logo

энергетика

ЭНЕРГЕТИКА. ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавзуъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида, роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт. Масъалаи истифодаи мақсадноки захираҳои неруи барқ дар Паём махсус таъкид гардид. Талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат дар мавриди таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо неруи барқ натиҷаҳои назаррас ба бор меоваранд. 
Имрӯз тамоми корхонаву ташкилотҳо, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сокинони мамлакат бо неруи барқ таъмин мебошанд.  
Бояд гуфт, ки қариб 98 дарсади неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Яке аз хусусиятҳои Паёми навбатии Сарвари давлат таваҷҷуҳи хосса ба рушди соҳаи энергетика, махсусан дар бахши расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи оқилонаи ин сарвати миллӣ ва интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ниёзманд мебошад. Пешвои миллат аз мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи самараноки он аз таҷҳизоти каммасрафи барқӣ бештар истифода баранд. Маҳз чунин иқдоми шоиста имкон медиҳад, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ солҳои наздик муваффақ шавем. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ шудани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. 
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҶСК «Шабакаҳои барқии ноҳияи Данғара» то имрӯз корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии ШСХК «Барқи тоҷик» дар ноҳия зеристгоҳҳои барқии 220-киловаттаи Лолазор, хати барқии баландшиддати 220-киловаттаи Лолазор – Хатлон, 110-киловаттаи  "Лолазор – Корез", хатти барқии 220-киловаттаи "Сангтӯда – Лолазор" ва зеристгоҳи 110-киловаттаи "Корез" сохта, ба истифода дода шуд. Дар ноҳия 264 трансформатори иловагӣ насб ва деҳаҳои Пушинг, Паркамчӣ, Ғиҷовак, Талхоб, Кӯли Сӯфиён, Шар-Шар ва кӯчаи шаҳрак бо пояҳои оҳану бетонӣ пурра таъмин гардиданд. Деҳаи дурдасти Шибонсой, ки дар тули мавҷудияташ барқ надошт, бо барқ таъмин шуд.
Ҳамзамон, дар 21 деҳаи ноҳия ва маҳаллаҳои 6 ва 8-и шаҳраки Данғара 21 трансформатори иловагӣ насб гардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фаъолияти бонизом ва фароҳам овардани шароити созгор барои кормандони қитъавии шабакаҳои барқ дар шаҳраки Себистон ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ бинои наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.  
ҶСК «Шабакаҳои барқии ноҳияи Данғара» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ дар соли сипаришуда, ба маблағи 2 миллиону 30 ҳазор сомонӣ корҳои барқароркунӣ ва сохтмониро ба анҷом расонд. Ҳамзамон, барои паст кардани талафоти қувваи барқ ва сабукгардонии кори трансформаторҳо 8 таҷҳизоти иловагӣ дар деҳоти Пушинг, Исмат Шарифов, Сангтӯда ва Сафобахш васл карда шуд. Соли рафта, зиёда аз 120 километр хатҳои барқи гуногуншиддат ва як қатор зеристгоҳҳо бо маблағи 960 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба зимистонгузаронӣ омода гардиданд. Ҳамаи ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони соҳа тақозо мекунад, ки дар таъмини аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ масъулияти баланд зоҳир карда, вазифаҳои худро софдилона иҷро намоянд.
 
Зиёратшо МУРОДЗОДА, директори ҶСК  «Шабакаҳои барқии ноҳияи Данғара» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2023    №: 17    Мутолиа карданд: 518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед