logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

7 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев омадааст:
«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!
 Ба муносибати рӯйдоди хотирмон дар таърихи навтарини робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон – 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо бо камоли фараҳмандӣ ба Шумо ва мардуми бародари Қазоқистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини ин ҷонибро ирсол менамоям.
 Ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳоеро, ки кишварҳои мо тули ин давра дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ба даст овардаанд, хеле арзишманд медонад. Дар ин зимн, асосҳои боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ ва василаҳои муассири танзими ҳамкории байнидавлатӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Боиси хушнудист, ки муносибатҳои ҳамкории мо бо такя ба ин заминаи мустаҳкам ва усулҳои халалнопазири эътимоду эҳтироми якдигарӣ ва шарикии стратегӣ имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳо бо суръати баланд рушд ёфта истодаанд.
Бовар дорам, ки мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон минбаъд низ ҷиҳати ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкориҳои амалии мутаносибан судманди ҷонибҳо саъю талоши муштарак ба харҷ хоҳем дод.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои бузург, ба мардуми дӯсти Қазоқистон сулҳу пешрафти устувор ва шукуфоӣ орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон қабул фармоед.
Дар тули солҳои сипаришуда кишварҳои мо робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанба ва мутаносибан судмандро роҳандозӣ намудаанд, ки дар руҳияи шарикии воқеан стратегӣ бемайлон таҳким ёфта истодаанд.
Муколамаи ошкорову боэътимод дар ҳамаи сатҳҳо, рушди босуръати ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои бомуваффақияти ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Марҳалаи навро дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаамон ҳусни оғоз бахшида, омодагии худро барои кори зичи муштарак бо Шумо ҷиҳати ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон бори дигар таъкид менамоям. 
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти давлатии пурмасъулатон комёбиҳои минбаъда ва ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2023    №: 13    Мутолиа карданд: 372
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед