logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 29 декабри соли 2022, ш. Душанбе, № 612 Дар бораи Регламенти техникии «Талабот ба маҳсулоти никотиндор»

 
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
1. Регламенти техникии «Талабот ба маҳсулоти никотиндор» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Регламенти техникии мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Қарори мазкур пас аз  шаш моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2022, №612 тасдиқ шудааст
 
Регламенти техникии «Талабот ба маҳсулоти никотиндор»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Регламенти техникии «Талабот ба маҳсулоти никотиндор» (минбаъд – Регламенти техникӣ) дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» таҳия гардида, талаботро ба маҳсулоти никотиндор муқаррар менамояд. 
2. Регламенти техникии мазкур нисбат ба маҳсулоти никотиндор (маснуоти дорои тамокуи гармшаванда, моеи никотиндор ва зарфҳои он)-и воридотӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, татбиқ мегардад.
3. Регламенти техникии мазкур талаботро нисбат ба ҳаммонандкунии маҳсулоти никотиндор, ки истифода ва иҷрои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, муқаррар карда, қоидаҳои  истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истеъмол (аз ҷумла, талабот нисбат ба ҷойҳои махсуси барои истеъмоли маҳсулоти никотиндор муқарраргардида), тартиби тамғагузориро ба борпечи истеъмолӣ ба танзим медарорад ва ҳамчунин, талаботи марбутаро нисбат ба нишондиҳандаҳои  таъиноташон функсионалӣ, аз ҷумла, хусусиятҳои хоси истеъмолӣ ва тавсифоти маҳсулоти никотиндорро, ки дараҷаи сифатнокиро муайян намуда, истеъмолкунандаро аз иштибоҳ дар масъалаи сифати маҳсулоти никотиндор ва  бехатарии истеъмоли он эмин медорад, муайян мекунад. 
4. Талаботи Регламенти техникии мазкур ба инҳо паҳн намегардад: 
- муносибатҳое, ки тибқи созишномаву санадҳои байналмилалӣ муқаррар карда шудаанд;
- намунаҳои маҳсулоти никотиндор, ки аз ҷониби озмоишгоҳҳо, истеҳсолкунандагони маҳсулоти никотиндор ва (ё) воридкунандагон (фурӯшандагон) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, барои санҷиши сифат, дараҷаи бехатарӣ, мутобиқати ченкунӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамчунин, татбиқи озмоишҳои муқоисавии байниозмоишгоҳӣ, санҷидани мутобиқати параметрҳои бамеъёрдароваранда ба талаботи регламентҳои техникӣ, калибрченкунии таҷҳизот, санҷишҳо (тестҳо)-и муқоисавӣ, чошнигириҳо, омӯзиши намуди зоҳирӣ (дизайн) пешбинӣ шудаанд; 
- намунаҳои маҳсулоти никотиндор, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилкунандагон ва (ё) иштирокдорони намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ярмаркаҳо ба сифати намунаҳо ва экспонатҳо ворид карда мешаванд;
- маҳсулоти никотиндор, ки дар дуконҳои савдои бидуни боҷ фурӯхта мешаванд. 
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ 
5. Дар Регламенти техникии мазкур истилоҳот ва мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- аэрозол – моддаи муаллақ, ки аз моддаҳои муаллақи зарраҳои моеи дар ҳолати газгун қарордошта иборат буда, дар натиҷаи истифодаи низоми таҳвили никотин ба нуқтаи таъинот бо маснуоти дорои тамокуи гармшаванда, моеъҳои никотиндор ва зарфҳои ғайриникотинӣ ба вуҷуд меояд;
- пуркунандаи ғайриникотинӣ (моеи ғайриникотинӣ) – маҳсулоти шаклаш моеъ, ки ба зарфҳои (картриҷҳо, зарфҳои захиракунӣ, контейнерҳо ва дигар зарфҳо) бе никотину намакҳои никотин ва ё дорои онҳо дар ҳаҷми камтар аз 0,1 мг/мл моеъ ҷойгир кунонида шудаанд ва барои нафаскашии аэрозоле, ки дар рафти истифодаи дастгоҳ ҳосил мешавад, пешбинӣ шудааст;  
- навъи маҳсулоти никотиндор – маҷмуи маснуоти никотиндор, ки аз рӯи хосиятҳои истеъмолӣ ва тарзи истеъмол ба ҳам монанд мебошанд;
- моддаҳои ихроҷшаванда – унсурҳо ва пайвастагиҳои кимиёвӣ, ки ҳангоми истифодаи маснуоти дорои тамокуи гармшавандаи таъиншуда ихроҷ карда мешаванд, аз ҷумла моддаҳои дар аэрозоли никотин мавҷудбуда, ки аз ҷониби истеъмолкунанда нафас кашида мешаванд;
- сӯзиш – раванди оксидкунандаю барқароркунандаи физикию кимиёвӣ, ки ба ҳосилшавии гармӣ ва маҳсулоти сӯзиш оварда расонда,  дар рафти он модда бо оксиген ба аксуламал (реаксия) медарояд;
- истеҳсолкунанда – шахси ҳуқуқӣ ё  воқеие, ки ҳамчун субъекти соҳибкорӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва аз номи худ истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти никотиндорро анҷом медиҳад;
- маснуоти дорои тамокуи гармшаванда – навъи маҳсулоти никотиндор дар шакли ҳиссаи алоҳида, масалан, чӯбча, картриҷи таркибаш аз тамокуи гармшавандаи (омезиши тамоку) бо усули саноатӣ пуршуда иборат, ки барои бо роҳи нафаскашии аэрозоли никотиндоре, ки дар рафти гармкунӣ ҳангоми истифодаи системаи гармкунии тамоку бидуни сӯзиш ва ташаккули дуди тамоку ба вуҷуд меояд, пешбинӣ  шудааст;
- ҷузъҳо (ингридиент) – моддае (ба истиснои барги тамоку ва  қисмҳои дигари тамоку, аз ҷумла, он тамокуе, ки бо усули саноатӣ ва ё бо тарзи дигар коркард  шудааст, инчунин, никотин, аз ҷумла намакҳои никотин ва ҳосилаҳои дигар), ки дар рафти истеҳсоли пуркунандаи маҳсулоти никотиндор истифода карда мешавад ва дар маҳсулоти омодошудаи никотиндор, аз ҷумла дар шакли тағйирёфта мавҷуд мебошанд;
- картриҷ (капсула) – ҷузъи системаи интиқоли никотин, ки бо тарзи саноатӣ аз ҷониби пуркунанда ё пуркунандаҳо пур карда шудааст ва барои ташаккули аэрозол ва нафаскашии он аз ҷониби истеъмолкунанда ҳангоми истифодабарии дастгоҳи истеъмоли маҳсулоти никотиндор пешбинӣ шудааст ва метавонад ба дастгоҳи истеъмоли маҳсулоти никотиндор насб карда шавад;
- пуркунанда - унсури асосии маҳсулоти никотиндор (аз ҷумла омезиши тамоку, омезишҳои моеи никотиндор ва ғайриникотинӣ, гел, хока, омезиши ғайритамоку ва ғайра);
- номгӯйи маҳсулоти никотиндор – номгӯй маҳсулоти никотиндор бо хусусиятҳои истеъмолӣ, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда муқаррар карда шудааст ва барои фарқ кардани як маҳсулоти никотиндор аз маҳсулоти дигар имкон медиҳад;
- никотин – моддаи кимиёвии дорои формулаи 3 (1-метил, 2-пирролидин);
- моеи никотиндор – навъи маҳсулоти никотиндор дар шакли моеъ, ки аз моеи никотиндор иборат буда, ба зарфҳои (катриҷҳо, зарфҳои захиравӣ, контейнерҳо ва ғайра) дорои никотин ё намакҳои никотин дар ҳаҷми на камтар аз 0,1 мг/мл моеъ ҷойгир шудааст ва барои бо роҳи нафаскашии аэрозоли дар рафти истифодаи системаи электронии таҳвили никотин ҳосилшаванда пешбинӣ шудааст; 
- маснуоти никотиндор – маҳсулоте, ки барои нафаскашии аэрозоли бо роҳи истифодаи дастгоҳ (маснуоти дорои тамокуи гармшаванда, моеи никотиндор) ҳосилшаванда пешбинӣ шудааст. Барои иҷрои мақсадҳои Регламенти техникии мазкур зери мафҳуми  маҳсулоти никотиндор, аз ҷумла, моеъҳои никотиндор ва ғайриникотинӣ, инчунин, маснуоти дорои тамокуи гармшаванда дар назар дошта мешаванд:
- маҳсулоти никотиндор – маҳсулоти никотиндор, ки дар борпечи истеъмолӣ бастабандӣ карда шудааст;
- омехтаи никотиндор – воситаи таъминкунандаи моеи никотиндор, ки дорои никотин ё намаки никотин дар ҳаҷми на камтар аз 0,1 мг/мл мебошад ва бо иловаҳо ё бидуни иловаҳо истифода карда мешавад;
- борпечи истеъмолӣ – воҳиди ҳадди ақали борпеч (баста), ки бевосита бо маснуоти никотиндор ҳамҳудуд мебошад ва барои фурӯши маҳсулот ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ пешбинӣ шудааст;
- системаи таҳвили никотин – маҷмуи маснуоти никотиндор ва дастгоҳ, ки мувофиқи иттилои истеҳсолкунанда бояд дар якҷоягӣ истифода карда шаванд;
- муҳлати эътибор – муҳлате, ки пас аз анҷоми он маҳсулоти никотиндор (пуркунандаи ғайриникотинӣ) ғайри қобили истифода ҳисобида мешавад;
- муҳлати нигоҳдорӣ – муҳлате, ки дар давоми он маҳсулоти никотиндор дар сурати риояи шартҳои нигоҳдории аз ҷониби истеҳсолкунанда муқаррарнамуда сифат ва хусусиятҳои хоси худро маҳфуз медорад.  Ба итмом расидани муҳлати нигоҳдорӣ маъно надорад, ки маҳсулот барои истеъмол ва истифода мувофиқ намебошад;
- тамоку – растании ҷинси Nicotiana оилаи намудҳои авранҷи Nicotiana Tabacum ва Nicotiana Rustica ё қисмҳои он, ки аз коркарди пас аз ҷамъоварӣ ё саноатӣ  гузаштаанд, аз ҷумла тамокуи васеъшуда ё барқароршуда;
- тамокуи гармшаванда (омезиши тамоку) – зарфи маснуоти дорои тамокуи гармшаванда, ки аз тамокуи аз коркарди саноатӣ ва (ё) навъи дигари коркард гузашташуда иборат мебошад  (бо истифодаи иловаҳо ё бидуни иловаҳо);
- омехтаи тамоку барои гармкунӣ – навъи маҳсулоти никотиндор, ки  аз омезиши тамоку бо иловаи никотин ё бидуни он иборат буда, барои ташаккули аэрозоле  пешбинӣ шудааст, ки аз гармшавии мустақим, ё ғайримустақим (бидуни сӯзиш) ҳосил гардида,  истеъмолкунанда онро  ҳангоми истифодабарии дастгоҳи истеъмоли маҳсулоти никотиндор бо роҳи нафаскашӣ истеъмол мекунад;
- дуди тамоку – моддаи муаллақи зарраҳои сахт ва моеъ, инчунин, газҳо, ки ҳангоми сӯзиши тамоку бо дар назар доштани ҳаҷми ҳавоии муҳити атроф ба вуҷуд меояд;
- дастгоҳ – таҷҳизот, ки бо маҳсулоти никотиндор истифода мешавад ва ҳосилшавии аэрозолро (система барои гармкунии тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотин, системаҳои электронии таҳвили маҳсулоти ғайриникотинӣ ва навъҳои дигар) бидуни сӯзиши омехтаи никотиндор, тамокуи гармшаванда (омезиши тамоку) ё зарфи ғайриникотиндор таъмин менамояд. Вобаста ба сохт дастгоҳҳо метавонанд барои истифодаи яккарата ё бисёркарата пешбинӣ шуда бошанд.
3. ҲАММОНАНДСОЗИИ МАҲСУЛОТИ НИКОТИНДОР
6. Бо мақсади марбут донистани маҳсулоти никотиндор ба соҳаи татбиқи Регламенти техникии мазкур  мушаххаскунӣ тавассути усули босиравӣ бидуни гузаронидани тадқиқот (озмоишҳо) аз рӯйи аломатҳои мушаххаскунандаи зерин анҷом дода мешавад: 
1) аз рӯйи номгӯй барои маҳсулоти никотиндор: 
- бо роҳи муқоиса кардани номгӯйи «маҳсулоти никотиндор» ва (ё) навъи маҳсулоти никотиндор бо номгузорие, ки дар борпечи истеъмолӣ ё ҳуҷҷатҳои марбут ба маҳсулоти зикршуда оварда шудаанд;
2) аз рӯйи таркиби ҷузъӣ: 
- барои маснуоти дорои тамокуи гармшаванда: тариқи санҷиши мавҷудияти маълумот оид ба тамокуи гармшаванда (омезиши тамоку) дар борпечи истеъмолӣ ё ҳуҷҷатҳои марбут ба маҳсулоти зикршуда;
- барои моеъҳои никотиндор: тариқи санҷиши мавҷудияти маълумот оид ба будани никотин дар омехтаи никотиндор, инчунин, маълумот оид ба вазни холис ё ҳаҷми неттои омехтаи никотиндор (вобаста аз шакл) дар борпечи истеъмолӣ, ё ҳуҷҷатҳои марбут ба маҳсулоти зикршуда;
3) аз рӯйи усули истифодабарӣ:
- тариқи санҷиши мавҷудияти маълумот дар борпечи истеъмолӣ ё дар эзоҳи нишондоди асбоби истеъмоли маҳсулоти никотиндор (намуд, тамға, шакл), ки бояд тибқи он маҳсулоти никотиндор истифода шавад ва ё усули истеъмоли маҳсулоти никотиндор, агар истеъмоли он истифодаи асбоби истеъмоли маҳсулоти никотиндорро дар назар надошта бошад. Таснифи дастгоҳҳо барои истеъмоли маҳсулоти дорои никотин дар замимаи 5 Регламенти техникии мазкур оварда шудааст.
7. Ҳаммонандкунии  маҳсулоти никотиндор метавонад бо усули истифодаи воситаҳои дастгоҳӣ аз рӯйи аломатҳои мушаххасии зерин анҷом дода шавад:
- мавҷудияти никотин дар аэрозоли никотиндори маҳсулоти дорои тамокуи гармшаванда мутобиқи банди 11 Регламенти техникии мазкур. Мавҷудияти никотин дар зарфҳои ғайриникотинӣ ва моеъҳои дорои никотин бо усули ченкунии ҳаҷми никотин дар моддаҳои моеъ муайян карда мешавад, ки он дар банди 4 рӯйхати ҳуҷҷатҳо доир ба стандартизатсия муқаррар гардидааст, банди мазкур қоидаву усулҳои тадқиқот (озмоиш), андозагирӣ, аз ҷумла қоидаҳои гирифтани намунаҳоро дар бар кардааст, ки барои истифода ва иҷрои «Талабот ба маҳсулоти никотиндор», ҳамчунин, баҳогузорӣ ба мутобиқати объектҳои танзими техникӣ, ки бо замимаи 1 Регламенти техникии мазкур пешбинӣ шудаанд, заруранд; 
- мавҷуд набудани сӯзиш ҳангоми истифодаи маснуоти дорои тамокуи гармшаванда (омезиши тамоку) мутобиқи банди 13 Регламенти техникии мазкур;
- мавҷуд набудани раванди сӯзиш тавассути таркиби монооксиди карбон (CO) ва оксидҳои нитроген (NO, NOx) дар аэрозол тасдиқ карда мешавад, ки набояд аз арзишҳои ҳадди иҷозатдодашудаи моддаҳои ихроҷшудаи дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур овардашуда ба 100 см3 аэрозол зиёд бошад. 
8. Як ё якчанд намуди ҳуҷҷатҳои зерин метавонанд ҳамчун ҳуҷҷатҳо барои ҳаммонандкунии маҳсулоти никотиндор истифода шаванд, аз ҷумла: дастурамал, ёддошт (варақаи ёддоштӣ), ҳуҷҷати меъёрии техникӣ, варақаи иттилоотӣ, шартнома, ҳуҷҷатҳои борхатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мувофиқати мол ё ҳуҷҷатҳои дигар, ки аз ҷониби воридкунанда ва ё истеҳсолкунанда пешниҳод карда мешаванд. 
4. ҚОИДАҲОИ МУОМИЛОТИ МАҲСУЛОТИ НИКОТИНДОР ДАР БОЗОР
9. Маҳсулоти никотиндор дар ҳолати мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии мазкур дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, дар ин сурат воридкунанда, истеҳсолкунанда ва фурӯшанда бояд талаботи зеринро риоя кунанд:
- таъмини мутобиқати маҳсулоти никотиндор ба талаботи Регламенти техникии мазкур;
- дар ҳуҷҷатҳои ба маҳсулот ҳамроҳшаванда маълумоти заруриро оид ба сертификати мутобиқат нишон диҳанд; 
- ҳуҷҷатҳои ба маҳсулот ҳамроҳшавандаро пешниҳод намоянд; 
- ба шахсони манфиатдор (вобаста ба талаботи онҳо), аз ҷумла дар рафти амалиёти гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати маҳсулоти никотиндорро ба талаботи Регламенти техникии мазкур (сертификати мутобиқат ё нусхаи он) пешниҳод намоянд; 
- ба истеҳсол ва фурӯш набаровардани маҳсулоти никотиндоре, ки аз баҳодиҳӣ (тасдиқ)-и мутобиқат нагузаштааст ва ё ба талаботи Регламенти техникии мазкур мутобиқат намекунад;
- ба фурӯш баровардани маҳсулоти никотиндоре, ки сертификати мутобиқат надорад, бо забони давлатӣ тамғагузорӣ нашудааст ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ надорад, манъ аст.
10. Маҳсулоти никотиндоре, ки дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, бояд ҳатман тибқи талаботи Регламенти техникии мазкур аз тасдиқи мутобиқат гузарад.
5. ТАЛАБОТ БА МАҲСУЛОТИ НИКОТИНДОР
11. Мавҷудияти никотин дар аэрозоли никотиндор бо усули хроматографияи газӣ ва мутобиқи ҳуҷҷатҳои стандартизатсия, ки дар Регламенти техникии мазкур оварда шудаанд, дар мг ба 100 см3 аэрозоли никотиндор муайян карда мешавад.
12. Таркиби моддаҳои ихроҷшаванда дар 100 см3 аэрозоли никотиндор, ки ҳангоми мавриди истифода қарор гирифтани маснуоти никотиндор ҳосил мегардад,  набояд аз ҳаҷми иҷозат додашудаи моддаҳои ихроҷшаванда ба 100 см3 аэрозол тибқи замимаи 2 Регламенти техникии мазкур зиёд бошад.
13. Мавҷуд набудани раванди сӯзиши омехтаи никотиндор ва тамокуи гармшаванда (омехтаи тамоку) бо мавҷудияти монооксиди карбон (CO) ва оксидҳои нитроген (NO, NOx) дар аэрозоли никотиндор тасдиқ карда мешавад ва онҳо набояд аз нишондиҳандаҳои  дар  замимаи 2 Регламенти техникии мазкур овардашуда ба 100 см3 аэрозол зиёд бошад.
14. Нишондиҳандаи фаъолнокии об барои маснуоти дорои тамокуи гармшаванда набояд аз 0,7 Aw зиёд бошад.
15. Муҳлати нигоҳдорӣ ва эътибор ё набудани чунин муҳлат аз ҷониби истеҳсолкунанда муқаррар карда мешавад.
16. Дар рафти истеҳсоли маҳсулоти никотиндор ба сифати ингредиентҳо истифода кардани моддаҳое, ки гардиши онҳо мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалӣ ва моддаҳои дар замимаи 3 ба Регламенти техникии мазкур овардашуда манъ карда шудааст, роҳ дода намешавад. 
17. Вазни холиси тамокуи гармшаванда (омезиши тамоку) ва вазни холис ё ҳаҷми холиси омехтаи никотиндор (вобаста аз шакл) барои ҳар як борпечи истеъмолӣ ҳисоб карда шуда, то ба нишондиҳандаи даҳӣ (грамм ё миллилитр) саҳеҳ нишон дода мешавад. Дур рафтан аз вазни холиси воқеӣ ё ҳаҷми холиси омехтаи никотиндор (вобаста ба шакл) аз вазн, ё ҳаҷми номиналӣ, ки дар борпечи истеъмолӣ нишон шудааст, то ба 10 фоиз иҷозат дода мешавад.
18. Дар истеҳсоли маҳсулоти никотиндор метавонанд глитсерини муқаттар бо софии на камтар аз 95 фоиз ва никотин (намаки никотин) бо софии на камтар аз 95 фоиз истифода карда шаванд. Софии моддаҳои истифодашуда аз ҷониби истеҳсолкунанда тасдиқ карда мешавад.
19. Таркиби никотин дар моеи никотиндор набояд аз 20 мг/мл зиёд бошад.
20. Таркиби никотин дар зарфҳо ва маҳсулоти дигари никотиндор набояд аз 3,5 фоиз вазн ё 35 мг/г зиёд бошад.
21. Ҳаҷми омехтаи моеъ дар картриҷ набояд аз 2 мл зиёд бошад.
22. Ҳаҷми омехтаи моеъ дар контейнер набояд аз 10 мл зиёд бошад. 
6. ТАЛАБОТ БА ТАҶҲИЗОТ
23. Тамоми ҷузъҳои таркибии таҷҳизот ҳангоми бо маҳсулоти никотиндор истифода шуданашон набояд ба аэрозол моддаҳое ихроҷ кунанд, ки боиси заҳролудшавӣ шуда метавонанд. Набудани заҳролудшавие, ки дар натиҷаи истихроҷи моддаҳо аз ҷузъҳои таркибии таҷҳизот ҳосил мешавад, аз ҷониби истеҳсолкунанда дар асоси озмоишҳои гузаронидаи худаш тасдиқ карда мешавад.
24. Истеҳсолкунандаи таҷҳизот бояд ҳар як мудел ва тамсилаи таҷҳизотро бо шиносномаи техникӣ таъмин намояд. Дар шиносномаи техникӣ бояд дар бораи роҳҳои ба тамос баромадан бо истеҳсолкунанда ва дастурамали истифодабарии таҷҳизот (раҳнамои корбар) дарҷ гардида бошад. 
25. Шиносномаи техникии таҷҳизоти мудел ва тамсилаи марбута аз тарафи истеҳсолкунанда на камтар аз 10 сол пас аз анҷоми фурӯши дастгоҳ дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз дошта мешавад.
7. ТАЛАБОТ НИСБАТИ РАВАНДҲОИ ИСТЕҲСОЛ, НИГОҲДОРӢ, ТАҲВИЛ, ФУРӮШ ВА ИСТИФОДАБАРӢ
26. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти никотиндор бояд низоми идоракунии сифатро, ки ба талаботи ISO 9001 мувофиқат мекунад, ҷорӣ намуда, дар ин бора сертификат дошта бошад. Равандҳои истеҳсолии истеҳсолкунанда, таснифоти маҳсулот, протоколҳои санҷишӣ ва равандҳои қабул ва назорати ҳар дастаи маҳсулот бояд ҳуҷҷатгузорӣ карда шаванд, инчунин, истеҳсолкунанда бояд мавҷудияти раванди даврии назорати дохилиро таъмин намояд.
27. Маҳсулоти никотиндор (зарфи ғайриникотинӣ) метавонад тавассути ҳамаи намудҳои воситаҳои нақлиёт ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шавад. Воситаҳои нақлиёт бояд пӯшида, хушк, тоза ва бидуни бӯйи бегона бошанд.
28. Анбори нигоҳдории маҳсулоти никотиндор бояд хушк, тоза ва бидуни бӯйи бегона бошад.
29. Маҳсулоти никотиндор бояд дар ҷойи хушк нигоҳ дошта шавад. Истеҳсолкунанда ҳуқуқ дорад, ки шароити иловагии нигоҳдорӣ ва таҳвил, инчунин, муҳлати нигоҳдории маҳсулоти никотиндорро муқаррар намояд.
30. Истеҳсолкунанда уҳдадор аст, ки муҳлати эътибори маҳсулоти никотиндорро муқаррар намояд, ба шарте ки, агар чунин маҳсулот муҳлати эътибор дошта бошад ва пас аз ба итмом расидани чунин муҳлат маҳсулоти никотиндор барои истифодабарӣ номувофиқ ҳисобида мешавад. Маълумот оид ба муҳлати эътибори маҳсулоти никотиндор ба борпечи истеъмолӣ мутобиқи талаботи банди 8 Регламенти техникии мазкур насб карда мешавад.
31. Истифодабарии маҳсулот ва (ё) таҷҳизотҳои никотиндор мутобиқи дастурамали истифодабарӣ (дастурамали корбар) анҷом дода мешавад. Маълумот оид ба тартиби истифодабарии маҳсулоти никотиндор ва (ё) таҷҳизот аз рӯйи таъинот ба таваҷҷуҳи истеъмолкунандагон аз ҷониби фурӯшанда бо ҳаргуна усулҳо расонида мешавад. 
32. Ҳангоми фурӯши маҳсулот ва (ё) таҷҳизоти никотиндор фурӯшанда ба истеъмолкунанда дар бораи маҳсулот маълумоти боэътимод ва саҳеҳ пешниҳод мекунад, аз ҷумла:
- номи таҷҳизот, ки  барои истифодабарии маҳсулоти никотиндор пешбинӣ шудааст;
- тибқи дархости истеъмолкунанда фурӯшанда ӯро бо дастгоҳ, ки дар ҳолати насбшуда ва коршоям қарор дорад, шинос карда, тарзи истифодабарии маҳсулоти никотинӣ ва (ё) дастгоҳҳоро нишон медиҳад.
8. ҚОИДАҲОИ ТАҲИЯ ВА ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ ОИД БА ТАРКИБИ МАҲСУЛОТИ НИКОТИНДОР
33. Истеҳсолкунанда, шахси ваколатдори истеҳсолкунанда ё шахси воридкунандаи маҳсулоти никотиндори дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхташаванда вазифадор карда мешаванд, ки ҳар сол на дертар аз рӯзи охирини семоҳаи якуми баъди соли тақвимии ҳисоботии меомада ба мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ ҳисобот пешниҳод кунанд. Ҳисобот бояд мутобиқи муқаррароти замимаи 4 Регламенти техникии мазкур таҳия гардида, маълумотро оид ба таркиби маҳсулоти никотиндор, аз ҷумла тозагии моддаҳое, ки дар банди 18 оварда шудаанду дар давоми соли ҳисоботӣ фурӯхта шудаанд, дар бар гирифта бошад. 
34. Дар ҳисобот бояд рӯйхати номҳои ҷузъҳо ва ҳиссаи вазн аз рӯйи ҳар номи маҳсулоти никотиндор нишон дода шавад. 
35. Агар истеҳсолкунанда, шахси ваколатдори истеҳсолкунанда ё шахси воридкунанда нисбати ингредиентҳо тадқиқотҳои токсикологӣ анҷом дода бошанд ва ё чунин тадқиқот аз рӯйи фармоиши онҳо анҷом дода шуда бошад, истеҳсолкунанда ва (ё) шахси воридкунанда вазифадоранд дар ин бора дар ҳисобот маълумот оваранд ва дар муддати сӣ рӯз баъди гирифтани дархост дар бораи натиҷаи ин тадқиқот ба мақомоти марбутаи соҳаи тандурустӣ бо тасвири усулҳои истифодашудаи иҷро, роҳу усулҳои ченкунӣ ва навъи воситаҳои ченкунӣ иттилоъ пешниҳод кунанд. 
9. ТАЛАБОТ БА БОРПЕЧ ВА ТАМҒАГУЗОРӢ
36. Дар борпеч (баста)-и истеъмолии маҳсулоти никотиндор бояд маълумоти зерин насб карда шавад:
- барои маҳсулоти никотиндор, номгӯйи «маҳсулоти никотиндор» ва (ё) номгӯи навъи маҳсулоти никотиндор;   
- номи дастгоҳе, ки тавассути он истифодабарии маҳсулоти никотиндори мазкур пешбинӣ карда шудааст, дар сурате ки, агар маҳсулоти никотиндор ба дастгоҳи мувофиқ пайваст набошад;
- санаи истеҳсол, инчунин, муҳлати эътибор ва (ё) шартҳои нигоҳдорӣ, дар сурате ки, агар чунин муҳлат ва (ё) шароити нигоҳдорӣ аз ҷониби истеҳсолкунанда муайян карда шуда бошад;
- навиштаҷоти «Фурӯш ба шахсони то 18-сола манъ аст»;
- навиштаҷоти «Дорои заҳрҳои системавӣ, моддаҳои кансерогенӣ ва мутагенӣ мебошад»;
- барои маҳсулоти никотиндор мутобиқи банди 17 Регламенти техникии мазкур вазни холиси тамокуи гармшаванда (омехтаи тамоку) ва вазни холис ё ҳаҷми холиси омехтаи никотиндор (вобаста ба шакл);
- навиштаҷоти «Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда шудааст». 
37. Дар борпечи истеъмолӣ (варақаи маълумотӣ)-и маҳсулоти никотиндор сабт кардани ҳаҷми миқдории моддаҳои қатрон, никотин ва монооксиди карбон дар таркиби аэрозоли никотиндор иҷозат дода намешавад.
38. Ба борпечи истеъмолии маснуоти дорои тамокуи гармшаванда навиштаҷоти огоҳкунанда оид ба зарари истеъмоли маҳсулоти никотиндор дар шакли «Ин маҳсулот ба саломатии шумо зараровар аст ва боиси вобастагӣ мегардонад» насб карда мешавад. Навиштаҷот бо ранги сиёҳ, ҳуруфоти ғафс, тариқи равшану хоно дар заминаи рангаш сафед сабт мегардад. Маълумоте, ки дар банди мазкур оварда шудааст, дар чаҳорчӯбаи сиёҳ, ки ғафсии он бояд на камтар аз 1 мм бошад, ҷойгир карда мешавад. Масоҳате, ки бо чаҳорчӯба маҳдуд мешавад, аз ҷумла масоҳати худи чорчӯба, бояд дар тарафи асосии пеши борпечи истеъмолӣ ҷойгир шавад ва ҳадди ақал 20 фоиз масоҳати тарафи пеши онро ишғол кунад. 
39. Ба борпечи истеъмолии дастгоҳҳо навиштаҷоти зерин насб карда мешавад: «Фурӯш ба шахсони то 18-сола манъ аст».
40. Маълумоте, ки дар борпечи истеъмолии  маҳсулоти никотиндор, таҷҳизот ва (ё) дастурамал, ёддошт (варақаи маълумотӣ) оварда мешавад, бояд саҳеҳ бошад ва истеъмолкунандагонро ба иштибоҳ наандозад. Дар борпечи истеъмолии маҳсулоти никотиндор, таҷҳизот ва (ё) дастурамал, ёддошт овардани маълумоти иловагӣ дар бораи маҳсулоти никотиндори мазкур, ки дар бандҳои 36-38 Регламенти техникии мазкур қайд нашудаанд, роҳ дода мешавад.   
41. Ба борпечи маҳсулоти никотиндор ва (ё) дастурамал, ёддошт гузоштани маълумоти марбут ба аэрозол, ки дар натиҷаи истифодабарии маҳсулоти никотиндори мазкур ба вуҷуд меояд ва дар таркиби чунин аэрозол моддаҳои ихроҷшуда нисбати дуди тамоку камтар мебошанд, иҷозат дода мешавад. 
42. Маълумоте, ки дар борпечи истеъмолии маҳсулоти никотиндор ва (ё) дастурамал, ёддошти ба ин маҳсулот замимашуда оварда мешавад, бояд маъниҳои зеринро ифода накунад:  
- изҳорот оид ба хосиятҳои шифобахшии маҳсулоти никотиндор; 
- дар шуури истеъмолкунанда ташаккул додани фикре, ки гӯё истеъмоли маҳсулоти мазкури никотиндор нисбати истеъмоли навъи дигари маҳсулоти никотиндор камтар зарар дорад.
43. Маълумоте, ки дар борпечи истеъмолии маҳсулоти никотиндор ва (ё) дастурамал, ёддошти ба ин маҳсулот замимашуда оварда мешавад, бояд бо ҳарфу рамзҳои аниқ, хоно, покнашаванда ва ба омилҳои иқлимӣ устувор дарҷ гардад.
44. Дар борпечи истеъмолии маҳсулоти никотиндор ва (ё) дастурамал, ёддошти ба ин маҳсулот замимашуда овардани нуқтаҳои зерин роҳ дода намешавад:  
-  номгузориҳо, тамғаҳои молӣ ва маълумоти дигар оид ба дастгоҳҳое, ки бо мақсади баҳогузорӣ ба системаи таҳвили никотин дар масъалаи мувофиқат ба талаботи Регламенти техникии мазкур истифода нашуданд;
- номгузориҳо, тамғаҳои молӣ ва маълумоти дигар оид ба дастгоҳҳо, ки ҳангоми истифодаи онҳо дар раванди арзёбии системаи таҳвили никотин номутобиқатии маҳсулоти никотиндор, аэрозоли никотиндор ва (ё) дар маҷмуъ, номутобиқатии системаи таҳвили никотин бо талаботи Регламенти техникии мазкур ошкор карда шудаанд;
- маҳсулоти никотиндори мазкур метавонад бо ҳама гуна ё тамоми дастгоҳҳо истифода карда шавад, ё пешбинӣ шудааст.
45. Мавод ё усули ҷойгузории маълумот ба борпечи истеъмолӣ, ё ёддошти ба он замимашуда бояд ҳифозати маълумоти мазкурро ҳангоми интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти никотиндор таъмин намоянд.
46. Маълумот ба борпечи истеъмолӣ ё ёддошти ба он замимашуда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дарҷ карда мешавад ва метавонад бо забонҳои дигар такрор гардад. Матне, ки ба тамғаи молии бақайдгирифташуда ё намунаи саноатӣ дохил карда шудааст, бо забони бақайдгирӣ сабт мешавад.
10. ТАЛАБОТ НИСБАТИ ҶОЙҲОЕ, КИ БАРОИ ИСТЕЪМОЛИ МАҲСУЛОТИ НИКОТИНДОР ПЕШБИНӢ КАРДА ШУДААНД
47. Ҷойҳои махсусе, ки барои истеъмоли маҳсулоти никотиндор пешбинӣ шудаанд, дар ҳуҷраҳои алоҳидаи дардор ё бо таҷҳизоти ба он монанд муҷаҳҳазшуда муқаррар карда мешаванд. Ҷойҳое, ки махсус барои истеъмоли маҳсулоти никотиндор пешбинӣ шудаанд, метавонанд дар кабинаҳо ҷойгир карда шаванд.
48. Аз тарафи беруни ҷойҳои махсуси барои истеъмоли маҳсулоти никотиндор ҷудошуда навиштаҷоти «Ҷой барои истеъмоли маҳсулоти никотиндор» насб карда мешавад ва он бояд ба нишонаҳои визуалӣ нисбат ба ҷойҳои махсуси истеъмоли маҳсулоти никотиндор, ки бо замимаи 4 ба Регламенти техникии мазкур пешбинӣ карда шудаанд, мувофиқат кунад.
49. Ҷойҳои махсус, ки барои истеъмоли маҳсулоти никотинидор пешбинӣ карда шудаанд, ба таври зерин муҷаҳҳаз карда мешаванд:
- дар ҳуҷраи пӯшидаи дорои системаи ҳавокашии механикӣ, ки хориҷкунии аэрозолро таъмин намуда, воридшавии аэрозолро ба ҳуҷраҳои ҳамҳудуд пешгирӣ мекунад;
- барои ҷамъоварии партовҳо бояд қуттиҳо дошта бошанд. 
50. Ҷойҳои махсуси барои истеъмоли маҳсулоти никотиндор ҷудокардашуда  ҳамарӯза бо истифода аз  маводи шустушӯ ва тамйизкунанда тоза карда мешаванд. Қуттиҳои партов ҳар рӯз холӣ карда шуда, бо истифода аз маводи шустушӯ ва тамйизгардонӣ шуста мешаванд.
51. Бо мақсади пешгирӣ кардани таъсири ғайрифаъоли аэрозоли никотиндор ба атроф ҷойҳое, ки махсус барои истеъмоли маҳсулоти никотиндор пешбинӣ шудаанд, аз макон ва иншооти санитариву маишӣ ҷудо ҷойгир кунонида мешаванд.
52. Дар ҷойҳое, ки махсус барои  истеъмоли  маҳсулоти никотиндор пешбинӣ шудаанд, маводи иттилоотӣ доир ба хатар ва зарари истеъмоли маҳсулоти никотиндор пешниҳод карда мешаванд.
11. ТАЪМИНИ МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТИ НИКОТИНДОР БА ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ МАЗКУР
53. Мутобиқати маҳсулоти никотиндор ба Регламенти техникии мазкур бо иҷрои бевоситаи он таъмин карда мешавад.
54. Усулҳои ташхис (озмоишҳо) ва ченкунии маҳсулоти никотиндор дар ҳуҷҷатҳои марбут ба стандартизатсия мутобиқи номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки дорои қоидаҳо ва усулҳои ташхис (озмоишҳо) ва ченкунӣ мебошанд, аз ҷумла қоидаҳои интихоби намунаҳое, ки барои татбиқ ва иҷрои талаботи Регламенти техникии «Талабот ба маҳсулоти никотиндор» ва амалӣ намудани арзёбии мутобиқати объектҳои танзими техникӣ мутобиқи замимаи 1 ба Регламенти техникии мазкур заруранд, муқаррар карда мешаванд.
12. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ  РИОЯИ ТАЛАБОТИ
 РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ МАЗКУР
55. Назорат (санҷиш)-и давлатии риояи талаботи Регламенти техникии мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
13. ТАСДИҚИ МУТОБИҚАТ
56. Маҳсулоти никотиндор, пеш аз он ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шавад, бояд тибқи қонунгузории  соҳаи батанзимдарории техникӣ бо роҳи гирифтани сертификати мутобиқат ё таъйиднома аз тасдиқи мутобиқат гузаронда шавад. 
57. Ташхиси маҳсулоти никотиндор дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшуда, ки ба доираи аккредитатсияи онҳо дохил аст, гузаронда мешаванд.
58. Тасдиқи мутобиқати маҳсулоти никотиндор аз тарафи мақоми сертификатсионӣ дар доираи аккредитатсияи онҳо, тибқи тартиби муқарраргардида ва талаботи Регламенти техникии мазкур гузаронда мешавад.  
14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
59. Истеҳсол ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани маҳсулоте, ки талабот нисбат ба он дар Регламенти техникии мазкур пешбинӣ шудааст, бе риояи талаботи Регламенти техникии мазкур дар давоми 24 моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур иҷозат дода мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2023    №: 17    Мутолиа карданд: 699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед