logo

Хабарҳо

Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Аз ҳамаи сокинони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои сарди зимистон (10-14 январи соли 2023) бидуни зарурат ба сафар набароянд, аз гаштугузори бемаврид худдорӣ намоянд, нақлиёти шахсии худро истифода набурда, аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд.
Ҳамчунин, дар истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор буда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.  Бо риояи қоидаҳои бехатарӣ, худ ва наздиконатонро аз хавфу хатар эмин нигоҳ доред!
 
 
Барқияи Рамазон Раҳимзода ба вазири корҳои дохилии Россия
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба вазири корҳои дохилии Россия Владимир Колоколтсев вобаста ба ҳодисаи 4 январи соли равон, ки дар тарабхонаи «Хинкалная Тбилисо», воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Москва нисбат ба шаҳрванди кишвари мо Сайёра Дусаева рух дод, барқия ирсол намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар барқия зикр шудааст, ки вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷиҳати воқеъбинона баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назорат қарор додани он мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки як ошпази тарабхонаи «Хинкалная Тбилисо» шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбат ба ӯ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафашро  паст задааст. Номбурда маҷбур шудааст, ки  барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия тафтишот идома дорад.
 
 
Қадрдонии ғолибони озмуни вилоятӣ  дар Хатлон
Дар вилояти Хатлон озмуни вилоятии “Хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак ва шаҳру ноҳияи беҳтарин” ҷамъбаст шуда, ғолибон зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022, ки бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва  раиси  вилоят  Давлаталӣ  Саид баргузор гардид, бо диплом ва мукофотпулӣ қадр гаштанд.
Аз дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, ки аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар марҳилаи якуми озмун зиёда аз 2 миллион нафар фаро гирифта шуда, 1570 деҳаю маҳалла, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот, 465 оила, 513 кадбону дар марҳилаи дуюми озмуни вилоятӣ иштирок намуданд.
 
 
Ҷаласаи тантанавӣ
Дар толори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ҳозиронро бо иди касбӣ табрик гуфта, таъкид кард, ки тули 16 сол аст ниҳоди мазкур дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат ҳамчун субъекти асосии бо ин падидаи номатлуб муборизабаранда, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сабабу шароитҳои барои содир намудани онҳо мусоидаткунанда ва ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ фаъолият мебарад.
Бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ ва иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ як қатор кормандон бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаву сипоснома сарфароз шуданд.
 
 
Таътили зимистонаи хонандагон  то 16 январ тамдид гардид
Дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ) новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, таътили зимистона то 16 январ тамдид карда шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ дод.
Вазорати маориф ва илм ба таваҷҷуҳи омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм аз 10 январи соли равон таътили зимистона тамдид шуд.
Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16 январ оғоз гардида, соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн мешаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 11280
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед