logo

Хабарҳо

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

 
Футболбозбонувони тоҷик барои роҳхат талош мекунанд
Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 оид ба футболи бонувон, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо тимҳои Филиппин, Ҳонконг ва Покистон рақобат мекунад. 
Дар марҳилаи аввали интихобӣ 26 дастаи занона ба ҳафт гурӯҳ тақсим мешавад: панҷ гурӯҳ иборат аз чор даста ва ду гурӯҳ иборат аз се даста. Бозиҳо аз 3 то 11 апрел доир мегарданд.
Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба марҳилаи дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки дар он панҷ дастаи беҳтарини Осиё – ҶХД Корея, Ҷопон, Австралия, Чин ва Ҷумҳурии Корея ба рақобат ҳамроҳ мешаванд.
Чаҳор дастаи беҳтарини марҳилаи дуюми интихобӣ дар марҳилаи сеюм бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим шуда, ду бозигӣ анҷом дода, ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар Олимпиадаро пайдо мекунанд. 
 
 
 
СУПЕРҶОМИ ИСПАНИЯ
“Барселона” бори 14-ум ғолиб омад
Дар финали Суперҷоми Испания, ки дар варзишгоҳи «King Fahd Stadium» (Ар-Риёз, Арабистони Саудӣ) баргузор гардид, дастаи “Барселона” бар “Реал” (Мадрид) бо ҳисоби 3:1  зафар ёфт. 
Голҳоро аз ҳайати ғолибон Гави, Роберт Левандовский ва Педри заданд. Тӯби ягонаи дастаи шоҳонаро Карим Бензема ба самар расонд. 
Ҳамин тавр, «Барселона» аввалин ҷоизаи худро зери роҳбарии Хави, ки аз моҳи ноябри соли 2021 фаъолият мекунад, ба даст овард. 
Дар маҷмуъ, дастаи каталонӣ бори 14-ум барандаи Суперҷом гашт. «Реал» бошад, дар ҳисоби худ 12-то Суперҷом дорад. 
 
 
 
ТЕННИС
Ғалабаи Бенчич бар Даря дар финали WTA-500
Теннисбози россиягӣ Даря Касаткина дар финали мусобиқоти WTA-500 (Аделаида, Австралия) ба таври ҳангомавӣ аз Белинде Бенчич (Швейтсария) бо ҳисоби 2:0 (0:6, 2:6) шикаст хӯрд. 
Бино ба маълумоти сомонаи www.sports.ru, ин ҳафтумин ҷоиза дар корномаи Белинде Бенчич мебошад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9556
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед