logo

фарҳанг

МОДАР БИҲИШТӢ АСТ

 
Модарро бузургтарин сарват, неъмат, давлат… мегӯему лек дар вақташ на ҳама ба қадраш мерасем. Вақте аз сар мегузарад, дар назар ними дунё холӣ менамояд. Ҳарчанд хешу наздикон, дӯстону ҳамкорон дар паҳлуянд, боз ҳам эҳсос мешавад, ки шахси азизтаре намерасад…
Ҳар вақте ба деҳа барои дидани падару модар мерафтам, модарам ҳамеша маро бо кулча ё фатири гарм пешвоз мегирифт. Ба ҳавлӣ надаромада, дар кӯча, аллакай, бӯйи нони гарм ба машомам мерасид. «Бачам кулчаро дӯст медорад» – гуфта, ҳар рӯзи шанбе субҳи барвақт танӯрашро фурӯзон мекард. 
Дар кӯчаамон қариб ҳамаи ҳамсояҳо мехостанд модари ман дар маъракаҳояшон нон бипазад. Кулчаи хурд, кулчаи калон, нони чапотӣ, гирдача, хулоса, чӣ гуна ноне, ки соҳиби маърака мехост, модарам пухта медод. Аз нонпазӣ меомаду сарулибосашро ба тартиб медаровард. Дастархон карда, ин бор ҳамчун меҳмон ба ҳамон тӯй ё маърака мерафт.  
Боре аз нонпазии кадом як маъракае омаду рӯи хараки ҳавлӣ нишаст. Суп-сурх шуда буду худро бо гӯшаи рӯймолаш шамол медод.
– Бачам, чойи хунука биёр, – гуфт ба ман.
Ман ба як коре банд будам, аниқтараш барои доштани паранда бо тағора, дом тайёр мекардам. Худро ба нодонӣ зада, чизе нагуфтам.
– Бачам, чойи хунука биёр, – боз оромона хитоб кард ба ман.
– Ҳозир, – гуфтаму боз ҳам машғули кори худ шудам.
Дидам, ки модарам сӯйи ошхона рафт.
Имрӯз ҳамон манзара, ки ба ёдам меояд, офарини асабҳоят, мегӯям, модар! 
Ҳолиё агар маро чойи хунук биёр гӯй, ҳазор бор гӯй, ҳазор бор рафта меорам, оча. Бас дер қадри туро шинохтам, бузургиатро дарк кардам, лекин Худованд умри зиёд ба ту надод, то ман хатоҳои дар ҷавонӣ кардаамро ҷуброн кунам. Агар ҳазор сол ҳам умр диҳад, гумон мекунам барои мо фурсати кам аст.
Дар назарам менамуд ё дар ҳақиқат чунин буд, ман ҳеҷ гоҳ мондашавии ӯро надида будам. Гоҳ дар ошхона буду гоҳ даруни пали гашнизу пиёзаш ё машғули либосшӯӣ буду ё аз паси нигоҳубини гову гӯсола. Боз вақт ёфта, дарсҳои моро назорат мекард. Бар замми бемории падарам панҷ фарзандро хонадор кард. 
Ман гумон мекардам, модарам ҷовидонӣ аст. Аммо, вақте ба бемории вазнин гирифтор шуд, фаҳмидам, ки ӯ аз мо меравад, вале чаро ин қадар зуд. Охир нав мо боақл шудему ҳоло хизматашро ба ҷо наовардаем… 
Назди духтур бурдам. Пас аз муоинаю ташхис, аз модарам хоҳиш кард, ки як лаҳза берун бароед.  
– Дар хона ягон мушкилӣ доред? – пурсид духтур аз ман.
– Не, – гуфтам.
– Ягон нафари бемор доред? – боз пурсид.
– Бале, – гуфтам, – падарам даҳ сол боз аз бемории сактаи мағзи сар ранҷ мекашад.
– Ана дидӣ, додар, – гуфт духтур, – модарат аз қафои нигоҳубини шавҳар шуда, ба дарди худаш эътибор надодааст. Агар ӯро панҷ-шаш сол пештар меовардед, муолиҷа кардан мумкин буд. Модарат гирифтори бемории саратон аст.
– Наход ягон илоҷ надошта бошад? – пурсидам ман.
– Ҳар чи ҳам кунем, барои муддате аст, яъне барои чанд моҳ.
– Хуб, – гуфтам, – барои як рӯз ҳам бошад, мекунем, духтур.
Баъди ҷарроҳӣ ӯро ба деҳа набурдам. Гуфтам, ки бояд даҳ рӯзи дигар барқ гирад. Хулоса, бо ҳар баҳона ӯро ду моҳ дар хонаам нигоҳ доштам. Мехостам то рӯзи охир дар паҳлуям бошад. Ҳар рӯз мепурсид, ки чаро маро деҳа намебарӣ, бачам. Отат чӣ ҳол дошта бошад? «Отам соз, ҳамин ҳафта рафта хабар гирифта будам», мегуфтам. Падарам бошад, аз он тараф ҳар ҳафта мепурсид, ки «очата чаро намеорӣ?» Мегуфтам. ки «дар беморхона аст». Ниҳоят пас аз исрори зиёдаш ӯро ба деҳа бурдам. Ҳар рӯз аз деҳа ба кор меомадаму бегоҳ боз бармегаштам. 
Вақте дар наздаш занҳои бисёрро медидам, дилам реш-реш мешуд. Базӯр гап мезад, хоб набуд, доим нишаста буд. Аз ду паҳлуяш болишт чида буданд. Як бегоҳ наздаш даромадаму хоҳарашро, ки дар роҳи дур буд, дидам, дилам ба замин зад. Чӣ гапе ҳаст, – гуфтам ба худ. Охирон бор ман ӯро дар беморхона дида будам, гуфтам, ки ҳамааш хуб аст, хола. 
Боре бегоҳӣ назди модарам даромадам, чашмонаш намедид.
– Салом, оча, – гуфтам.
– Бачам, туӣ? – сарашро каме бардошта, дасташро тарафам дароз карда пурсид.
Дасташро дошта, паҳлуяш нишастам. Аввал аз фарзандонам, баъд аз корам пурсид. Гуфтам, ки хубанд.
– Медонистӣ, ки ман касали безебам, чиба ин қадар харҷ кардию аз хобу аз кор мондӣ, худата азоб додӣ? – пурсид ӯ.
– Ман ҳеҷ кор накардам, оча, – гуфтам дар ҷавоб, – ҳолӣ нағз мешавӣ.
– Не, ман дигар нағз намешам. Худат аз рӯзи аввал инро медонистӣ, Худованд подоши ҳамаи ғамхориҳота диҳад бачам.
Ман ба чашмонаш, ки сап-сафед шуда буданд, нигоҳ карда, ба суханҳояш гӯш медодам.
– Ҳамсаратро эҳтиром кун, отата нигоҳ кун, нагузор, ки хор шавад.
– Хуб, – гуфтам ва дидам чашмонаш пури об шуда буд.
– Биё, бӯ кашамта, бачам, – гӯён бо дастони бемадораш маро сӯи худ кашид. 
Ҳамон шаб дар синни 54-солагӣ модарам ба ин дунёву мо падруд гуфт.
Ҳар вақте ба аёдати падар меравам, баъди салому алейк, сӯи расми модарам, ки дар девор овезон аст, ишора карда, сар меҷунбонад, ки ӯ биҳиштӣ аст.
Оре, Модар биҳиштӣ аст!
 
Фирӯзи АЛИШЕР, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2023    №: 16    Мутолиа карданд: 1728
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед