logo

иқтисод

ШАҲРИНАВ. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 
Мусоҳибаи хабарнигори «Ҷумҳурият» бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир Исуф
– Муҳтарам Вализода Абдуқодир, корҳои тадорукотӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҷараён доранд? 
– Бо ҳадафи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 7-уми янавари соли 2022, таҳти №311), то соли 2025 дар ҳудуди ноҳия бунёду ба истифодадиҳии 164 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.  Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, 8 иншооти таълимӣ,  9 тандурустӣ, 3 фарҳангӣ, 7 саноатӣ, 9 кишоварзӣ, 5 варзишӣ, 3 бинои истиқоматии баландошёна, 2 бинои маъмурӣ ва 118 маркази маишию хизматрасонӣ бунёд мегардад. Меҳнаткашони ноҳия ҷиҳати дар сатҳи олӣ таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ пайваста дар талошанд. Ҳар ҳафта бо саҳмгузории сокинон ва масъулони ташкилоту идораҳои давлатии дар ноҳия фаъолияткунанда шанбегӣ гузаронда мешавад. 
 
– Сареҳ аст, ки амнияти озуқавориро бе рушди соҳаи кишоварзӣ таъмин намудан, ғайриимкон аст. Лутфан, аз натиҷаҳои заҳмати ёздаҳмоҳаи кишоварзони ноҳия иттилоъ медодед.
– Нишондодҳои оморӣ бозгӯи онанд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ сол то сол афзоиш меёбад. Соли гузашта ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ва деҳқонони ноҳия бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 10 886 гектар, аз ҷумла 6 751 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиё, 401,3 пахта, 835 зағир, 50 маъсар, 394 картошка, 1 480 сабзавот, 86 полизӣ ва 874,6 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карданд. Ҳамзамон, давоми соли 2022 дар майдони 1 577 гектар кишти такрорӣ гузаронда, аз ҳисоби он 752 тонна ғалладона, 800 маккадон, 65 картошка, 5 600 сабзавот ва 93 тонна намудҳои гуногуни полизӣ ҳосил бардошта шуд.  Нашъунамо ва истеҳсоли пахта нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, ҳосилнокии он аз ҳар гектар 22 сентнерро ташкил медиҳад.  
Боғпарварони ноҳия  ба миқдори 11  876 тонна ангур ва 8 413,6 тонна дигар анвои меваҷот истеҳсол намуданд. Дар зарфи 11 моҳи соли гузашта 10,4 гектар боғ ва 6,4 гектар токзор барқарор карда шуд.
Бо мақсади дар ҳамаи фаслҳои сол бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ дар майдони 6,71 гектар гармхона ташкил гардидааст. Ҳамчунин, 7 сардхона фаъолият намуда, дар онҳо 120 тонна меваю сабзавот нигоҳ дошта мешавад. 
 
– Ноҳияи Шаҳринав дар чорводорию парандапарварӣ дар миқёси кишвар шуҳрат дорад. Хуб мебуд, роҷеъ ба ин соҳаҳо суҳбат мекардед. 
– Дарвоқеъ, ноҳияи Шаҳринав дар чорводорию парандапарварӣ аз ноҳияҳои муваффақу пешрафта маҳсуб мешавад. Сокинон низ ба ин ду самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 28 033 сар чорвои калони шохдор, 49 449 чорвои хурд, 514 сар асп ва 416 025 сар паранда мавҷуд мебошад. Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 3270,8 тонна баробар гардида, 2324,8 тонна ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва 944,8 тонна ба аҳолӣ рост меояд. 
Парандапарварӣ дар ноҳия дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳабдаҳ сехи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Парандапарварии Шаҳринав» ба соҳибкорон ба иҷора дода шудааст. Дар ёздаҳ моҳи соли рафта дар ин корхона 34 миллиону 299 ҳазору 700 дона тухми мурғ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 146 ҳазору 400 дона тухм зиёд мебошад. 
 
– Давоми соли гузашта барои рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии ноҳия чӣ чораҳо андешидед? 
– Пӯшида нест, ки соҳаи маориф дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ батадриҷ пешрафт кард. Масъулони ноҳияи Шаҳринав ҳам барои беҳтару хубтар сохтани шароиту имконоти таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ҳамвора дар талошанд.  Дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ фаъолият карда, дар онҳо 27 ҳазору 42 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Шумораи умумии омӯзгорон 1 669 нафарро ташкил медиҳад. Тарки пеша кардану ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани муаллимони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли 2021 бештар мушоҳида гардида буд. Хушбахтона, дар соли 2022 ин мушкили ҷиддии соҳа то андозае бартараф шуд.  
Дар ноҳия 3 муассисаи томактабии давлатӣ ва 4 ширхоргоҳ-кӯдакистони хусусӣ фаъолият намуда, ҳамагӣ 931 тарбиятгиранда доранд. Бо азми иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар заминаи 41 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдакон амал карда, айни замон тақрибан 1 405 кӯдаки синни 5-6-сола дар онҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. 
Яке аз мушкилоти соҳаи маорифи ноҳия – норасоии ҷойи нишаст ва синфхонаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ буд. Барои бартараф намудани ин камбудии ҷиддӣ тадбирҳои зарурӣ рӯи кор гирифта шуданд. Ҳоло сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№19, 27, 35 ва 46 бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ, соҳибкорону дигар сарпарастон ҷараён дорад. Гузашта аз ин, бо сармоягузории Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон 8 синфхона дар МТМУ №41 ва бо дастгирии Фонди саудии рушд, литсей барои 640 хонанда бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Ҷойи зикр аст, ки аз 92 банди нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 банди он ба бунёду азнавсозии иншоотҳои соҳаи маориф тааллуқ дорад. 
 
Ёқуби СОДИҚ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2023    №: 13    Мутолиа карданд: 567
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед