logo

туризм

САЙЁҲӢ. РУШДИ ОН РУШДИ ИҚТИСОД НИЗ ҲАСТ

Яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар аксар кишварҳо сайёҳӣ дар ташаккули фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт, алоқа, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳо таъсири мусбат мерасонад.
 
Аз сарчашмаҳои иқтисодӣ маълум аст, ки ташрифи сайёҳон барои ҳар як давлат сарчашмаи муҳими воридоти асъор, рушди иқтисодиёт ва имконияти инкишофи шуғлмандии кишвар аст. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ноҳияҳои зебоманзари кишвар – Балҷувон минтақаи сайёҳӣ эълон шудааст ва дар ин ҷо мероси ғании таърихиву фарҳангӣ, захираҳои табиӣ, гиёҳҳои шифобахш зиёд буда, барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ имкониятҳои зиёд дорад. Чунин мероси таърихиву фарҳангӣ, ки аз ҷониби сайёҳон хуш қабул мешавад мавзеъҳои Сарихосор, Шар-Шара, Обигӯгирд, зодгоҳи махсуси Санги-Кулӯла ва дигар ҷойҳо мебошанд. 
Дар рушди деҳоту сайёҳӣ мавҷудияти роҳҳои автомобилӣ дар ҷойи аввал меистанд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳамсоягӣ бо ноҳияи Балҷувон низ ҷойҳои зиёди таърихӣ барои ҷалби диққати сайёҳон мавҷуд аст. Аз ҷумла, мавзеи Кӯлдара дар Осиёи Миёна қадимтарин бошишгоҳ, ки 800000 сол пеш аз милод арзи вуҷуд дошта, аз ҷониби бостоншиноси шинохта В. А. Ранов кашф гардидааст. Ё ин ки шаҳри Мунк мутааллиқ ба асрҳои IX-XII соли 1946 аз ҷониби бостоншиноси рус А. М. Белинский ҳафриёт шудаааст. Аз ҳудуди ин шаҳр беш аз 2000 ашё пайдо гашт, ки мутааллиқ ба давраҳои гуногуни таъриханд.
Инчунин, хона-музейи Восеъ воқеъ дар дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг дар бораи корнамоиҳои Восеъ, ки соли 1888 ба муқобили бекигарии Балҷувон ба мубориза бархеста буд, шинос менамояд. Мақбараи ҳазрати Султон бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2003-2005 бо усули меъмории шарқӣ аз хишти пухта сохта шудааст. Масоҳати бино дар маҷмуъ, 6-21 метр буда, аз ду ҳуҷраи зиёратгоҳ ва гӯрхона иборат мебошад. Дар шафати он дар баландии на он қадар калон, мувофиқи ривоятҳои таърихӣ, дашти Уштурҷарома вуҷуд доштааст, ки ҳазорон гиёҳҳои шифобахш ба мисли сипанд, зелол, гули муҷаҳ ва ғайраҳо мерӯянд.
Ҳамасола ҳазорҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба ин ҷойи муқаддас омада, зиёрат мекунанд. Хусусан, меҳмонон аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон меоянд. Имрӯзҳо ин ҷойи муқаддас ба зиёратгоҳ ва истироҳатгоҳ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда буданд, ки ба мақсади рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияи муосирро омода созем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем.
Умед дорем, ки ин муроҷиати Пешвои миллатро мо мардуми сарбаланди тоҷик сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ аҳлона кӯшиш менамоем.
 
Муродбегим ИСМОИЛОВА, 
Фирӯзаи АМРОХОН, 
омӯзгорони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2023    №: 13    Мутолиа карданд: 543
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед