logo

Хабарҳо

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

 
Размикори 23-солаи тоҷик Нурулло Алиев аввалин набарди худро дар созмони UFC Fight Night 220 муқобили Рафаэл Алвес (Бразилия) анҷом медиҳад. 
Бар пояи маълумоти сомонаи созмон, муҳориба 26 феврал дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА баргузор мегардад. 
Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2022 Нурулло баъди пирӯзӣ дар сабқатҳои Dana White's Contender Series муқобили Ҷош Уик бо ширкати UFC шартнома имзо намуда, аввалин размгари тоҷик дар ин лига аз Тоҷикистон гардид.
 
 
 
«ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА-2023» 
“Солор” ва “Поиск” – ғолибони мусобиқа
Дастаҳои “Солор” (миёни футболбозони соли таваллудашон 2010) ва “Поиск” (байни футболбозони соли таваллудашон 2011) дар мусобиқаи футбол таҳти унвони «Таътили зимистона-2023» пирӯз шуданд. 
Тибқи иттилои ФФТ, бозиҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гаштанд.
Миёни футболбозони соли таваллудашон 2010 мақомҳои дуюму сеюмро дастпарварони «Истиқлол» (мураббӣ Ҷаҳонгир Ҷабборов) ва «Поиск» (Зайниддин Раҳимов) ба даст оварданд.
Байни бозигарони 11-сола тимҳои «Солор» (Азамат Шодиев) ва «Ҷавонон» (Парвиз Сайфуллоев) барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
 
 
 
Карло Анчелотти – беҳтарин мураббии соли 2022
Тибқи фарзияи Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS), сармураббии тими “Реал” (Мадрид) Карло Анчелотти беҳтарин мураббӣ дар сатҳи клуб барои соли 2022 эътироф гардид. 
Зери роҳбарии Анчелотти соли гузашта “Реал” ғолиби Лигаи чемпионҳо ва қаҳрамони Испания шуда буд. 
Коршиноси итолиёвӣ бори сеюм дар фаъолияти худ унвони беҳтарин мураббии солро гирифт. 
Ҳамин тариқ, дар топ панҷ Хосеп Гвардиола («Манчестер Сити»), Валид Реграги («Видад»), Юрген Клопп («Ливерпул») ва Жозе Моуриню (“Рома”) шомил шуданд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 10976
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед