logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭЪТИРОФИ ТАШАББУСҲОЕ, КИ НУФУЗИ ТОҶИКИСТОНРО МЕАФЗОЯНД

 
– Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
 
Ин нукоти ифтихорафзоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд. Бешак, якдилона қабул гаштани ташаббуси навбатии Тоҷикистон бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ  эътимод дорад.
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид муҳимияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр шудааст. Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ кам гардида, миқдору маҷрои мавсимӣ ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.
Доир ба ин ташаббус ҳанӯз 3 марти соли 2021 Пешвои миллат дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд дар бораи масъалаҳои об ва иқлим (видеоконфронс) бо овардани далелҳои илман асоснокшуда таъкид намуда буданд, ки мутаассифона, имрӯзҳо босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия, ҳамзамон, тағйироти ҷиддии пиряхҳои дар хушкӣ қарордошта низ ба амал омада истодаанд. Инчунин, таъкид дошта буданд, ки чунин вазъияти нигаронкунанда дар пиряхҳои Помири Тоҷикистон низ тули чанд соли охир баръало мушоҳида мешаванд.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. 
Итминони комил дорем, ки бо татбиқи пурсамари ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат нуфузу эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло рафта, барои ҷомеаи байналмилалӣ рушди устувору иқтисоди сабз ва барои наслҳои баъдии инсоният зиндагии шоиставу муҳити зисти солим таъмин мегардад.
 
Хуршедулло КАМОЛОВ, 
устоди  факултети ҳуқуқшиносии ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2023    №: 13    Мутолиа карданд: 703
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед