logo

иқтисод

ВАНҶ. МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ ҶАРАЁНИ ХУБ ДОРАД

Дар оғози  суҳбат раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода  иброз дошт, ки Соли навро мардум хуб истиқбол гирифта, таҳти таъсири хуш ва ҳидояткунандаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  қарор доранд. Ҳар  нуктаи  ин ҳуҷҷати тақдирсоз роҳи моро ба сӯйи ояндаи боз ҳам фирӯзу нусратовар   равшан месозад.
 
Соле, ки  рафт, даврае буд, ки ноҳияи Ванҷ дар раванди амалисозии барномаҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин соли фархунда дар соҳаи роҳдорӣ муваффақиятҳо беназиранд. Боиси шодмонии аҳолӣ, пеш аз ҳама, деҳнишинон аст, ки  дар деҳоти водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати нақлиёт ва шарикони рушд 10 пули нақлиётгузар  сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. 
Тайи солҳои тулонӣ мошинҳои гаронвазни «Дулан», «КамАЗ» ва «МАЗ» танҳо то деҳаҳои Мотравн ва Техарви подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон ҳаракат карда метавонистанду халос. Ҳоло бошад, баъди бунёди иншооти роҳдорӣ тамоми мошинҳои сабукраву гаронвазн то саргаҳи  ду соҳили рӯдхонаҳои Ванҷоб ва Язгуломоб, ба деҳаҳои Мурғудга, Ванван, Пои Мазор, Андарбаку Жамаг ҳаракат карда, борҳои заруриро мекашонанд ва мушкилоти деҳнишинон ба дастрасии маводи гуногун аз миён бардошта шудааст. Ҳамчунин, бо бунёди ин пулҳо қариб 3 километр роҳи миёни деҳаҳои Техарв - Удоб ва Чухох мумфарш гардид. Қитъаи роҳи аз ҳама мушкилтарини Мурғудга-Сумгад- Пои Мазор, ки фаслҳои тобистон таги мавҷҳои Ванҷоб мемонд, азнавсозӣ ва тахту ҳамвор гашт. То рустоҳои Пои Мазор ва Ванван хатти баландшиддати барқии 35-киловолта кашида шуд. 
Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва ҳиссагузории соҳибкорони маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи сокинон роҳҳои нақлиётгузари миёни деҳаҳои Пшихарв, Узбай, Жамаг, Гишхун, Одешту дигар маконҳои аҳолинишин тахту ҳамвор гардиданд. Соли гузашта ба охирин маъвои истиқоматии водии Язгулом – деҳаи Зайч бо  дастгирии Вазорати нақлиёти кишвар ва мақомоти  маҳаллӣ  роҳи  9- километра   сохта, ба истифода  дода шуд. Ба ин минтақаи аҳолинишини водии Язгулом аз шафати ин роҳи навбунёд кормандони ширкати  «Помир энерҷӣ» бо осонӣ  хатти барқ низ кашиданд. Имрӯз 54 деҳаи ҳудуди шаш деҳоти ноҳия соҳиби роҳи мошин мебошад. Дар Ванҷ  акнун  деҳае нест, ки роҳи мошингард ва хатти барқи доимӣ надошта бошад. Аз ҳама муҳимаш, ноҳияи Ванҷ ба мисли ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст  шуд.
Одинашо Мардзода иброз дошт, ки оғоз гардидани бунёди қитъаи шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Қалъаихумб - Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро мардуми Бадахшон натиҷаи беназири дастгириҳо ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат медонанд. Дар ин рӯзҳо новобаста аз хунукиҳои шадиду барфрезиҳо сохтмон дар масири 93-километраи ин қисми шоҳроҳ торафт суръати баланд мегирад. Корҳо дар бунёди нақбҳои нақлиётии  мавзеъҳои Кеврон - Ҷораф, Тоғмай - Пӯшинг ва азнавсозии  минтақаҳои роҳи Кӯчаи Рангун, Чапарако, Тӯғак, мушкилтарин қитъаи 21-километраи  ин шоҳроҳ – Даштак сар  шудаанд. 
Сокинони ноҳияи Ванҷ изҳори қаноатмандӣ ва хушҳолӣ менамоянд, ки бисёр ҷавонони соҳибкасб дар бунёди қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон дар паҳлуи коргарон ва мутахассисони  Ширкати сохтмонии «Чайна Роуд»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият доранд. Онҳое, ки дорои касби механизаторӣ мебошанд, тариқи  булдозерҳо, боркунакҳои фронталӣ, экскаватору мошинҳои «Дулан»-и худфарор кор мекунанд. Аз 2500 то  3000 сомонӣ маош  мегиранд.  
Раиси ноҳия ба дигар масъалаҳо низ дахл намуда, тазаккур дод, ки ба камборишӣ ва гарм омадани фасли тобистони соли рафта нигоҳ накарда, аҳли деҳот аз  киштзорон ва боғот ҳосили фаровони ғалладона, картошкаву сабзавот ва мева ба даст оварданд. Дар раванди саноатикунонӣ низ, як қатор корҳо ба ҷо оварда шуданд. Корхонаҳои миёна ва хурди саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар давраи аз Паёми гузашта то Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар амалисозии бомуваффақияти яке аз вазифаҳои муҳим, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар маҷмуъ, дигаргунсозии инфрасохтори деҳот низ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор корҳо ба ҷо оварда шуданд. Дар ҳудуди  деҳоти Вотхуд, Язгулом, ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Ҷовидон, Техарв ва Рованд амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳои зиёдеро масъулон пиёда гардонданд.  Зарур ба ёдоварист, ки  файзу баракати даврони истиқлол ба он мусоидат намудааст, ки  на танҳо дар маркази ноҳия,  шаҳраки Рохарв, балки дар рустоҳо низ, иншооти самти роҳдорӣ, биноҳои гуногун, маҳаллаҳои нав ва манзилҳои зисти ҳозиразамони ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд мегарданд. Далели ин гуфтаҳо заминкушоиҳо дар ҷодаҳои як вақтҳо бекорхобидаи даштҳои Сурхсангов, Язгулом, Бовуд, Бичхарв ва Вишхарвак ва ба маконҳои ободу зебо табдил додани ин масирҳо  мебошад. 
Тадбирҳои андешида, ободкориҳо ва роҳандозии ҳунарҳои  мардумӣ дар деҳот ба рушди  сайёҳӣ низ таъсири мусбат  расонданд. Аз ҳама муҳимаш, вусъати доманадори корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ ба он мусоидат менамоянд, ки садҳо ҷавонони соҳибкасб  бо ҷойи кори доимӣ  ва мавсимӣ таъмин мешаванд. Бо ҳамин васила,  сатҳи камбизоатӣ  низ, торафт коҳиш  меёбад.
Дар остонаи Соли нав  биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  ибтидоӣ дар деҳаҳои Бунай ва Дашти Язгулом  бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ мавриди истифодаи хонандагону омӯзгорон қарор гирифтанд. Дар Муассисаи таҳсилоти ибтидоии деҳаи Садвадги деҳоти Техарв  3 синфхонаи нав сохта шуд.  
Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказ ва деҳоти ноҳия 113 иншооти самтҳои гуногун ва садҳо манзилҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд. Аллакай, сохтмони иншооти ҷашнӣ – маркази хизматрасонӣ, биноҳои  шуъбаи маориф, мактаб барои ҷавонони лаёқатманд ва як кӯдакистон дар маркази ноҳия ба анҷом расида, имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. 
Дар маҷмуъ, аҳли заҳмати  ноҳияи Ванҷ нишондодҳо ва вазифаҳоеро, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, аз рӯйи оини  ҷавонмардӣ ва ватанпарастӣ ба ҷо меоранд, – бо боварӣ изҳор кард дар анҷоми мусоҳиба раиси ноҳия Одинашо Мардзода.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”, Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2023    №: 18    Мутолиа карданд: 356
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед