logo

маориф

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

Рустам Солихов, мудири маорифи ноҳияи Восеъ иттилоъ дод, ки дар  муассисаҳои таълимии ноҳия бунёди синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бо вусъат идома доранд. Баъди анҷоми корҳо дар ноҳия чор муассисаи нави таълимӣ ва 64 синфхона ба фаъолият мепардозад.
Аз ҷумла, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 - и шаҳраки Ҳулбуки ноҳия даҳ синфхонаи иловагӣ барои 250 ҷойи нишаст аз ҳисоби падару модарон ва соҳибкорон, МТМУ № 16, Ҷамоати деҳоти Х. Раҷабов шаш синфхона бо 150 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ – оилаи Камолзодаҳо, дар МТМУ № 47, Ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсов даҳ синфхона барои 240 ҷойи нишаст аз ҳисоби Бонки исломии рушд ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, МТМУ № 49, деҳаи Охҷари Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ даҳ синфхона барои 240 ҷойи нишаст, МТМУ № 54 даҳ синфхона бо 240 ҷойи нишаст, МТМУ № 55, Ҷамоати деҳоти Тугарак чор синфхона барои 100 ҷойи нишаст бо дастгирии кумитаи падару модарон, МТМУ № 56 деҳаи Дашти Дилоии Ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсов даҳ синфхона бо 240 ҷойи нишаст, дар МТМУ № 25, Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ ду синфхонаи иловагӣ бо 50 ҷойи нишаст ва МТМУ № 27, Ҷамоати деҳоти Тугарак ду синфхона бо 50 ҷойи нишаст аз ҳисоби кумитаи падару модарон сохта ба истифода дода мешаванд.
Номбурда иттилоъ дод, ки бо дастгирии Бонки исломии рушд сохтмони чаҳор муассисаи таълимии дигар ба нақша гирифта шуда,  онҳо дар давоми солҳои 2022 - 2025 мавриди истифода қарор мегиранд.
Сабаби оғоз ёфтани сохтмони пурвусъати синфхонаҳо барои рафъи мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии ноҳия буда, сохтмон бо дастгирии Вазорати маориф ва илм, Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷараён дорад.
Рустам Солихов, инчунин, иттилоъ дод, ки дар даҳ моҳи соли гузашта дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 62 таълимгирандаи ноҳия иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд ва бо медалу сипосномаҳо қадр шуданд. Бояд тазаккур дод, ки хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 24 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. Аз ҷумла, 2 медали тилло, 9 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ маҳсули талоши онҳо дар арсаи илму дониш аст.
 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2023    №: 16    Мутолиа карданд: 1774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед