иқтисод
ВАҲДАТ. КОРГОҲРО БАСТАНДУ 30 НАФАР БЕКОР МОНД, ЧАРО?
Рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба ин хотир, дар ҷумҳурӣ сол ба сол шумораи коргоҳ ва дуконҳои дӯзандагӣ, зарбофӣ, бофандагӣ зиёд мешаванд.
Мутаассифона, бархе аз онҳо як муддат фаъолият менамоянду баъдан бедарак мешаванд. Яке аз чунин коргоҳҳо дар шаҳри Ваҳдат аст, ки кайҳо аз фаъолият бозмонда, ба ҷои он маркази хизматрасонӣ кушодаанд. Руҷуъ мекунем ба таърихчаи боз шудан ва аз фаъолият мондани ин коргоҳ.
Мардум хуб дар ёд доранд, ки 8 октябри соли 2020 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, дар кӯчаи Сомониён бинои истиқоматии 10 - ошёнаро, ки бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида буд, ифтитоҳ намуданд. Биноро соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов бунёд кардааст.
Дар ошёнаи якуми он дар баробари нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ, ҳамчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ, ба кор оғоз кард. Техникаю таҷҳизоти он низ истеҳсоли ширкатҳои кишварҳои пешрафтаи дунё буда, барои дӯхтани босифати сарулибоси гуногун пешбинӣ шуда буд. Дар ин коргоҳ бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, дар маҷмуъ, 30 ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб муҳайё гардид. Аз тарафи Сарвари давлат супориш дода шуд, ки оянда барои вусъати коргоҳ ва афзудани ҷойҳои корӣ соҳибкорон бо ҳамкории муштараки мақомоти маҳаллӣ чораҳо андешанд.
Афсӯс, ки имрӯзҳо ин коргоҳ ва гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ба ҷои васеъ гардидан, аз байн рафт ва дар ҷойи он маркази хизматрасонӣ фаъол аст.
Абдурауф Пӯлодов, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат зикр намуд: “Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, айни замон бо сабаби набудани талабот ба маҳсулоти дӯзандагӣ, инчунин набудани як қисми дастгоҳҳо, соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки дар таҳхонаи бино васеъгардонии истеҳсолотро анҷом диҳад. Бояд гуфт, ки коргоҳи мазкур зери назорати Вазорат қарор дошта, дар фурсатҳои наздик сабаби аз фаъолият мондани онро шарҳ хоҳем дод”.
Барои тасдиқи суханони намояндаи Вазорат аз таҳхонаи бино дидан кардем, вале баръакси гуфтаҳо мушоҳида шуд, яъне аз вусъати корҳо нишоне нест.
Чанде пеш сабаби бефаъолиятии коргоҳ дар нишасти матбуотии раиси шаҳр аз тарафи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” пурсида шуд, аммо онҳо низ бо гуфтани “мо ин масъаларо ҳатман таҳлил карда мебароем” иктифо карда буданд.
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин мушкилӣ бо Беҳрӯз Гулов, мудири бахши саноат ва нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат суҳбат кардем. Ба гуфтаи ӯ, ҳалли ин масъала ба дӯши соҳибкор Абдусамад Нарзиқулов буда, худи ӯ бо сабабҳои муайян коргоҳро бастааст.
Дар ҳамин ҳол Абдусамад Нарзиқулов мегӯяд: “Сабаби азкормонии сех кам будани фармоиш ва бетаваҷҷуҳии муштариён аст. Бо вуҷуди ин, фаъолияти коргоҳро дар таҳхонаи бинои баландошёна ба роҳ монданием”.
Аммо кай, саволест бепосух. Посухи ин саволро аз роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулон интизорем.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2023 №: 18 Мутолиа карданд: 837