фарҳанг
ӮЗБЕКИСТОН. САФИРИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР БОЙСУН ГАРМУ САМИМӢ ИСТИҚБОЛ КАРДАНД
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар доираи як сафар ба ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё аз муассисаҳои таълимии тоҷикӣ боздид намуда, бо омӯзгорону хонандагон ва доираҳои илмию фарҳангӣ дидору суҳбатҳои судманд анҷом дод.
Зимни боздид аз мавзеи таърихии “Чорчинор” ва “Хоҷа сурхпӯши Валӣ” сафири Тоҷикистонро ҳокими ноҳияи Бойсун Асқаралӣ Раҷабов ва раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ноҳия Ғаффор Норбоев ҳамроҳӣ карданд. Иштирок ва суханронии Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳамоиши васее, ки дар кохи фарҳанги ноҳия баргузор гардид, истиқболи гарм пайдо намуд.
– Дӯстиву рафоқате, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ асос гузоштаанд, аз тарафи ду Сарвари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев хеле дар сатҳи баланд пайравӣ карда мешавад. Маҳз бо иродаи сиёсии ин ду Роҳбари дурандеш ҳоло дӯстиву рафоқат миёни тоҷикону ӯзбекон дубора эҳё гардидаву ба давраи навини худ ворид шудааст, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ афзуд, ки ноҳияи Бойсун таърихи бою рангин дошта, зодгоҳи чеҳраҳои маъруфу барӯманд мебошад. Ба таъкиди ӯ, дар ин ноҳия баргузор шудани Ҷашнвораи байналхалқии “Баҳори Бойсун” аз воқеоти муҳими фарҳангии соли гузашта маҳсуб меёбад. Дар ин Ҷашнвора дастаи фолклорӣ – этнографии “Бибиҳо”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева ширкат намуда, ғолиб дониста шуд.
– Ду адиби бузурги бойсунӣ – Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва Нависандаи халқии Ӯзбекистон шодравон Шукур Холмирзоев бо ҳам дӯстии хеле қарину мустаҳкам доштанд. Дар гузашта ва имрӯз низ шахсиятҳои маъруфи фарҳанги Бойсун, чи дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илму фарҳанг саҳми бузург гузоштаву мегузоранд, – таъкид намуд А. Раҳмонзода.
– Таҳкими дӯстии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бар ҳар як тоҷики маскуни вилояти Сурхондарё руҳу тавони тоза мебахшад. Беҳуда шоирони зиёди форсу тоҷик дар бораи тараннуми дӯстӣ шеърҳои зиёд нанавиштаанд. Мо низ китоберо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо – дӯстии миллатҳо” таҳия ва таълиф намудем, ки аз маҷмуи мақолаҳо, шеъру таронаҳои тоҷикиву ӯзбекӣ иборат аст, – гуфт раиси Маркази миллӣ – фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё, устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз, профессор Рамазон Абдуллоев.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни сафар бастаи зиёди китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикиро ба мизбонон тақдим намуд, ки боиси хушҳолии аҳли илму фарҳанг гардид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
“Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2023 №: 15 Мутолиа карданд: 538