logo

иҷтимоиёт

АЛОҚА. РУШДИ СОҲА АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ БУД

 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таҷассумгари дастовардҳои дар тули соҳибистиқлолӣ бадастовардаи мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик маҳсуб меёбад.  Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу хештаншиносро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, ба ин васила, саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии ин Ватани аҷдодӣ гузорад. 
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23 декабри соли 2022) бо мақсади рушди кишвар масъалаҳои зиёдро ба миён гузоштанд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки мавриди таваҷҷуҳи  Сарвари давлат қарор гирифт,  рушди иқтисоди рақамӣ ва густариши раванди рақамикунонии иқтисод ба ҳисоб меравад.  Оид ба масъалаи  мавриди назар  дар Паём Президенти кишвар чунин иброз доштанд: «Рушди соҳаи алоқа, бахусус таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани  нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад».
Ин аз он далолат мекунад, ки имрӯз дар баробари тараққии дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вақти он расидааст, ки масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт бояд ба таври ҷиддӣ амалӣ гашта, дар рушди устувори  кишвар татбиқ гардад. Алалхусус, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат аз омилҳои асосии пешрафт  арзёбӣ шуданд.  Сарвари давлат дар масъалаи истифодабарии интернет иброз доштанд, ки ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд.
Вобаста ба ин масъала, таъкид намуданд, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Дарвоқеъ, бе дастрасӣ ба интернети босуръат мо наметавонем дар радифи дигар кишварҳо рақобати солим дошта бошем.
Дар иртибот ба мушкилоти ҷойдошта, Хадамоти алоқаро вазифадор карданд, ки якҷо бо ширкатҳои соҳавӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст  кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет, дастрасии интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳо, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
Воқеан ҳам,  мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути илму донишҳои технологӣ идора мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан, омӯзиши илму дониш, хусусан илмҳои табиӣ, риёзӣ,  дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар, саводнокии компютерии ҷомеа тариқи  самаранок истифода намудани технологияҳои иттилоотӣ роҳи ягона мебошад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди низоми технологияҳои инноватсионӣ дар Паёми соли гузашта низ, зикр карда буданд, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд ва то охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ, ба роҳ монда шавад.  Дар Паёми қаблӣ Сарвари давлат супориш дода буданд, ки ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳама соҳаҳо таъмин карда шавад. 
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2023    №: 17    Мутолиа карданд: 384
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед