logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШИ ТОҶИК. МУҲИМТАРИН НИШОНДОДҲОИ ЯК СОЛИ ГУЗАШТА

 
Ҳарчанд соли 2022 варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ (миёни калонсолон) ба гирифтани медал даст наёфтанд, инчунин, дар қаҳрамонии Осиё низ нишони тилло нагирифтанд, ба дастовардҳое ноил гаштанд, ки бори аввал дар таърихи варзиши Тоҷикистони соҳибистиқлол иттифоқ афтоданд. Бешак, нишондодҳои бузурги сол ба паҳлавони саршиноси тоҷик Темур Раҳимов ва муштзан Шавкатҷон Раҳимов марбутанд. Месазад тафсили комёбиҳои назарраси варзишгаронамонро дар соли 2022 бори дигар рақам занем. 
 
ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОНИЁН 
Номи Темур Раҳимови 25-сола дар сархати беҳтарин варзишгарони соли 2022 Тоҷикистон сабт гардид. Ӯ бо-ри аввал дар таърихи варзиши тоҷик дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” (Baku Grand Slam 2022,  Озарбойҷон) медали тилло гирифт. Аввалин дзюдочии кишвар гашт, ки тавонист аз мусобиқаи “Ситораҳои дзюдо” (Jerusalem Masters 2022, Исроил) ба хазинаи варзишии Тоҷикистон медал ворид намоянд. Вай дар Jerusalem Masters 2022 барандаи нишони нуқра шуд. Ҳамчунин, Темур дар Чемпионати Осиё (Остона, Қазоқистон) медали нуқра ба даст овард. Дар фаслҳои Grand Slam 2022 дар шаҳрҳои Абузаби (АМА), Телавив (Исроил) ва Анталия (Туркия) мақоми сеюмро касб кард. Инчунин, дар Чемпионати Аврупо (Гори, Гурҷистон) дар ҳайати дастаи “Red Star”-и Сербия нишони нуқра гирифт.
– Соли 2022 бароям соли ниҳоят бобарор буд, зеро ба натиҷаҳои хуб мушарраф гаштам. Ҳамаи ин самараи меҳнат ва тамрини чандсола мебошад. Ҳоло мо ба тамринҳои дастаҷамъӣ меравем ва ба мусобиқоти дарпеши-стода омодагӣ мебинем, – гуфт Темур Раҳимов дар суҳбат.
Гӯштигири мо тибқи радабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (ФБД), ки 27 декабр нашр кард, миёни сангинвазнҳо дзюдочии № 1-и сайёра (6024 хол) аст. Вақте ба сомонаи ФБД www.ijf.org ворид мегардед ва номи Темурро дар садри радабандӣ мебинед, ҳисси ифтихор шуморо фаро мегирад. Дар яке аз расмҳои сомона паҳлавони қавипайкари тоҷик дар тан либоси гӯштигирӣ, дар қафаси сина Парчами Тоҷикистон ва бо ангушт ба муқаддасоти миллӣ ишора дорад, ки нишони баланди худшиносӣ ва ватандӯстии ӯст. Темур воқеан, ифтирохи Тоҷикистон аст. 
 
МАЙК ТАЙСОН, КЛИЧКО, ХОЛИФИЛД... 
ВА ШАВКАТҶОН РАҲИМОВ
 Зерсарлавҳаи мо ба он ишора мекунад, ки исми муштзани касбии тоҷик дар қатори номи муштзанҳои машҳу-ри ҷаҳон қарор дорад. Тоҷикбача тавонист дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи фарзияи IBF (Федератсияи байналмила-лии бокс) дар вазни дуюми нимсабук (Абузаби, АМА) унвони чемпиониро ба даст овард ва дар радабандии IBF дар мақоми аввал қарор гирад. 
Қаҳрамонӣ дар IBF барои Шавкатҷон осон набуд. Зеро IBF яке аз бузургтарин созмонҳои бокси ҳирфаии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Муштзани тоҷик соли дуюм барои ин камарбанд мубориза бурд. Дар набарди аввал (со-ли 2021) ӯ бо Ҷозеф Диаси амрикоӣ мусовӣ намуд. Тибқи қарори роҳбарияти созмон, Шавкатҷон имкон пайдо кард, ки ҳамчун довталаби асосии камарбанд дуюмбора қувваозмоӣ намояд. Ин навбат варзишгари мо муқобили муштзани номдор ва пуртаҷрибаи бритонӣ Зелфа Барретт ба ринг баромада, дар раунди 9-ум ҳарифашро мағлуб намуда, унвони қаҳрамониро соҳиб шуд.
Дар бокси касбӣ Шавкатҷон Раҳимов то ҳол бохт надорад. Ӯ аз 18 набард дар 17-тояш (13 нокаут) ғалаба карда, як мусовӣ дорад.
 
НУРАЛӢ ЭМОМАЛӢ – ИСТЕЪДОДИ НУҲУФТАИ ДЗЮДО
Ба Нуралӣ Эмомалии 20-сола (-66кг) муяссар гашт, ки бори дуюм барои Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон (Гуаякил, Эквадор) медали тилло биёрад. Бешак, ҳамон рӯз (10 августи соли 2022) Ну-ралӣ воқеан, беҳамто буд. Ҳунарнамоии волои вай дили ҳазорон ҳаводорони ин риштаи варзишро тасхир кард. Паҳлавони мо “Рустамона” ҳарифони номдорашро яке пайи дигар мағлуб мекард. Ӯ то зӯрозмоии финалӣ бар Валерио Акколи (Италия), Максим Моунданга (Франсия), Муҳаммад Демирел (Туркия), Извореану Раду (Молдова) ғалаба кард. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Нуралӣ паҳлавони ӯзбек, қаҳрамони феълии Осиё байни ҷавонон Азизбек Ортиқовро шикаст дода, чемпиони ҷаҳон шуд. 
Дар панҷ рақобате, ки ӯ дар чемпионат дошт рақибон натавонистанд, ки аз вай, ҳатто як имтиёз ситонанд. 
 
ВАФОДОРИ ВАРЗИШИ САБУК
Илдар Аҳмадиеви 22-сола баъди Дилшод Назаров, аз зумраи варзишгарони муваффақи риштаи варзиши сабук ба ҳисоб меравад. Соли гузашта ӯ барандаи медали нуқраи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ (Куния, Туркия) дар ҷаҳиш ба дарозӣ гардид. Дар чемпионати Осиёи Марказӣ (Самарқанд, Ӯзбекистон) дар ҷаҳиш ба дарозӣ қаҳрамон шуд ва дар давидан ба масофаи 200 метр ҷойи дуюмро гирифт. Инчунин, вай барандаи нишони биринҷии мусо-биқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Амин Туяков (Остона, Қазоқистон) дар давидан ба ма-софаи 60 метр гашт. 
Ҳарчанд давидан, ҷаҳидан ба дарозӣ дар Тоҷикистон як навъи варзиши маъмул нест, аммо Илдар бо самими-яти хосса ба он машғул аст. Натиҷаҳояш далели вафодорӣ ба варзиши сабук мебошад. Ӯ мехоҳад исбот намояд, ки варзиши сабук низ як риштаи муҳим, зарур ва зебои варзиш дар Тоҷикистон аст. 
Дар 18-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук бори аввал дар таърих як давандаи тоҷик дар давидан ба масофаи 100 метр ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфт. Ба қавли Илдар Аҳмадиев, вай тавонист ҳадафи дарпешгузо-штаашро иҷро намояд. 
Бояд гуфт, ки Илдар дар давидан ба масофаи 100 метр (10,37 сония)  рекорди  Тоҷикистонро  иваз кард. Зиёда аз ин, миёни варзишгарони тоҷик ӯ дар радабандии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши са-бук, ки охири соли 2022 нашр гардид, бо 1118 хол натиҷаи баланд дорад.
 
МЕДАЛИ ТИЛЛОИ НАВБАТИИ АКМАЛИДДИН 
Имсол самбочиёни тоҷик бо сабаби маҳдудиятҳо дар Чемпионати ҷаҳон (Бишкек, Қирғизистон) ширкат карда натавонистанд. Вале, дар Ҷоми ҷаҳон ба хотираи Анатолий Харлампиев (аз соли 2022 “Ҷоми поягузорони сам-бо”), ки аз рӯи мақом дуюмин мусобиқаи бонуфузи ин ришта мебошад, натиҷаҳои назаррасро сабт намуданд. Дар ҳисоби дастаӣ  оид  ба  самбои  варзишӣ  миёни мардон мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Россия мақоми дуюмро касб кард.
Ҷаҳонпаҳавони тоҷик Акмалиддин Каримов (-58кг) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” (Маскав, Россия) ғолиби мусобиқа ва барандаи ҷом гардид. 
Ёдовар мешавем, ки Акмалиддин соли 2021 унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буд.  
 
НАТИҶАҲОИ ФУТБОЛ ВА ФУТЗАЛ
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бори аввал дар як сол се дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (тими миллӣ, футболбозони то 17 ва 20-сола) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд. Дар ин миён дар таърихи варзиши кишвар тими миллӣ маротибаи якум дар Ҷоми Осиё (16 июн – 16 июли соли 2023, Қатар) ҳунарнамоӣ мекунад. 
Соли 2022 барои мунтахаби асосии кишвар соли бобарор буд. Футболбозони тоҷик зери роҳбарии мутахас-сиси хорватӣ Петр Сегрт дар 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» (Таиланд) ғолиб омаданд, ки барои тими миллӣ дуюмин ҷоизаи байналмилалӣ, пас аз Ҷоми даъвати КФО – 2006 ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дастаи мунтахаб бо тими миллии Россия  дар бозии рафиқона, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе (17 ноябр) доир гашт, мусовӣ (0:0) кард.  
Бояд гуфт, ки мунтахаби наврасону ҷавонон низ ба нишондодҳои назаррас даст ёфтанд. Аз ҷумла, тими то 14-солаи кишвар дар Чемпионати CAFA – 2022 бо шикаст додани дастаҳои Туркманистон (9:0), Ӯзбекистон (4:0), Эрон (2:0) ва Афғонистон (6:0) унвони қаҳрамониро ба даст оварданд.
Ду бозии рафиқонае, ки миёни мунтахабҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Россия (7 – 8 ноябр, Душанбе) баргузор гардид, новобаста аз ҳисоби вохӯриҳо нуфузу кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Дар қувваозмоии аввал футзалбозони мо бо ҳисоби 10:7 ғалаба карда, зӯрозмоии дуюм ба фоидаи меҳмонон (2:6) хотима ёфт. 
Гузашта аз ин, футзалбозони мо зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Ҷоми Осиё низ маҳорати хуб нишон до-да, то ба даври 1/4 финал роҳ ёфтанд.
 
ГӮШТИГИРӢ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД
Дар Тоҷикистон солҳои охир навъҳои гуногуни варзиши миллӣ, аз ҷумла гӯштӣ эҳё ва рушд намуда истодааст. Тасдиқи ин гуфтаҳо мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштии миллӣ “Гӯштигирӣ” мебошад. 
Яъне имкон даст дод, ки мусобиқоти сатҳи қоравӣ ва ҷаҳонӣ аз рӯи ин намуди варзиш баргузор гардад. Дар Тоҷикистон ҳаводори гуштии сунатӣ хеле зиёданд. Пас аз мақоми байналмилалӣ гирифтани он маҳбубияти мар-дум ба гӯштии миллӣ боз ҳам бештар мешавад. Зиёда аз ин чеҳраҳои нав кашф мешаванд. 
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе бори нахуст мусобиқаи гӯштии миллӣ “Гӯштингирӣ” бо ширкати намояндагони 31 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. 
Гузашта аз ин, 18 декабри соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштӣ  барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. 
 
ДИГАР ДАСТОВАРДҲОИ ШОИСТА 
Дар маҷмуъ, соли 2022 барои варзишгарони тоҷик соли бобарор буд. Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, соли 2022 варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори 538 медал (145 тилло, 157 нуқра ва 236 биринҷӣ) гардидаанд.
Дар баробари дастовардҳои варзишгарони болозикр Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Усто-пириён, Муллораҷаб Халифаев (дзюдо), Баҳодур Усмонов, Муҳаммад Аброриддинов, Шамшер Саидов, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова (бокс), Наврӯзи Каримзод (кураш), Ҳамроз Раҷабов (гӯштии камарбандӣ), Нурул-ло Муродов (таэквандо WT), Бахтиёр Раҳимов (пауэрлифтинг), Фарзиншоҳ Ҳусейнова (самбо) ва дигарон натиҷаҳои назаррасро ба даст оварданд, ки ба хотирашон Парчами кишвар боло ва Суруди миллӣ садо додааст. Ба ҳамаашон аҳсан мегӯем, ки дар нуфузафзоии Тоҷикистон саҳм гузоштанд. 
Соли рафта Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба Эмомалӣ Нуралӣ, Темур Раҳимов ва Шавкатҷон Раҳимов барои дастовардҳои варзишӣ хонаи истиқоматӣ ва ба Муллораҷаб Халифаев сад ҳазор сомонӣ тақдим намуд. 
Гузашта аз ин, ба варзишгароне, ки натиҷаҳои назаррасро ноил гаштаанд, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мешавад. 
Умедворем, ки соли 2023 барои варзишгарони тоҷик соли бобарор хоҳад омад ва онҳо дар чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва дигар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ ба музаффариятҳои нав ноил мегарданд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2023    №: 14    Мутолиа карданд: 1133
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед