logo

сиёсат

ҶАҲОН. ЭЪТИРОФИ ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ЭЪТИРОФИ МИЛЛАТ АСТ!

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Тавре ҳамагон  хуб огоҳем, бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ҷаҳонии  Тоҷикистон дар самти беҳдошти захоири обиву вазъи иқлими сайёра, ҳифзи пиряхҳо баҳри ҳалли қазияву чолишҳои мавҷуда чун ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ин падидаи нодир ҷиҳати вусъати рӯзафзуни обрӯву нуфузи кишварамон дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим бозида, ҳамзамон, дар баррасии масоили марбута ва тарҳрезии талошҳои пайваставу хастагинопазир бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда ва густариши ҳамкориҳои судманд дар арсаи байналмилалӣ пешоҳангу номвар маҳсуб меёбанд. 
Лозим ба тазаккур аст, ки дар муддати чанд соли охир, воқеан ҳам, тағйироти ҷиддии иқлим ба назар расида, дар натиҷаи гармшавии ҳаво обшавии пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии захираи оби ошомиданӣ ба шумор мераванд, бештар дида мешавад. Агар ҳолати мазкурро феълан ба инобат нагиранд, пас ин падидаи номатлуб дар ояндаи наздик метавонад фалокатҳои ногувори иҷтимоиву хисороти зиёди иқтисодиро ба вуҷуд биёрад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муносиби раванди мазкур пайваста масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ  ба муҳокимаи умум гузошта, аз оқибати харобиовари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мудом ҳушдор медиҳанд. Ҳамин  гуна таъкидҳо ва дархостҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат боис бар он гаштанд, ки ниҳоятан ҷомеаи демократию байналмилалӣ сари масъалаи мазкур тамаркуз намуда, 14 декабри соли 2022 зимни баргузории Иҷлосияи 77-уми  Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муфид роҷеъ ба ҷонибдории ташаббуси панҷуми кишварамон – пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии  ҳифзи пиряхҳоро бо иттифоқи оро ва якдилона қабул намояд. Инчунин, дар назди Созмони Милали Муттаҳид Бунёди махсуси мақсадноки байналмилалӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ бо мақсади ҳифзи минбаъдаи пиряхҳо таъсис гардида, бар замми ин, дар ин раванд ҳамасола таҷлил намудани 21-уми март  ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян карда шуд, ки вобаста ба ин пешниҳоди муфид соли 2025 дар шаҳри Душанбе як Конфронси сатҳи байналмилалӣ оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо баргузор  мегардад, ки  амалкарди мазкур бори дигар пойтахти мамлакатро ба маркази муҳими тасмимгирӣ баҳри масъалаҳои бақои сайёра мубаддал хоҳад гардонд. 
Лозим ба тазаккур аст, ки қабули қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлиму муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор басо муҳим арзёбӣ кардааст.
Мувофиқи пешгӯйиҳои  коршиносони масоили омӯзиши  пиряхҳо, то солҳои 2030-2050 аз байн рафтани пиряхҳои майда, ки то 1 км2 масоҳат доранд, аз эҳтимол дур нест. Сатҳи аксар пиряхҳо пур аз кафидагиҳо ва кӯлҳо аст, ки  ин ҳолат гувоҳи костагию деградатсия маҳсуб меёбад. 
Пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон хеле кам шуда, ҳамзамон, босуръат об мешаванд. Тағйирёбии иқлим метавонад норасоии обро афзоиш диҳад ва ба экосистемаҳо, истеҳсоли ғизо ва саломатии инсон таъсири манфии худро расонад.
Бояд зикр кард, ки  тибқи иттилои  директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, профессор Абдулҳамид Қаюмов, таҳқиқоти экспедитсионӣ, саҳроӣ, моҳворагӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин нишон додаанд, ки пиряхҳои кишварамон рӯз ба рӯз коҳиш меёбанд. Барои мисол, суръати коҳишёбии пиряхҳо дар болооби водии Зарафшон ва минтақаи Кофарниҳон нисбат ба дигар манотиқ баланд мебошад. 
Ба гуфтаи мавсуф, мутахассисони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” давоми моҳҳои июн ва августи соли 2022 ҷиҳати таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва ҳавзаи кӯлҳои Қарокӯл ва Искандаркӯл  то имрӯз як қатор корҳои муҳими пажӯҳишӣ ба анҷом расонданд. Дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар аксар экспедитсияҳои аз ҷониби ходимони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо баргузоршуда мутахассисони соҳавӣ аз пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи Швейтсария, иштирок доштанд.
Тавре директори Муассисаи мазкур, профессор Абдулҳамид Қаюмов зикр карданд, соли 2021 дар минтақаи баландкӯҳи Помири шарқӣ, дар пиряхи №139-и ҳавзаи Қарокӯл то чуқурии 40 см шурф канда шуда буд, аммо имсол дар қисми аккумулятсионии пирях бо сабаби бориши ками барф ва баланд шудани ҳарорати ҳаво захираи барф ниҳоят кам буда, кандани шурф ғайриимкон гардид.
Мувофиқи маълумоти метеостансияи назди пиряхи №139-и ҳавзаи Қарокӯл, ки аз ҷониби МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» насб шуда буд, ҳарорати ҳавои максималии минтақа соли 2020 14°С, соли 2021 бошад, 16°С ва соли 2022 18°С-ро ташкил менамуд. Ҳамин тариқ, ин нишондиҳандаҳо далелест, ки соли 2022 ҳарорати ҳаво дар минтақаи мазкур нисбат ба соли пешин 2°С зиёд гардида, сабаби аз ҳад зиёд об шудани барфи болои пиряхи мазкур гаштааст.
Бо назардошти  мавҷудияти чунин омилҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ барномаҳои таҳқиқоти илмӣ, тадбирҳои сиёсӣ ва техникӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим  ва ҳифзи пиряхҳо таҳия шуда, амал мекунанд. Дар ин бахш 5 пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон  марбут ба масоили об басо назаррас мебошад. Бо вуҷуди ин, саҳмгузории бештар талаб карда мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва одамон ба  масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва сайёра мудом саҳмгузор бошанд.  
 
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
сармутахассиси шуъбаи табъу нашри  раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2023    №: 18    Мутолиа карданд: 689
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед