logo

Хабарҳо

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

 
Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат сокинони ниёзманди шаҳри Ҳисор марҳила ба марҳила соҳиби замин ва манзил мегарданд.
 
Бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз ҳисоби фонди манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-тии шаҳри Ҳисор дар мавзеи Чашмасори деҳоти Сомон ба 217 сокини ниёзманди дар навбатбудаи шаҳр, аз ҷумла  омӯзгорону табибон, собиқадорони хизмати давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонаво-даҳое, ки 3-4 ва ё бештар аз он оилаҳо дар он иқомат доранду аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҳамчун ниёзманд эътироф шудаанд, замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. Тақсимот шаффофу одилона баргузор шуда, дар навбатбудагон бо усули қуррапартоӣ соҳиби талони рақамгузоришуда ва қарори замин гардиданд.
Раиси шаҳр шаҳрвандонеро, ки дар остонаи Соли нав соҳиби замин шуданд, муборакбод намуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди саросар кӯҳсор будани кишвар ва мушкилоти кам будани замин барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандони кишвар чораҳои зарурӣ меандешанд. Сокинонро мебояд дар такя ба дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат манзилҳои истиқоматии хешро бо усулҳои зебои меъморӣ бунёд намуда,  минтақаҳои пешбинишударо барои сохтмони инфрасохтор, амсоли иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ тасарруф накарда, оқилона истифода намоянд».
Дар маҷмуъ, соли 2022 ба 641 оилаи ниёзманди шаҳр қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардидааст, ки майдони умумии беш аз 40 гектарро ташкил медиҳад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 12795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед