлдори кишвар барои ҳалли ин мушкилоти як вилояти калони кишвар, ки ба маводи сӯхт бештар аз ҳама ниёз дорад, чораҷӯӣ менамоянд. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар таъминоти аҳолии вилоят бо ангишт аз ҳисоби аз нав ба кор андохтани кони ангишти Равноб таъмин мешуд. Он гоҳ бо кам гардидани хароҷоти нақлиётӣ нархи ангишт дар навоҳии вилоят коҳиш ёфта, ҳам хоҷагиҳои шахсӣ ва ҳам идораву муассисаҳои буҷетӣ бо ангишти хушсифат беҳтар таъмин мешуданд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2023    №: 12    Мутолиа карданд: 471
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед