logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. ОМИЛИ ФАРОВОНИИ БОЗОРУ ОСУДАГИИ РӮЗГОР

 
Кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба рушди соҳа дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, кӯшиш ба харҷ дода, соли ҷориро бо дастовардҳои чашмрас ҷамъбаст карданд. Онҳо ҷиҳати афзунбахшии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардондани бозорҳои истеъмолӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин, ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об қадамҳои ҷиддӣ гузоштанд. Соли рафта дар маҷмуъ, ис-теҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳамаи намуди сабзавоту меваҷот, зироатҳо ва соҳаи чорводорӣ наздик ба 15 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки дар 10 соли охир нишондиҳандаи баланд маҳсуб меёбад. 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти соҳа дар ҳаёти иқтисодии мамлакат ва осудагии рӯзгори мардум, пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити муносибатҳои бозор-гонӣ баҳри боз ҳам ривоҷ ёфтани соҳа, ҷиҳати самаранокии боздеҳи ҳар як ваҷаб замин, боло бардоштани ҳосилнокии маҳсулот ва афзунбахшии содироти он кӯшиши бештаре дошта бошем. Барои роҳандозӣ ва амалисозии ин дастуру супоришҳо аз ҷониби олимон ва мутахассисони соҳа дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти вилояти Суғд дар мавзуъҳои «Интихоби тухмӣ ва муҳлати кишти зироатҳо», «Эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон», «Агротех-никаи парвариши картошкаи барвақтӣ» семинар - машваратҳо баргузор гашта, дар он ширкаткунандагон миёни худ табодули афкор карданд.
Ҳамин тараддудҳои соҳавӣ буданд, ки соли гузашта нисбат ба соли пешин ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи рустанипарварӣ 10,7 миллиард сомонӣ (110,6) дарсад ва соҳаи чорводорӣ 3,8 миллиард сомонӣ (116 дарсад) таъмин карда шуд.
Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо (бо ҷуворимакка) дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 389 ҳазо-ру 80,7 тонна баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 69 ҳазору 401 тонна зиёд мебошад. Зиёдшавии истеҳсоли ғалладонагиҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон ва Деваштич ба қайд гирифта шуд. Дар рӯёндани гандум ҳам деҳқонони вилоят ба муваффақият ноил гашта, соли сипаришуда 173 ҳазору 478 тонна ҳосил гирифтанд, ки ин нишондод нисбат ба як соли пеш 37 ҳазору 263 тонна зиёд аст. Дар ин ҷода месазад, ки фаъолияти назарраси деҳқонони навоҳии Бо-боҷон Ғафуров, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳро зикр кард. 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани майдони парвариши картошка ва зиёд кардани ҳосилнокии он дар солҳои минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки имрӯз татбиқи худро меёбад. Истеҳсоли картошка дар вилоят қариб 550 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 30 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии он нисбат ба солҳои пешин дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Деваштич рӯ ба афзоиш дорад.
Истеҳсоли сабзавоту полизиҳо низ афзуд. Дар ин давра деҳқонони асил 58 ҳазору 501,6 тонна сабзавот ва 148 ҳазор тонна маҳсулоти полизӣ истеҳсол карданд. 
Рушди соҳаи пахтакорӣ низ дар мадди назари масъулон ва кишоварзон қарор дорад. Вобаста ба шарои-ти иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи вилоят ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати за-минҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон барои афзун гардондани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд. Дар мавсим масоҳати кишти пунбадона ба 57 ҳазору 159 гектар расонда шуда, хирмани оростаи пахтакорони вилоят қариб 134 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар иҷрои нақшаи дурнамои вилоят кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спита-мен, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод саҳми муносиб гузоштанд. Пахтакорони ноҳияи Ашт миёни ҳамаи навоҳии вилоят пешсаф буда, аз ҳар гектар 30-сентнерӣ ҳосил рӯёнданд. 
Ҷиҳати афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру тамоюли содиротидошта, баланд бардо-штани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва дар ин замина паст намудани арзиши аслии маҳсулоти ис-теҳсолшаванда мутахассисони сарраёсати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки бо содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, корбарӣ доранд.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба ҳолати 1 декабри соли 2022 зиёда аз 110 миллиону 688 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 22 миллиону 109 ҳазор доллар зиёд мебошад.
Кишоварзони вилояти Суғд барои таъмини рушди минбаъдаи соҳа, баланд бардоштани сатҳи таъмино-ти аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, амалисозии сиёсати аграрии мамлакат тадбирҳои зарурӣ ва сари-вақтиро роҳандозӣ мекунанд.
 
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2023    №: 14    Мутолиа карданд: 712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед