Хабарҳо
БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7
«Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2023 муайян шудааст.
Бинобар ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки симкортҳои моби-лиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, хоҳиш менамояд, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
37 ОМӮЗГОР СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ МЕГАР-ДАД
Имсол дар ноҳияи Дӯстӣ 37 омӯзгор соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегардад. Соли гузашта ба 30 нафар омӯзгори ҷавони ноҳия қитъаи замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо гардида буд, – ит-тилоъ доданд аз раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон ба роҳ монда шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба хотири бартараф кардани норасоии кадрӣ дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолият омӯзгоронро ба кор даъват карда, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин менамояд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 12795