logo

иҷтимоиёт

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ТАЪХИРНОПАЗИР АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ташаббускори асосии масоили ҳалталаби байналмилалӣ шинохта шудаанд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ҳамчун давлати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта мешавад. 
Дар ин бобат Диловар Қосимӣ, муовини раиси ноҳияи Дарвоз, чунин ибрози назар намуд:
- Тамоми сокинони сайёра медонанд, ки аз оғози солҳои 2000 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон соли 2003 - Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон гашта, ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамовозӣ пайдо намуда, хуб пазируфта шуд. Қабули чунин қатъномаи муфид бо пуштибонии 154 кишвар аз ҷониби СММ боиси ифтихору сарфарозии тамоми сокинони Тоҷикистони азиз мебошад. Инчунин, бо хушнудӣ бояд иброз намуд, ки дар баробари эълон шудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.
Тибқи маълумотҳо, айни ҳол зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз норасоии об танқисӣ мекашад ва пешгӯии олимон нишон медиҳад, ки то соли 2025 ин рақам метавонад то ба 4 миллиард расад.  Албатта, вақте ки чунин мушкилот пеш меояд, бе талафот пушти сар намудани он ғайриимкон аст. Тағйирёбии иқлим сабаби асосии зуд об гаштани пиряхҳо арзёбӣ шудааст, ки метавонад дар солҳои наздик мушкилоти соки-нони сайёраро ба норасоии об боз ҳам зиёдтар намояд. Хуб медонем, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фа-ровони об буда, 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ аз ин ҷо сарчашма мегиранд. Тибқи пешгӯии олимон Тоҷикистон  кишварест, ки обшавии пиряхҳо бо суръати баланд дар он ба назар мерасад. Албатта, ин омил нигаронкунанда аст ва тадбирандешӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо  масъалаест, ки ҳалли саривақтиро талаб менамояд.     
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки масъалаи вобаста ба мушкилоти об дар қатори дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза, яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб ба ҳисоб мера-вад.
Қобили зикр аст, ки дар қатори пешниҳод оид ба эълони соли 2025 - Соли ҳифзи байналмилалии пи-ряхҳо, аз ҷониби СММ ташкил намудани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва доир намудани Конфронси байналмилалӣ  оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе низ, дастгирӣ ёфт. 
Ин иқдому ташаббусҳо мо, сокинони мамлакатро водор месозад, ки аз пештара дида, гирди сиёсати хи-радмандонаи Сарвари давлат ҷамъ бошему ҳамчун миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат ва ташаббус-кор худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10    №: 14    Мутолиа карданд: 3248
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед