қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 29 декабри соли 2022, № 611, ш. Душанбе
Дар бораи Тартиби тайёр кардан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ ва Номгӯйи молҳои зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ, ки бояд ҳатман тамғагузорӣ карда шаванд
Мутобиқи моддаи 295 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби тайёр кардан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ ва Номгӯйи молҳои зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ, ки бояд ҳатман тамғагузорӣ карда шаванд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани гардиши маҳсулоти зераксизӣ (маҳсулоти тамоку ва машрубот), дар ҳолати зарурӣ дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил намоянд.
3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
4. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 2 июни соли 1997, №253 «Дар бораи ҷорӣ намудани тамғаҳои аксиз барои маҳсулоти тамоку ва машрубот»;
- аз 31 декабри соли 2003, №583 «Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот»;
- аз 29 декабри соли 2012, №774 «Дар бораи Номгӯи молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки ба онҳо тамғаи аксизӣ гузошта мешавад».
5. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, №611
Тартиби тайёр намудан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби тайёр намудан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ (минбаъд–Тартиб) тартиби тайёр кардан, харид ва фурӯши тамғаҳои аксизро ба муомилоти истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку ва машрубот баровардани тамғаҳои аксизиро муқаррар намуда, бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани истеҳсоли ин намуд молҳои зераксизӣ таҳия гардидааст.
2. Тамғаи аксизӣ ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъии дорои дараҷаи муайяни муҳофизат буда, барои баҳисобгирӣ ва назорати молҳои алоҳидаи зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад.
3. Фурӯши молҳои зераксизии тамғагузоришаванда бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Ҳангоми бе тамғаҳои аксизӣ ба фурӯш баровардани молҳои зераксизии тамғагузоришаванда, чунин молҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.
4. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.
5. Фармоишгари тамғаҳои аксизӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
6. Омодасозии тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот дар асоси шартнома байни фармоишгар ва омодакунандаи тамғаҳои аксизӣ бо дарназардошти дархости мақомоти фискалӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, хароҷоти он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизиро барои нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ, фурӯш ва назорат ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси борхат месупорад.
8. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаҳои аксизиро ба андозсупорандагоне мефурӯшанд, ки барои истеҳсол ва ё воридоти маҳсулоти тамоку ва машрубот иҷозатномаи дахлдор доранд.
9. Тамғагузории молҳои зераксизии истеҳсолшаванда ва воридшаванда аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон то ба фурӯш баровардани молҳои зераксизӣ ва воридоти молҳои зераксизӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Тамғаҳои аксизӣ хусусияти истифодабарии яккарата дошта, дубора истифода бурдани онҳо манъ аст.
11. Молҳои зераксизии воридшаванда (маҳсулоти тамоку ва машрубот) пас аз тамғагузорӣ ба расмияти гумрукӣ дароварда мешаванд.
12. Дар ҳолати вайрон ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ дар фаъолияти истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ, андози аксиз дар ҳаҷми номгӯйи молҳои зераксизии тамғагузоришаванда пардохт карда мешавад.
13. Ҳисоби андози аксиз аз рӯи тамғаҳои аксизии вайрон ё гумшуда дар асоси меъёрҳои андози аксизи барои ҳар воҳиди ҳаҷми зарф ё баста муқарраршуда, ки дар тамға зикр гардидааст, анҷом дода мешавад.
14. Дар сурати дар тамғаи аксизӣ мавҷуд набудани ишора ба ҳаҷми воҳиди зарф (баста), ҳисоби андози аксиз аз рӯи тамғаҳои аксизии вайроншуда ё гумшуда бо назардошти ҳаҷми нисбатан калони воҳиди зарфи (бастаи) молҳои зераксизӣ дар давоми давраи пеш аз вайрон ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ муайян карда мешавад.
15. Ҳангоми вайрон ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ, андози аксиз дар ҳолатҳои зерин пардохт карда намешавад:
- ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, бо дарназардошти ба мақомоти андоз ва гумрук пешниҳод гардидани хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ё хулоса (санад)-и экспертизаи мустақил ва санади муоинаи гумрукӣ;
- тамғаҳои аксизии вайроншуда, ки барои аз ҳисоб баровардан ё нобудсозӣ ба мақомоти андоз ва гумрук дар асоси санад супорида шудаанд.
16. Дар ҳолатҳои зерин тамғагузории молҳои зераксизӣ ҳатмӣ намебошад:
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии «Содирот» баровардани молҳои зераксизӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз ҷониби субъектҳои савдои бебоҷ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии «Савдои бебоҷ» ворид намудани молҳои зераксизӣ;
- тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии «Транзити гумрукии байналмилалӣ» интиқол додани молҳои зераксизӣ;
- аз ҷониби шахси воқеии аз 21-сола боло ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти машрубот ва тамоку.
2. АРЗИШИ ТАМҒАҲОИ АКСИЗӢ
17. Тамғаҳои аксизӣ ба истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ бо нархҳои зерин фурӯхта мешаванд:
- барои маҳсулоти тамоку бо пули миллӣ баробар ба 0,04 евро барои 1 тамға;
- барои маҳсулоти машруботӣ бо пули миллӣ баробар ба 0,08 евро барои 1 тамға.
3. ТАРТИБИ ХАРИДИ ТАМҒАҲОИ АКСИЗӢ ВА МУОМИЛОТИ ОН
18. Барои хариди тамғаҳои аксизӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- мактуб (ариза)-и истеҳсолкунанда ё воридкунандаи маҳсулоти зераксизӣ;
- нусхаи иҷозатнома ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ дар дохили кишвар ва (ё) воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти арзиши тамғаҳои аксизӣ ба буҷети давлатӣ.
19. Маблағи тамғаҳои аксизӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути ташкилоти бонкӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.
20. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа на дертар аз санаи 20-уми моҳи навбатӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба миқдор ва истифодаи тамғаҳои аксизии ба ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва (ё) воридкунандаи молҳои зераксизӣ фурӯхташуда ҳисобот пешниҳод менамоянд.
21. Тартиби тамғагузории молҳои зераксизии воридотӣ ва истеҳсолшавандаро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазоратҳои молия ва саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
22. Тамғаҳои аксизии истифоданашуда аз ҷониби воридкунандагон ва (ё) истеҳсолкунандагони молҳои зераксизӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас қабул ва маблағи онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ баргардонда мешавад.
23. Тамғаҳои аксизие, ки ба истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ фурӯхта шуда, пас аз фурӯш корношоям гардидаанд, бозпас қабул ва маблағи онҳо баргардонда намешаванд.
24. Шахсоне, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.01.2023 №: 16 Мутолиа карданд: 789