logo

туризм

ШАҲРИСТОН. ЧАРО ДАР “ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ” САЙЁҲӢ РУШД НАМЕКУНАД?

 
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Ҷовиди Аштиро дар мавзуи “Шаҳристон. Чаро дар “Швейтсарияи дуюм” сайёҳӣ рушд намекунад?”, ки 23 ноябри соли 2022, № 225 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дода, сипоси худро ба муаллифи матлаби мазкур барои баррасӣ намудани масъалаҳои рушди сайёҳӣ, ки бартараф намудани онҳо ба рушди бемайлони соҳа ва ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунанд, баён менамояд.
Масъалаҳои дар мақола инъикосшуда, воқеан ҳам, саривақтӣ буда, зина ба зина бартараф намудани онҳо тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва дигар нақшаву барномаҳои соҳавӣ роҳандозӣ шудааст.
Ноҳияи Шаҳристон зодаи даврони истиқлол мебошад ва бо назардошти ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблағгузориҳои муайян равона гардида истодааст. Ноҳия дорои имконият ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мебошад. Аз ҷумла, таърихи қадима ва ёдгориҳои зиёди бостонии ноҳия ва обу ҳавои мусоид, расму оинҳои хосcаи меҳмоннавозии мардум, дарёҳои кӯҳӣ ва чашмаву гиёҳҳои нодиру шифобахш, мавқеи хоси ҷуғрофӣ, инчунин, мавзеъҳои истироҳатии ноҳия, аз қабили Хуррамдара, Сабздара, Насими кӯҳсор, Истиқлол ва амалисозии онҳо метавонанд ба рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, пиёдагардии кӯҳиву варзишӣ, экологӣ, таърихиву маърифатӣ, этникӣ ва шикори байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Дарвоқеъ, бо вуҷуди дороиву имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва зиёд шудани ҳаҷми хизматрасониҳо дар иншооти хизматрасонии ноҳия нисбат ба солҳои гузашта, ҳоло ҳам як қатор камбудиҳо, ба мисли сатҳу сифати нокифояи хизматрасонӣ, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани инфрасохтори сайёҳӣ ва дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани роҳҳои маҳаллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд, ки ҳалли аксари онҳо аз ташаббускории мақомоти маҳаллӣ вобастагӣ дорад. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда вобаста ба рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои бо ҷонибҳои ҳавасманд вохӯриҳо мегузаронад ва лоиҳаҳои афзалиятнок пешниҳод мегарданд.
Боиси хушнудист, ки 28 декабри соли 2022 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар баробари дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқ гардид.
Дар марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои солҳои 2023-2026 ба такмили низоми идоракунии соҳаи сайёҳӣ, саноатикунонии босуръати соҳаи сайёҳӣ, тақвияти неруи кадрии соҳа, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ ва таъмини иттилоотии соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ, ташаккули маҳсулот ва хизматрасониҳои сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок аҳамияти хосса дода мешавад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва сарчашмаи даромади иловагии аҳолии ноҳия мебошад. Боварии комил дорем, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Шаҳристон минбаъд низ дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат бо кору фаъолияти созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон, таҳкими дастовардҳои истиқлол, ҳифзи сулҳу суботи кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ саъю талоши бештар мекунанд.
Дар маҷмуъ, масъалаҳои дар мақола инъикосёфта аз назари масъулони соҳа дур набуда, ҳамарӯза мавриди омӯзиш қарор доранд.
Кумита омода аст бо ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятии ноҳияи Шаҳристон баҳри рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ ҳамкориҳои мушаххасро ба роҳ монад.
 
Ҳ. АМИРБЕКЗОДА,
муовини якуми раиси Кумитаи 
рушди сайёҳии назди 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2023    №: 13    Мутолиа карданд: 646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед