Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Президенти Бразилия Лула да Силва ба далели нооромиҳо дар пойтахти кишвар то охири моҳ вазъияти фавқулода эълон намуд. Сарвари давлат, инчунин, ваъда дод, ки вайронкоронеро, ки шаҳрро хароб кардаанд, ҷазо хоҳад дод.
CentralAsia (CA). Маҳдудиятҳои зидди COVID-19, ки аз аввали соли 2020 дар Чин амал мекард, барои хо-риҷиёне, ки ба ин кишвар меоянд аз ҷониби роҳбарияти кишвар тадриҷан лағв карда мешаванд. Аз ҷумла, аз 8 январ сайёҳон пас аз ворид шудан ба Чин метавонанд ба карантини панҷрӯза нараванд.
RT. Бино ба иттилои рӯзномаи “Guardian” бо такя ба суханони вазири муҳити зисти Британияи Кабир Тереза Коффи, Ҳукумати ин кишвар истифодаи зарфҳои пластикии як бор истифодашавандаро дар Англия манъ мекунад.
Lenta.ru. Андрей Кортунов, директори генералии Шурои Россия оид ба корҳои байналмилалӣ гуфт, ки муколамаи Президенти Россия Владимир Путин, Канслери Олмон Олаф Шолс ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар соли 2023 идома хоҳад ёфт. Аммо, ба ақидаи ӯ, аз музокирот пешрафт ва тас-мимҳои тақдирсозро интизор шудан хеле душвор аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 14108