logo

Хабарҳо

ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва соҳибкори созанда аз шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов аз мавзеи сохтмони бинои кӯдакистони № 2-и шаҳри Хоруғ  боздид ба амал оварданд.  Сохтмони бинои мазкур дар доираи вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, бунёди иншоотро  соҳибкор, намояндаи Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе  Маҳмудҷон Муродов ба зимма дорад.
Зимни  боздид роҳбари вилоят  ва  соҳибкор  М. Муродовро раиси шаҳри Хоруғ  Назарзода Ризо Шодӣ  ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. 
Ба раиси вилоят  иттилоъ дода  шуд, ки бинои  кӯдакистони  мазкур  соли 1976 бунёд гардида, бо мурури замон  ба  таъмиру навсозӣ  ниёз  пайдо кардааст. 
Роҳбари вилоят зимни шиносоӣ бо вазъи кӯдакистони маҳаллаи Тирчид таъкид кард, ки ҳамасола Ҳукумати кишвар барои бунёд ва навсозии муассисаҳои томактабӣ маблағҳои зиёдеро ихтисос медиҳад. Феълан, соҳаи иҷтимоӣ, бахусус маориф, дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Ба гуфтаи раис, Тирчид дар байни  маҳаллаҳои шаҳр сернуфузтарин ба ҳисоб рафта, бо назардошти фарсуда шудани бинои кӯдакистони маҳалла, зарурати сохтмони бинои нави он ба миён омадааст. Айни ҳол, дар ин муассиса 70 кӯдак,  вале дар оянда  200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Бинобар ин,  зарур дониста шуд, ки  бинои нави муассиса бо тарҳи  замонавӣ  сохта шуда, бо ашёҳои муосири таълиму тарбия  таъмин гардад. Ин кор бо ташаббуси  Рустами Эмомалӣ, Раиси  Маҷлиси  миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз ҷониби соҳибкори созандаи шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов пиёда мешавад. Иншооти мазкур то Ҷашни 35‐солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба вазъи омодагии муассиса ба мавсими зимистонгузаронии ҷорӣ  таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии раиси шаҳри Хоруғ  ҷиҳати  омода намудани  муассиса ба давраи тирамоҳу зимистон дар давоми сол қариб  70 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, айни ҳол он бо сӯзишворӣ пурра таъмин аст. Дар кӯдакистони № 2-и шаҳри Хоруғ ҳоло 29 нафар корманд кору фаъолият дорад. Бо ба кор андохтани бинои нави кӯдакистон  дар ин ҷо қариб 50 мураббияи боихтисос соҳиби ҷойи кор мегардад. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 12483
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед