logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАР МУАССИСАҲОИ КАТС ПАНҶОҲ ТАБИБИ ОИЛАВӢ НАМЕРАСАД

 
Дар соли 2021 ва аввалҳои соли 2022 тарки пеша кардану ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани табибони соҳибтаҷриба ва ҳамшираҳои тиббӣ аксари муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии кишварро ба мушкилоти кадрӣ мувоҷеҳ сохта буд. Бавижа, дар шашмоҳаи аввали соли гузашта ҳудуди 11  табиб, ки аксарияти онҳо таҷрибаи баланди касбӣ доштанд, аз муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода бо хоҳиши худ аз кор озод гардида, ба Федератсияи Россия ҳиҷрат карданд. Давоми панҷ моҳи охири соли 2022 ба муҳоҷират рафтани духтурон коҳиш ёфтааст. 
Зоир Ибодуллоев, роҳбари муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии шаҳри Турсунзода, зимни суҳбат тазак-кур дод: 
– Дарвоқеъ, пайи ҳам аз кор рафтани табибони баландтахассус моро ҷиддӣ нигарон карда буд. Зимнан, 9 духтури маълумоти олидор: табиби оилавӣ, ҷарроҳ, саратоншинос ва пизишки бемориҳои амрози даруна, ки ба Федератсияи Россия барои кор рафта буданд, ба Ватан баргашта, онҳоро дубора ба кор пазируфтем. Аз моҳи январ то июни соли 2022-юм  38 ҳамшираи тиббӣ тарки кор кард. Ба ҷойи онҳо 45 нафар дорои маълумоти миёнаи тиббиро ба кор қабул кардем, вале норасоии кадрӣ дар муассиса бартараф нашудааст.
Алҳол дар муассисаи фавқуззикр 926 корманд фаъолият дорад, ки аз ин шумора 170 табиб ва 538 нафар ҳамшираи тиббӣ мебошад. Нарасидани духтури оилавӣ мушкили № 1 дар КАТС маҳсуб мешавад. Бино ба иттилои мутасаддиён, марказҳои саломатии деҳавӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳр ба 50 табиби оилавӣ эҳтиёҷ доранд. Алъон аз рӯи ихтисоси зикршуда, 50 воҳиди корӣ дар КАТС холӣ аст. Дар марказҳои сало-матӣ як табиб, ҳатто, ба ҷойи ду нафар фаъолият мекардааст. Гузашта аз ин, муассисаҳои кумаки аввалия ба 6 дандонпизишк ниёз доранд. 
– Феълан, дар шаҳри Турсунзода 28 маркази саломатии деҳавӣ ва 50 бунгоҳи тиббӣ амал менамояд. Бунгоҳҳое, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти шахсӣ фаъолият мекарданд, бо ташаббуси соҳибкорону ашхоси саховатпеша соҳиби бино гардиданд. Бо саҳмгузории соҳибкорон сохтмони як хонаи саломатӣ дар деҳаи Тойчии деҳоти Навобод ва бо сармоягузории ташкилоти хайриявии «Тавҳид» дар ҷамоатҳои деҳоти Регар ва Ҷӯра Раҳмони шаҳр бошад, сохтмони се хонаи саломатӣ ҷараён дорад.  Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 низ, дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ маркази саломатӣ бунёд карда истодааст, – афзуд З. Ибодуллоев. 
 
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2023    №: 14    Мутолиа карданд: 1071
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед