logo

Хабарҳо

Пешниҳоди Александр Лукашенко

 
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко пешниҳод кард, ки маблағгузорӣ барои барно-маҳои иттифоқӣ афзоиш ёбад. Лукашенко бо котиби давлатии Иттиҳоди давлатҳои Россия ва Беларус Дмитрий Мезенсев муносибатҳои Беларус ва Россияро баррасӣ кард. 
Ба гуфтаи Роҳбари Беларус, кишварҳо бояд ба самтҳои муҳимтарини иқтисод тамаркуз намоянд. Маса-лан, ивазкунандаи воридот. Боз як иқдоми интегратсионӣ ташкили медиахолдинги муштараки Иттиҳод аст. «Қарори умумии мо – президентҳои Россия ва Беларус – эҷоди як қарори хуб, мустаҳкам ва ҳатман замона-вӣ мебошад. Дар акси ҳол, мо пул сарф намоем, аммо маъное надорад. Замон инро талаб мекунад. Фикр мекунам, ки ин медиахолдинг бояд дар нимаи аввали соли равон ба кор шуруъ намояд. Ин маҷмаа бояд му-стақил бошад, агар мо бихоҳем як чизи ҷиддӣ эҷод намоем ва 28 барномаеро, ки дар вақташ муайян карда будем, ба анҷом расонем”, – гуфт Лукашенко.
 
 
 
Гуфтушуниди Байден бо Лула да Силва
Известия.  Президенти Амрико Ҷо Байден бо Роҳбари Бразилия Лула да Силва гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, зимни он нооромиҳо дар Бразилияро маҳкум кард.  
“Президенти Амрико Ҷо Байден ваъда дод, ки ИМА аз демократияи Бразилия пуштибонӣ менамояд. Роҳбари Амрико хушунат ва ҳамла ба ниҳодҳои демократӣ ва интиқоли осоиштаи қудратро маҳкум кард.  Президенти Амрико Лула да Силваро даъват намуд, ки дар аввалҳои моҳи феврал ба Вашингтон сафар ку-над, то аз рӯи доираи васеи масъалаҳо машварат намоянд. Гуфта мешавад, ки Президенти Бразилия ин даъватро пазируфтааст.
 
 
Тақрибан 350 миллион нафар дар Африқо аз норасоии ғизо азият мекашад
Мир24. Директори генералии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Роберт Мардини зимни сухан-ронӣ дар конфронси “Халқ ва дифоъ” дар Шветсия гуфт, ки наздики 350 миллион нафар дар Африқо, ки тақрибан чоряки аҳолии ин қитъаро ташкил медиҳад, аз норасоии ғизо азият мекашад. 
Ба гуфтаи ӯ, бархӯрди кунунии геосиёсӣ ба таҳкими оқибатҳои манфии ин пайомадҳо дар оянда мусои-дат мекунад. Аз ҷумла, болоравии нархи неруи барқ ва маводи ғизоӣ, сатҳи рекордии таваррум ва афзоиши фақр, мушоҳида мешавад.
«Танҳо дар Африқо қариб 350 миллион нафар бо ноамнии шадиди озуқаворӣ дучор меояд. Вазъ, бе-шубҳа, бадтар хоҳад шуд, зеро таъминоти ҷаҳонии озуқаворӣ халалдор мешавад ва ҳосили зироатҳо аз сабаби нарасидани нуриҳои минералӣ ноустувор боқӣ мемонад”, – гуфт Мардини. Ба гуфтаи ӯ, алҳол дар ҷаҳон беш аз 100 муноқишаи мусаллаҳона ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аксари онҳо оқибатҳои мураккаби гуманитарӣ доранд.  
 
 
 
Суҳбати телефонии Лавров ва Син Ган 
CentralAsia (CA). Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров бо Син Ган, вазири нави корҳои хо-риҷии Чин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.  
Лавров ҳамтои чинии худро бо таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ дар ин кор муваффақият таманно кард. Зимни суҳбат дипломатҳо, ҳамчунин, масъалаҳои рӯз-номаи дуҷониба, ҷаҳонӣ ва минтақави-ро баррасӣ намуданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ қабул надоштани дахолати ИМА-ро ба корҳои дохилии ҳар ду давлат зикр намуда, ягонагии муносибатҳои Москва ва Пекинро ба мушкилоти тараққиёти ҷаҳон баён карданд.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки вазирон, ҳамчунин, ба ҳамоҳангӣ дар СММ, БРИКС, СҲШ,  G20, АСЕАН ва дигар арсаҳо баҳои мусбат додаанд.  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 13499
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед