фарҳанг
ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат рушди минбаъдаи маориф ва илм аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор рафта, дар ин робита Пешвои миллат чунин изҳор доштанд: "Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад". Ин таъкиди Сарвари давлат ишора ба он дорад, ки ғамхорӣ дар ҷодаи пешрафти соҳаи маориф метавонад барои ҳаллу фасли тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат намояд. Зеро тамоми самтҳои фаъолияти инсон ба неруи маънавӣ марбут аст ва маҳз илму маориф метавонад, барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ заминагузор бошад.
Президенти мамлакат бо такя ба нақши меҳварии маориф ва илм дар тараққиёти ҷомеа бори дигар ёдрас шуданд: "Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем". Дар робита, ҳамчунин, таъкид шуд, ки бо мақсади таъмини рушди соҳаи маориф ва илм ҳамасола маблағгузорӣ афзун гардида, дар соли 2022 ба 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд гардидааст.
Мо – кормандони соҳаи илму маорифро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар самти боло бурдани сатҳу сифати таълим ва ба низомҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани таҳсилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоем. Самти меҳварии сиёсати давлат дониста шудани соҳаи маориф на танҳо аз он дарак медиҳад, ки Роҳбари давлат илму маорифро самти калидии давлатдорӣ ва асоси бунёди ҷомеаи мутамаддин донистаанд, балки ба ин соҳа ғамхории пайваста зоҳир намуда, барои ба низомҳои ҷаҳонӣ расидан аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.
Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, талошу кӯшиши муассисаҳои олии касбӣ ба мутобиқсозии раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба равандҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҳадафи бузурги давлатӣ дар назди мо – кормандони соҳаи маориф ва илм вазифа мегузорад, ки барои мавриди амал қарор додани барномаҳои бузург ва муҳими илмӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои гуногуни олам тадбирҳои зарурӣ андешем. Зеро вусъати ҳамкориҳои судманди илмӣ метавонад дар амри мутобиқсозии барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо равандҳои муосири низоми илм ва таҳсилот нақши муассир гузорад.
Рамзи саодати мардуми тоҷик аст, ки дар истиқбол аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ боз як ташаббуси кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби СММ истиқбол ёфт. Тавре Пешвои миллат таъкид доштанд: “Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад”.
Бо назардошти ин, дар Паёми Пешвои миллат ба таври сареҳ таъкид шуд, ки мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Ин ташаббуси бузург низ дар назди кормандони соҳаи маориф ва илм вазифаҳои навбатиеро мегузорад, то дар амри тарғиби ин дастоварди нодир талошу кӯшиш ба харҷ диҳем ва ҳам барои ба роҳ мондани пажӯҳишҳои нав ба нави илмӣ мутахассисони соҳаро ҷалб намоем.
Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» низ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани нуктаҳои асосии Паём аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намояд. Дар навбати аввал, ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳамаи факултету кафедраҳои Донишгоҳ бо баргузор намудани конфронсҳои илмиву амалӣ барои мавриди амал қарор додани нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат иқдом намоем. Ҳамзамон, устодону пажӯҳишгарони риштаи табиатшиносӣ, хосса соҳаи геоэкологияро баҳри мавриди пажӯҳиш қарор додани муаммоҳои об, пиряхҳо бештар ҷалб созем.
Мутмаинам, ки мардуми шарафманди тоҷик аз Паём ҳарфу ҳадис ва паёми башоратҳоеро ба самти анҷоми корномаҳои маънавиву моддӣ, истеҳсоливу иқтисодӣ ва фикриву амалӣ ба худ гирифта, беҳтарин ҳадияҳои хешро дар самти рушду пешрафти Тоҷикистони азиз тақдим хоҳанд намуд. Бо камоли иродатмандӣ метавон изҳор дошт, ки ҳар як Паёми Пешвои миллати мо барномаи ҳидоят танҳо барои як сол нест, балки дурнамои рушди Тоҷикистони азиз дар ҳар яке аз онҳо таҷассум меёбад, ки барои даҳсолаву садсолаҳо пешбинӣ мешаванд. Хосса аз мо – аҳли маориф тақозо мешавад, ки дар партави нишондодҳои ин чароғи ҳидоят баҳри такмили донишу маърифат, таҳкими худшиносиву худогоҳии маънавӣ, худафрӯзӣ дар роҳи илму маориф, баҳрагирӣ аз донишҳои пешқадами замон, омӯзиши амиқи мероси ниёкон ва дар маҷмуъ, расидан ба мақоми инсони комили имрӯз талошу кӯшиш ба харҷ диҳем.
Аюб УСМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б. Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2023 №: 15 Мутолиа карданд: 503