logo

иқтисод

СУҒД. СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ, БОБАРОР БУД

Дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои он рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2022 натиҷагирӣ шуд. 
 
Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилоят, зикр намуд, ки соли 2022 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти вилоят ба 31,9 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 108,1 дарсад расонда шуд. Ҳиссаи вилоят дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 27,6 дарсад баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда дар даврони соҳибистиқлолии кишвар натиҷаи баланд маҳсуб меёбад. Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 24 миллиарду 186 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба як соли пеш бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 676 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,0 дарсадро ташкил медиҳад. 
Ҳамчунон ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, дар шароити кунунии иқтисодиёти ҷаҳон ва таҳаввулоти он таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротӣ равона гардид. Ин аст, ки соли гузашта ба миқдори 1 миллиону 295 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 890 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ, 2 ҳазору 535 тонна калоба ва 7 миллиону 824 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин тавлид ёфтааст.  
Бо иҷрои дастурҳои мушаххаси Сарвари давлат истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот ҳам дар вилоят сол ба сол тавсеа меёбад. Аз ҷумла, соли рафта 5 ҳазору 11 тонна равғани рустанӣ истеҳсол шуд, ки 122,7 дарсади нишондиҳандаи соли қаблиро ташкил медиҳад. Тавлиди маҳсулоти нонӣ ба 52 ҳазору 731 тонна ва макарон 4 ҳазору 965 тонна баробар гардид. Ҳаҷми истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ба 10,8 миллион-декалитр расида, суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 132,1 дарсадро дар бар гирифт. Дар ин радиф, боз таваҷҷуҳ ба тавлиди маводи асосии сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ зиёд гардида, суръати афзоиши онҳо, аз ҷумла лӯлаҳои металлӣ 134 дарсад, бетони сохтмонӣ 125,6, зарфҳои шишагин 109,6, лӯлаҳои асбестӣ 110, пластикӣ 115,1, профилҳои пластикӣ 157,2, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 126,3, қолаби зарфи пластикӣ 164,5 ва бозичаҳои кӯдакона 131,7 дарсад нисбат ба соли қаблӣ таъмин карда шудааст. 
Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) дар вилоят тадбирҳои судманд андешида шуданд, ки натиҷаҳо бозгӯи ин талошҳоянд. Дар ин муддат 16 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 323 ҷойи нави кор ва 3 коргоҳи пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис ёфт. Дар маҷмуъ, дар вилоят 151 корхонаи тавлидотӣ, асосан, рӯ ба содирот бо таъсиси зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нави кор ташкил ёфтааст. 
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2020, № 64 бобати сохтмони корхонаҳои коркарди маъдану консентрат низ дар вилояти Суғд корҳо идома ёфта, дар ноҳияи Айнӣ бунёди 2 корхонаи азим бо иқтидори солонаи коркарди 250 ҳазор тонна маъдан амалӣ мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар ин ҷо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Талко Голд” ва ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” оғоз гардида, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳо мутаносибан 193,6 миллион ва 984,5 миллион сомониро ташкил намудааст.  
Дар давраи ҳисоботӣ аз 859 корхонаи саноатӣ, 566 корхона ё  65,9  дарсад  нисбат  ба моҳҳои январ – декабри соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардошта, сатҳи истеҳсоли 188 корхона (21,9 дарсад) паст шудааст. Миқдори корхонаҳои бо сифр ҳисобот пешниҳоднамуда 105 адад ё 12,2 дарсадро ташкил медиҳад. Аз 248 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 истеҳсоли 139 номгӯй (56,1 дарсад) афзуда, 96 номгӯй (38,7 дарсад) кам шуд, 13 номгӯй (5,2 дарсад) истеҳсол нагардид.
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар асоси супоришҳои Пешвои миллат бобати рушди соҳаи кишоварзӣ чораҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии вилоят соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 15 миллиарду 618 миллион сомонӣ баробар гардид, ки 112 дарсади нишондиҳандаи соли қаблиро ташкил медиҳад. Дар соҳаҳои рустанипарварӣ ба маблағи 11 миллиарду 120 миллион сомонӣ, чорводорӣ 4 миллиарду 498 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ 19,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,4, 113,5 ва 100,7 дарсад таъмин гардид. 
Яке аз самтҳои муҳими татбиқи дастурҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти содироти маҳсулоти ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад, ки дар ин самт низ вилоят аз имкониятҳои мавҷудаи худ самаранок истифода бурд. Аз ҷумла, содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 1 миллиарду 86,2 миллион доллар расида, нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021-ум 1,7 баробар зиёд мебошад. Ба маблағи 38,9 миллион доллари ИМА 133 ҳазору 460 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба содирот бароварда шудааст, ки назар ба соли қаблӣ ба маблағи 13,1 миллион доллари амрикоӣ зиёд аст. Дар ин давра 53 ҳазору 387 тонна хушкмева ба маблағи 26,5 миллион ва 62 ҳазору 249 тонна пиёз ба маблағи 6,3 миллион доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 1,9 миллион доллар афзудааст. Афзоиши содироти хушкмева 9 ҳазору 845 тонна ё 10,3 миллион долларро ташкил намудааст.
Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021-ум 387,6 миллион доллар афзоиш ёфта, дар умум, 411 ҳазору 58 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 729,1 миллион доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 67,1 дарсадро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ 13,2 банди фоизӣ боло рафтааст. Нисбат ба соли 2021 ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 31 ҳазору 517 тонна афзоиш ёфта, соли 2022-юм 722 ҳазору 594 тонна семент ба маблағи 22,3 миллион доллар содирот шудааст.  
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни ҷаласаи фаъолони вилоят аз масъулони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати корҳои созандагӣ, ободкорӣ, бунёди иншооти ҳаётан муҳими иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиш бахшидани истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, татбиқи барномаҳои қабулшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳи камбудиҳо даъват ба амал овард. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2023    №: 18    Мутолиа карданд: 862
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед