logo

сиёсат

ПАЁМ. ФАРДО БОЗ ДУРАХШОНТАР ХОҲАД БУД

 
Дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли 2000-ум аввалин маротиба парламенти касбии мамлакат – Маҷлиси Олӣ ба фаъолият оғоз кард, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Маҳз соли 2000-ум дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бори нахуст Президенти кишвар бо Паёми фарогири дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол баромад карданд. Инак, 22 сол аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, сохторҳои давлатӣ ва, дар умум, барои ҷомеа чун дурнамои мукаммали фаъолият пазируфта шудааст.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, дар марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, хосса муайянсозии самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ ва дигар масоили муҳими ҷомеа, ки дар раванди таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва дигаргуниҳои куллӣ ҷараён дорад, барномае барои пешрафт шуморида мешавад.
Ин навбат низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, баҳри пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ва шароити арзандаи зиндагӣ муҳимтарин масъалаҳоро мушаххас намуд. Дар Паём Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, сарчашмаҳои маблағгузорӣ, татбиқи барномавии нақшаҳои рушди иқтисодии мамлакат, идоракунии самаранок ва роҳҳои таъмини афзалиятҳои кишвар чун муҳимтарин мавзуъҳо баррасӣ гардиданд.  Дар Паём ба ин маънӣ ишора карда, Президенти мамлакатамон гуфтанд: «Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад».
Бояд зикр кард, ки давлату Ҳукумат ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ ҳама тадбирҳои заруриро барои пешрафти бомароми соҳаҳои муҳим, аз қабили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг амалӣ мегардонад. Ин дафъа низ бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз, музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ  ва стипендияҳо, инчунин, андозаи нафақаи заминавӣ аз 1  июли соли ҷорӣ 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ин шаҳодати он аст, ки соҳаҳои фавқуззикр аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дода шудаанд.
Дар Паём кулли масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ва роҳҳои рушди устувор дақиқ матраҳ гардида, тадбирҳо дар роҳи зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, истеҳсоли молҳои ватании содиротӣ ва дигар нақшаҳо барои болоравии сатҳи зист дар ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо тамоюл ва хусусиятҳои мушаххаси рушди ҷаҳони муосир, ки нишондиҳандаҳои он аз ҷониби ҷомеа чун дастурамал истифода мегарданд, тарҳрезӣ шуданд.
Гуфтан бамаврид  аст, ки дар шароити  торафт шиддат гирифтани равандҳои манфӣ аз ҳар нафар дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ масъулияти ҷиддиро талаб мекунад. Яъне, моро зарур аст, ки беш аз пеш меҳнат намоем, заҳмат кашем ва нақшаҳои бунёдкоронаи худро, ки   барои ободию тараққиёти Ватани маҳбубамон тарҳрезӣ гардидаанд, хушсифат ба анҷом расонем. Бар замми ин, Паём тақозо менамояд, ки барои татбиқи нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои бештар иттиҳоду ҳамбастагӣ, иҷрои саривақтии вазифаҳо барои рушди кишвар мароми асосии мо бошад. Танҳо аз сидқи дил саъю кӯшиш намудан ва масъулияти баланд дар назди халқу Меҳан доштан метавонад моро ба ҳадафҳои олӣ ва  созандаамон бирасонад.
 
Холмурод ҒИЁСПУР,
омӯзгори МТМУ №6, деҳаи Шаҳрибарбари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2023    №: 16    Мутолиа карданд: 412
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед